Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ДИЛБОХТАИ АСИЛИ ШЕЪР
Аброри Аҳрориён дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Замони хурдсолиаш оилаи онҳо бо зарурати рӯзгор аз имрӯза ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба ноҳияи Вахш кӯч бастаанд.
Аброри Аҳрориён дар давраи таҳсили мактаби миёна ба шеъру шоирӣ меҳру дилбастагӣ пайдо намуд. Ҳамчун ташнаи илму маърифат ангезае дар дили пуршӯраш барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус забони англисӣ туғён менамуд. Меҳру муҳаббат ба адабиёт буд, ки ӯ дар ҳамаи чорабиниҳои фарҳангии мактаб фаъолона иштирок мекард.
Айёми таҳсил дар факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав нахустин чакидаҳои қаламаш дар рӯзномаи “Фурӯғ” ва маҷаллаи “Мактаб” ба табъ расидаанд.
Баъди бо дипломи аъло хатм кардани донишгоҳ муддате ба касби пуршарафи омӯзгорӣ машғул шуд. Баъдтар бо зарурати зиндагию рӯзгор ба Аморати Муттаҳидаи Араб ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафт. Дар пойтахти ин кишвари арабӣ – шаҳри Абу-Дабӣ 7 сол дар як ширкати дорусозӣ кор кард.
Дури аз Ватан, волидону пайвандон ба қалбу ҷонаш бетаъсир намонд:
Зи ночорӣ бурун аз хона мебинам ғарибонро,
Кадомин лола мехоҳад Ватан кардан биёбонро...
Аброри Аҳрориён барои иҷрои рисолати шаҳрвандии худ, барои хизмати содиқона ба халқу Ватани азиз ба касби пуршарафи муаллимӣ ва қадам задан дар майдони адабиёт камар баст.
Хушбахтона, зуд комёб гардид, зеро муносибаташ ба адабиёт самимонаву ҷиддӣ аст. Воқеан ҳам дилбохтаи асили шеър аст. Бо шеърҳои пурмазмун, самимӣ ва пурмеҳру пурмуҳтаво байни ҳаводорони назм зуд маҳбубият пайдо намуд.
Тоҷикистони азизу биҳиштосо бо табиати зебою нозанин, кӯҳҳои сарбафалаккашида, боғу бӯстони пурнеъмат, чашмаҳои нуқрафому дарёҳои оби зулолаш ба шоир илҳоми тоза мебахшад.
Соли 2019 китоби нахустинаш бо номи “Розгунаҳо” ба нашр расид. “Номаҳои ғурбат” китоби дуввуми Аброри Аҳрориён мебошад. Намунаи нави ашъораш дар дасти чоп аст.
Инчунин, намунаҳои ашъораш пайваста дар маҷаллаҳои “Садои Шарқ”, ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат”, рӯзномаҳои “Паёми Суғд”, “Пайрав”, “Нури маърифат”, “Овози Самарқанд”-и кишвари Ӯзбекистон ва ҳафтаномаи “Сабзманиш”-и Эрон чоп мешаванд. Шоири ҷавону умедбахш Аброри Аҳрориён дар дунёи шеъру шоирӣ устод надорад. Истеъдоди фавқулода дорад ва ашъораш аз меҳри модар сарчашма мегирад. Аз забони шоири маъруфи миллат устод Бозор Собир мегӯяд:
Агар устоди шоир шоире буд,
Ки ӯро гашт дар устодӣ раҳбар.
Ман он шоир, ки устоде надорам,
Равон шуд шеъри ман бо шири модар.
Шеърҳояш, ки дилнишину рангинанд, писанди хотири ҳаводорони каломи бадеъ гардида, дар тарбияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар нақши мондагор доранд.
Шоиру адабиётшиноси шинохта Давлати Раҳмониён ва шоири халқии Тоҷикистон Рустами Ваҳҳоб ба ашъори шоири ҷавон Аброри Аҳрориён таваҷҷуҳу мароқи хоса зоҳир намуданд.
Устод Рустами Ваҳҳоб дар пешгуфтори “Номаҳои ғурбат” навиштааст: “Дар дафтари ашъори Аброри Аҳрориён ба мавзуъҳои қисмати башар ва ҳамзабонони бурунмарзӣ низ таваҷҷуҳ мешавад ва ин рӯйкард гувоҳи огоҳӣ ва ҳиммати шоирии ӯст”.
Агар шоир шудӣ, оинаи поки халоиқ бош,
Башар оғушта шуд дар дарду ғам, дарди башарро гӯ.
Аъзам Бобоев, ноҳияи Вахш
Добавить комментарий
Ахбор
ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР АКСИЯИ ВИЛОЯТӢ ТАҲТИ УНВОНИ "САҲМИ МАН - ДАР ОБОДИИ ВАТАН" 11:01МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО НАМОЯНДАГОНИ ШИРКАТИ "ГУРУҲИ СОХТМОНИ ЭНЕРГЕТИКИИ ЧИН" 15:15ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ СИЛ ДАР НОҲИЯҲОИ КУҲИСТОН 14:53ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ РОҲ БО ХАРҶИ 1,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ 15:54Ҷ. Балхӣ. 1,2 километр роҳ мумфарш карда мешавад 14:39ХАТЛОН. 18 ИНШООТИ ВАРЗИШӢ БУНЁД ШУД 13:35Бонки Осиёии рушд барои дастгирии занони деҳот дар вилояти Хатлон лоиҳаҳо амалӣ менамояд 11:32РӮЗГОРИ ИНСОНИ НАҶИБ 11:26
Серхонандаҳо
СУХАНРОНИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲАТАРАМ ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ “ХАТЛОН-ҚАЛБИ ГАРМИ САЙЁҲӢ”
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАВОДҲОИ ДОРУВОРӢ СӮЗОНИДА ШУД
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Кӯлоб. 25 километр роҳ мумфарш мегардад
ЛЕВАКАНТ. КӮДАКОН БА ИСТИРОҲАТУ ФАРОҒАТ ФАРО ГИРИФТА ШУДААНД
ХАТЛОН. 18 ИНШООТИ ВАРЗИШӢ БУНЁД ШУД
Ба ҳам бошед, ёрон, дар муҳаббатхонаи ваҳдат
ЁВОН. БЕШ АЗ 60 ҲАЗОР ТОННА МАҲСУЛОТИ ГУНОГУН ҶАМЪОВАРӢ ШУД
НАҚШИ МАТБУОТИ ДАВРӢ ДАР ТАҲКИМИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
ВАҲДАТ