Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
29 май 08:40АСОСӢ / Ахбор / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Чеҳра
АСРОРИ СИТОРАИ ИНТЕРНЕТ
Бозхонӣ кардани ҳамагӣ як суруди “Дар хона оча бошад” ӯро ситораи интернет карду маҳбуби пиру барно.
Қаҳрамони матлаби мо Комронҷон Сафарзодаи панҷсола, сокини шаҳри Бохтар аст, ки бо ҳунари нотакрораш ба дили миллионҳо нафар дӯстдорони савту наво ҷо гирифтаасту бо лаҳни зебои сурудхониашу рақсҳои дилфиребаш гули сари сабади маҳфилҳо шудааст. Феълан ӯро на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он низ мешиносанду ҳунари нотакрорашро миписанданд.
Ӯ ЧӢ ГУНА МАШҲУР ШУД?
Комронҷон дар кӯдакистони №7-и шаҳри Бохтар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Рӯзе дар яке аз чорабиниҳои шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар суруди “Дар хона оча бошад”-ро иҷро мекунад. Сурудхонии ӯро яке аз муаллимаҳои шаҳр ба навор гирифта, дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” нашр мекунад. Ин наворро дар як фурасти кӯтоҳ миллионҳо нафар тамошо кардаю дар зераш фикру андешаҳои хешро менависанд. Сурудхонии Комронҷон дили миллионҳо нафар бинандаро тасхир карда, ҳамин тариқ ӯ сархати расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ мегардад. Баъди ин навор расонаҳои хабарии зиёде ӯро ба мусоҳиба даъват мекунанду бо ӯ суҳбат анҷом медиҳанд. Ҳар як мусоҳибаи ин навниҳоли боғи санъатро миллионҳо нафар тамошо мекунанду ба ҳунари нотакрори ӯ аҳсан мехонанд.

СУРУДХОНӢ ДАР НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТ
Воқеан ҳам, ҳунар давлатест поянда ва чашмаест зоянда. Ҳунар ганҷинаи пурзар ва ҳунарманд заргари бузургест, ки бо офаридаҳои ҷолибаш мафтунгари дилҳои инсонист. Ҳунару истеъдоди фавқулодаи Комронҷонро ба инобат гирифта, ӯро ба чорабинии бахшида ба Рӯзи модар даъват мекунанд. Дар ин чорабинии сатҳи баланд, ки бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи Борбад баргузор гардид, Комронҷон дар назди Пешвои муаззами миллат ҳунарнамоӣ мекунад ва аз сурудхонии ӯ тамоми иштирокчиёни ин чорабинӣ ҳаловат бурда, бо қарсакҳои бардавом ӯро истиқбол мегиранд. Ин баромади ӯ низ сархати тамоми расонаҳои хабарию ютубканалҳо гашта, шуҳрати ӯро афзунтар мегардонад.
Тавре зимни суҳбат Комронҷон иброз кард, қарсакзании пурмавҷи аҳли толор ба ӯ илҳоми дучанд меоварад ва ӯ аз шавқ гӯё худро дар олами рӯъё эҳсос мекард.
– Ҳунарнамоӣ дар назди Пешвои маҳбуби миллат барои ман мояи ифтихору сарфарозист. Аз Худованд саломатии бардавоми Ҷаноби Олиро таманно дорам – мегӯяд бо лаҳни кӯдакии хеш Комронҷони ширингуфтор.

ИФТИХОРИ КӮДАКИСТОН
Шаҳло Ҳотамова, мудири кӯдакистони №7-и шаҳри Бохтар мегӯяд, доштани ин гуна шогирди боистеъдод мисли Комронҷон Сафарзода барояш боиси ифтихор аст.
– Комронҷон дар байни тарбиятгирандагон бо хислати хоси хеш фарқкунанда мебошад. Бениҳоят кӯдаки ҳалиму меҳрубон буда, қобилияти баланди ҳунарнамоӣ дорад. Мураббияҳоро ҳурмату эҳтиром мекунаду бо ҳамсолони хеш муносибати хуб дорад. Ифтихор мекунам, ки ӯ шогирди ман ҳасту обрӯву нуфузи на танҳо боғчаро, балки шаҳри Бохтару вилояти Хатлонро дар тамоми Тоҷикистон муаррифӣ кардааст, – мегӯяд Шаҳло Ҳотамова.
Комронҷон Сафарзода мехоҳад дар оянда бо вуҷуди ҳунарманд буданаш боз ягон маълумоти олии дигар дошта бошад. Ӯ мехоҳад забонҳои хориҷиро аз худ карда, бо дигар забонҳо низ ҳунарнамоӣ кунад.
Барои ҳар як волидайн муваффақияту пешрафти фарзанд боиси ифтихор аст. Падару модари меҳрубони Комронҷон низ ба ҳунару донишомӯзии ӯ диққати ҷиддӣ дода истодаанд то ӯ шахсияти донишману ҳунарманди хушсалиқае ба воя расаду номбардори Ватани азизи хеш гардад.

Муродалӣ Сафаров, падари Комронҷон фахр аз он дорад, ки ҷагарбандаш имрӯзҳо хурсандибахши аксарияти чорабиниҳою маҳфилҳои гуногун гаштааст. Ӯ шукронаи тинҷию суботи комили Ватани биҳиштосоро мекунад, ки имрӯзҳо бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари мамлакат баҳри илмомӯзию пешрафти наврасону ҷавонон тамоми имконият фароҳам оварда шудаанд. Бо хушнудӣ изҳор менамояд, ки барои пешрафту муваффақиятҳои фарзандаш Комронҷон тамоми кӯшишу ғайрати хешро равона месозад.
Ба ин ситораи тобноки интернет, навниҳоли боғи санъат, кӯдаки соҳибистеъдод, ки гомҳои нахустини хешро дар ин ҷодаи пурифтихору пурмашаққати ҳунар гузошта истодааст, барору муваффақият орзу намуда, ба ӯ дар иҷрои нақшаву ниятҳои дар дили кӯчаки хеш парвардааш муваффақият хоҳонем.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
ш. Бохтар
Добавить комментарий
Ахбор
ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР АКСИЯИ ВИЛОЯТӢ ТАҲТИ УНВОНИ "САҲМИ МАН - ДАР ОБОДИИ ВАТАН" 11:01МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО НАМОЯНДАГОНИ ШИРКАТИ "ГУРУҲИ СОХТМОНИ ЭНЕРГЕТИКИИ ЧИН" 15:15ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ СИЛ ДАР НОҲИЯҲОИ КУҲИСТОН 14:53ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ РОҲ БО ХАРҶИ 1,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ 15:54Ҷ. Балхӣ. 1,2 километр роҳ мумфарш карда мешавад 14:39ХАТЛОН. 18 ИНШООТИ ВАРЗИШӢ БУНЁД ШУД 13:35Бонки Осиёии рушд барои дастгирии занони деҳот дар вилояти Хатлон лоиҳаҳо амалӣ менамояд 11:32РӮЗГОРИ ИНСОНИ НАҶИБ 11:26
Серхонандаҳо
СУХАНРОНИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲАТАРАМ ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ “ХАТЛОН-ҚАЛБИ ГАРМИ САЙЁҲӢ”
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАВОДҲОИ ДОРУВОРӢ СӮЗОНИДА ШУД
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Кӯлоб. 25 километр роҳ мумфарш мегардад
ЛЕВАКАНТ. КӮДАКОН БА ИСТИРОҲАТУ ФАРОҒАТ ФАРО ГИРИФТА ШУДААНД
ХАТЛОН. 18 ИНШООТИ ВАРЗИШӢ БУНЁД ШУД
Ба ҳам бошед, ёрон, дар муҳаббатхонаи ваҳдат
ЁВОН. БЕШ АЗ 60 ҲАЗОР ТОННА МАҲСУЛОТИ ГУНОГУН ҶАМЪОВАРӢ ШУД
НАҚШИ МАТБУОТИ ДАВРӢ ДАР ТАҲКИМИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
ВАҲДАТ