Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
БОХТАР. ОМӮЗГОРОНУ ХОНАНДАГОНИ ФАЪОЛ ҚАДРДОНӢ ГАРДИДАНД
27-уми май дар муассисаи давлатии Россия ва Тоҷикистон ба номи И. В. Ломоносови шаҳри Бохтар маросими ҷамъбасти олимпиадаҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявии фаннни хонандагон ва ҷоизасупории омӯзгорони пешсафи ҳаракати олимпии шаҳри Бохтар баргузор гардид.

Дар ин чорабинии бошукуҳ раиси шаҳри Бохтар Муминзод Абдулмаҷид, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Зиёдулло Абдулзода ва дигар меҳмонону омӯзгорону волидайни хонандагон иштирок намуданд.

Дар оғози чорабинӣ ҳайати меҳмонон сараввал аз дастовардҳои хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳр дидан карданд.

Сипас дар вазъияти тантанавӣ ба хонандагони фаъоле, ки дар олимпиадаҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намудаву сазовори ҷойҳои 1 – 2 – 3 ва ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд медалу ифтихорномаҳо ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Ҳамчунин дар ин рӯз 20 нафар омӯзгорони пешсафи ҳаракати олимпӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар бо сипосномаву туҳфаҳои арзишманд қадршиносӣ гардиданд.

Тавре зимни суҳбат мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар Шоиста Абдуназарзода иброз кард, рушду такомули соҳаи маориф ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар қарор дошта, хонандагону омӯзгорон пайваста аз ҷониби роҳбарияти шаҳр қадршиносӣ мегарданд.

-Натиҷаи ҳамин дастгириҳост, ки соли равон хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр аз олимпиадаҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ беш аз 150 медал ба даст оварданд, ки аз ин шумора 14 адади он медали тилло мебошад. Махсусан сазовори 14 медали тилло гардидан, ин нишондоди таърихист. Мо дар оянда тамоми донишу малакаи хешро баҳри он равона менамоем, ки дастоварди омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимию томактабии шаҳри Бохтарро аз ин ҳам зиёд намоем, - гуфт Ш. Абдуназарзода.

Чорабинӣ дар як фазои идона бо суруду таронаҳои саршор аз меҳру муҳаббати Ватан ва рақсҳои ҷаззоби хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр хотима ёфт.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР АКСИЯИ ВИЛОЯТӢ ТАҲТИ УНВОНИ "САҲМИ МАН - ДАР ОБОДИИ ВАТАН" 11:01МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО НАМОЯНДАГОНИ ШИРКАТИ "ГУРУҲИ СОХТМОНИ ЭНЕРГЕТИКИИ ЧИН" 15:15ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ СИЛ ДАР НОҲИЯҲОИ КУҲИСТОН 14:53ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ РОҲ БО ХАРҶИ 1,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ 15:54Ҷ. Балхӣ. 1,2 километр роҳ мумфарш карда мешавад 14:39ХАТЛОН. 18 ИНШООТИ ВАРЗИШӢ БУНЁД ШУД 13:35Бонки Осиёии рушд барои дастгирии занони деҳот дар вилояти Хатлон лоиҳаҳо амалӣ менамояд 11:32РӮЗГОРИ ИНСОНИ НАҶИБ 11:26
Серхонандаҳо
СУХАНРОНИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲАТАРАМ ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ “ХАТЛОН-ҚАЛБИ ГАРМИ САЙЁҲӢ”
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАВОДҲОИ ДОРУВОРӢ СӮЗОНИДА ШУД
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Кӯлоб. 25 километр роҳ мумфарш мегардад
ЛЕВАКАНТ. КӮДАКОН БА ИСТИРОҲАТУ ФАРОҒАТ ФАРО ГИРИФТА ШУДААНД
ХАТЛОН. 18 ИНШООТИ ВАРЗИШӢ БУНЁД ШУД
Ба ҳам бошед, ёрон, дар муҳаббатхонаи ваҳдат
ЁВОН. БЕШ АЗ 60 ҲАЗОР ТОННА МАҲСУЛОТИ ГУНОГУН ҶАМЪОВАРӢ ШУД
НАҚШИ МАТБУОТИ ДАВРӢ ДАР ТАҲКИМИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
ВАҲДАТ