Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
15 май 12:35АСОСӢ / Ахбор / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Иҷтимоъ / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ
Кӯлоб. 324 оила соҳиби оби тозаи нӯшокӣ шуд
Дар доираи нақша – чорабиниҳои ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 320 оилаи деҳаи Сарёзии Ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардиданд.

Иқдоми мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва саҳми соҳибкорону сокинони маҳаллӣ роҳандозӣ гардида, мушкилоти чандинсолаи 324 оилаи ин деҳаро ҳал кард.

Тадбири мазкур дар доираи ҳамкории Корхонаи обу канализатсияи шаҳри Кӯлоб бо сокинон роҳандозӣ гардида, барои сарфакорона истифода намудани оби нӯшокӣ ҳисобкунакҳои барқии замонавӣ насб карда шуд.

Дар маросими ба истифодадиҳии хати оби нӯшокӣ раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр иштирок намуда, бо сокинону пирони рӯзгордида суҳбати гарму самимӣ анҷом дод. Сокинони ин деҳа низ аз ин иқдоми зарурӣ изҳори сипос намуда, миннатдории самимии хешро ба роҳбарияти Олии мамлакат баён намуданд.
С. СУЛТОНОВ
(Аксҳо аз МИҲД-и ш. Кӯлоб)
Добавить комментарий
Ахбор
ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР АКСИЯИ ВИЛОЯТӢ ТАҲТИ УНВОНИ "САҲМИ МАН - ДАР ОБОДИИ ВАТАН" 11:01МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО НАМОЯНДАГОНИ ШИРКАТИ "ГУРУҲИ СОХТМОНИ ЭНЕРГЕТИКИИ ЧИН" 15:15ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ СИЛ ДАР НОҲИЯҲОИ КУҲИСТОН 14:53ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ РОҲ БО ХАРҶИ 1,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ 15:54Ҷ. Балхӣ. 1,2 километр роҳ мумфарш карда мешавад 14:39ХАТЛОН. 18 ИНШООТИ ВАРЗИШӢ БУНЁД ШУД 13:35Бонки Осиёии рушд барои дастгирии занони деҳот дар вилояти Хатлон лоиҳаҳо амалӣ менамояд 11:32РӮЗГОРИ ИНСОНИ НАҶИБ 11:26
Серхонандаҳо
СУХАНРОНИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲАТАРАМ ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ “ХАТЛОН-ҚАЛБИ ГАРМИ САЙЁҲӢ”
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАВОДҲОИ ДОРУВОРӢ СӮЗОНИДА ШУД
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Кӯлоб. 25 километр роҳ мумфарш мегардад
ЛЕВАКАНТ. КӮДАКОН БА ИСТИРОҲАТУ ФАРОҒАТ ФАРО ГИРИФТА ШУДААНД
ХАТЛОН. 18 ИНШООТИ ВАРЗИШӢ БУНЁД ШУД
Ба ҳам бошед, ёрон, дар муҳаббатхонаи ваҳдат
ЁВОН. БЕШ АЗ 60 ҲАЗОР ТОННА МАҲСУЛОТИ ГУНОГУН ҶАМЪОВАРӢ ШУД
НАҚШИ МАТБУОТИ ДАВРӢ ДАР ТАҲКИМИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
ВАҲДАТ