Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
14 май 13:08АСОСӢ / Ахбор / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Иҷтимоъ / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ
Левакант. Роҳҳои маҳаллӣ таъмир шуда истодаанд
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ва дар ҳамбастагӣ бо шарикони рушд, 3 километр роҳи мошингарди аҳамияти маҳаллидоштаи кучаҳои Ҷалолиддини Балхӣ ва Мирзо Турсунзодаи шаҳри Левакант аз таъмири асосӣ бароварда шуд.

Тавре зимни суҳбат сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Левакант Раҷабалӣ Иззатуллозода иброз намуд, иқдоми мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, ҷиҳати бемамоният рафтуомади сокинону воситаҳои нақлиёт мусоидат менамояд.
Дар таъмири роҳ аз асфалти босифат ва техникаҳои лозимаи роҳсозӣ истифода гардида, корҳои сохтмонӣ бо сифати баланд иҷро шудаанд.
Гуфта шуд, ки ҳамин гуна иқдом дар деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти “Гулистон”и шаҳр низ идома дошта, масъулин нақша доранд боз 3 километр роҳи дигарро мумфарш намоянд. Аллакай аз 3 километри дар нақшабуда, 1,8 километри он асфалтпӯш гашта, дар қисмати дигари ин роҳ корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд.

-Дар пайрави аз сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои муззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба хотири шоиста истиқбол намудани ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯзҳо дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Левакант корҳои созандагию бунёдкорӣ идома дошта, таъмиру бозсозии роҳҳо низ зери таваҷҷуҳи роҳбарияти шаҳр қарор дорад, - гуфт Р. Иззатуллозода.
С. СУЛТОН
(Аксҳо аз саҳифаи фейсбукии МИҲД-и шаҳри Левакант)
Добавить комментарий
Ахбор
ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР АКСИЯИ ВИЛОЯТӢ ТАҲТИ УНВОНИ "САҲМИ МАН - ДАР ОБОДИИ ВАТАН" 11:01МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО НАМОЯНДАГОНИ ШИРКАТИ "ГУРУҲИ СОХТМОНИ ЭНЕРГЕТИКИИ ЧИН" 15:15ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ СИЛ ДАР НОҲИЯҲОИ КУҲИСТОН 14:53ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ РОҲ БО ХАРҶИ 1,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ 15:54Ҷ. Балхӣ. 1,2 километр роҳ мумфарш карда мешавад 14:39ХАТЛОН. 18 ИНШООТИ ВАРЗИШӢ БУНЁД ШУД 13:35Бонки Осиёии рушд барои дастгирии занони деҳот дар вилояти Хатлон лоиҳаҳо амалӣ менамояд 11:32РӮЗГОРИ ИНСОНИ НАҶИБ 11:26
Серхонандаҳо
СУХАНРОНИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲАТАРАМ ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ “ХАТЛОН-ҚАЛБИ ГАРМИ САЙЁҲӢ”
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАВОДҲОИ ДОРУВОРӢ СӮЗОНИДА ШУД
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Кӯлоб. 25 километр роҳ мумфарш мегардад
ЛЕВАКАНТ. КӮДАКОН БА ИСТИРОҲАТУ ФАРОҒАТ ФАРО ГИРИФТА ШУДААНД
ХАТЛОН. 18 ИНШООТИ ВАРЗИШӢ БУНЁД ШУД
Ба ҳам бошед, ёрон, дар муҳаббатхонаи ваҳдат
ЁВОН. БЕШ АЗ 60 ҲАЗОР ТОННА МАҲСУЛОТИ ГУНОГУН ҶАМЪОВАРӢ ШУД
НАҚШИ МАТБУОТИ ДАВРӢ ДАР ТАҲКИМИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
ВАҲДАТ