Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Хатлон. Бақияи қарзи андоз кам карда шуд
Ба ҳолати якуми майи соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бақияи қарзи андоз ба андозаи зиёда аз 7,8 миллион сомонӣ кам карда шуд.
Дар ин бора сардори Раёсати андози вилояти Хатлон Ҷурабеки Ҷумъа ба “Сафо” иттилоъ дод.
Ба иттилои ӯ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар натиҷаи бурдани корҳои дурусту саривақтӣ аз ҷониби кормандони мақомоти андоз бақияи қарзи андоз кам гардида, ин иқдом минбаъд низ идома меёбад.
Бо вуҷуди ба андозаи 7 миллиону 848 ҳазору 561 сомонӣ кам гардидани бақияи қарз, феълан дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 165 миллиону 111 ҳазору 133 сомонӣ бақияи қарзи андоз мавҷуд аст, ки ташвишовар боқӣ мемонад.
Ёдовар мешавем, ки ба аввали соли равон бақияи қарзи андоз дар вилояти Хатлон ба 172 миллиону 959 ҳазору 694 сомонӣ расида буд.
-Бештари бақияи қарзи андоз дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар – 13 миллиону 45 ҳазору 670 сомонӣ, Кӯлоб – 16 миллиону 774 ҳазору 732 сомонӣ, Кӯшониён – 11 миллиону 933 ҳазору 518 сомонӣ, Восеъ – 17 миллиону 19 ҳазору 43 сомонӣ ва Фархор – 8 миллиону 846 ҳазору 60 ба қайд гирифта шудааст, - гуфт Ҷурабеки Ҷумъа.
С. СУЛТОН
Добавить комментарий
Ахбор
ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР АКСИЯИ ВИЛОЯТӢ ТАҲТИ УНВОНИ "САҲМИ МАН - ДАР ОБОДИИ ВАТАН" 11:01МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО НАМОЯНДАГОНИ ШИРКАТИ "ГУРУҲИ СОХТМОНИ ЭНЕРГЕТИКИИ ЧИН" 15:15ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ СИЛ ДАР НОҲИЯҲОИ КУҲИСТОН 14:53ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ РОҲ БО ХАРҶИ 1,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ 15:54Ҷ. Балхӣ. 1,2 километр роҳ мумфарш карда мешавад 14:39ХАТЛОН. 18 ИНШООТИ ВАРЗИШӢ БУНЁД ШУД 13:35Бонки Осиёии рушд барои дастгирии занони деҳот дар вилояти Хатлон лоиҳаҳо амалӣ менамояд 11:32РӮЗГОРИ ИНСОНИ НАҶИБ 11:26
Серхонандаҳо
СУХАНРОНИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲАТАРАМ ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ “ХАТЛОН-ҚАЛБИ ГАРМИ САЙЁҲӢ”
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАВОДҲОИ ДОРУВОРӢ СӮЗОНИДА ШУД
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Кӯлоб. 25 километр роҳ мумфарш мегардад
ЛЕВАКАНТ. КӮДАКОН БА ИСТИРОҲАТУ ФАРОҒАТ ФАРО ГИРИФТА ШУДААНД
ХАТЛОН. 18 ИНШООТИ ВАРЗИШӢ БУНЁД ШУД
Ба ҳам бошед, ёрон, дар муҳаббатхонаи ваҳдат
ЁВОН. БЕШ АЗ 60 ҲАЗОР ТОННА МАҲСУЛОТИ ГУНОГУН ҶАМЪОВАРӢ ШУД
НАҚШИ МАТБУОТИ ДАВРӢ ДАР ТАҲКИМИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
ВАҲДАТ