Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ТАРАННУМИ ХУДШИНОСИЮ ХУДОГОҲӢ
Сулаймон Султон аз зумраи шоирони тозаэҷоди нозукхаёлест, ки эҷодиёташ фарогири мавзуъҳои зиндагӣ, худшиносии миллӣ ва муҳаббат ба Ватану ватандорист. Дар мавзуи ватандӯстӣ бештар мавқеи устувор дорад. Ӯ дар шеъри “Ливо” хонандаро ба гузаштаи пурифтихори миллати қуҳанбунёди тоҷик ва корнамоию қаҳрамониҳои шоҳони далераш ошно месозад:
Мо аз ҳарими раҳмати Яздон расидаем,
Аз чорсӯи хоки Хуросон расидаем.
Зери дирафши Коваю зери дурахши нур,
Бо аспҳои хатлии паррон расидаем....
Имрӯз пойдор бувад дар ҷаҳон хирад,
Бо адлу доду донишу фарҳанг то абад.
Ҳарчанд дар ҷаҳон чу Анушервон набуд,
Бар хонадону дудаи Сомониён дуруд.
Шоир шеъри “Ватан”-ро бо эҳсосоти хос ва хеле табиӣ эҷод намудааст:
Сабук пар мекашам дар фазои Ватан,
Бигирам нафс дар ҳавои Ватан.
Чу мурғони хушхон зи шавқу фараҳ,
Сароям ҳаме дар санои Ватан.
Ба рағми адуи Ватан то ба марг,
Ситезам ба дастам ливои Ватан.
Тараннуми Ватан, шукрона аз хоки зархезу обҳои пок ва Сарвари хирадманду раиятпарварашро шоир бо маҳорати баланд тасвир намудааст:
Барои ин Ватан, ин остон шукрона бояд кард,
Ба ин хоку ба ин оби равон шукрона бояд кард.
Ба рӯи қуллаҳои сарбаланди кишвари маҳбуб.
Намуда чун уқобон ошён шукрона бояд кард.
Ба бахти мо азизон Оли Раҳмон сарвари мо шуд,
Ливои сулҳу ваҳдат парфишон дар кишвари мо шуд.
Диҳем овози худро бори дигар мо ба номи ӯ,
Зи гулҳои саодат як сабад пур бовари мо шуд.
Дар ашъори Сулаймон Султон тараннуми худшиносию худогоҳӣ ва ифтихор аз муқаддасоти миллӣ ҷойгоҳи хос дорад:
Ғурури мо, сари болои моӣ, Парчами миллӣ,
Чу машъал халқи моро раҳнамоӣ, Парчами миллӣ.
Ба ҳар ранги ту рамзе аз саодатҳо паём орад,
Рамузи миллати сар бар самоӣ, Парчами миллӣ.
Зи ранги сурх русурхии мардонат аёнам гашт,
Ба мисли дасти модар бо дуоӣ Парчами миллӣ.
Ту пар-пар мезанӣ, бо ту кабӯтар мезанад пар-пар,
Баҳои ваҳдату сулҳу сафоӣ, Парчами миллӣ.
Шоир аз заҳмату талошҳои пайваста ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон руҳу илҳом гирифта, дар шеъри “Дуруд” овардааст:
Дуруд эй Шаҳаншоҳи олимақом,
Ба доду деҳши гирифтӣ ту ном.
Дуруд эй сароғози ҳар достон,
Куҳаншаҳри мо кардаӣ бӯстон.
Нишаста ба тахти Каён Шоҳи мо,
Шаҳи ҳушманду дилогоҳи мо.
Кунун тоҷ шуд бар сари тоҷикон,
Расида зи таърих фарри Каён.
Шоири ватандӯсту ватансаро корҳои ободонию созандагиҳо ва шукуфоии кишвари азизашро бо бадеияти баланд инъикос намуда, аз ҷумла, бадеҳаи “Биё Роғун биравем”-ро эҷод намудааст:
Писар: Бигу ёри маро пешам биёяд,
Чу марҳам бар дили решам биёяд.
Сафар дорам бубинам рӯи ӯро,
Бибӯсам чеҳраи дилҷӯи ӯро.
Духтар:
Агар хоҳӣ, ки ман ёри ту бошам,
Ба ҷону дил харидори ту бошам.
Бирав Роғун, ки он ҷо корзор аст,
Ки мардони замонро интизор аст.
Сулаймон Султон дар эҷоди жанрҳои гуногуни шеър низ комёб аст. Шеърҳои тозаю дилнишинаш бо забони шево ва қолабҳои гуногун пешкаши ҳаводорони каломи бадеъ мегардад.
Дар маҷмуаи шеърҳояш зери унвони “Як сабад гули бовар” ҳаводорони ашъори рангинаш метавонанд қиссаҳо, ғазалҳо, мухаммас ва мусаддасро қироат намоянд. Аз ҷумла, дар як мухаммас (бар ғазали Сайидо) овардааст:
Насими нарми фарвардин зи кӯи ёр меояд,
Навои чангу найю арғунуну тор меояд.
Дилам дар сина покӯбон каландарвор меояд,
“Садои мақдами гулчин чу аз гулзор меояд.
Гиребончок булбул бар сари бозор меояд”.
Маврид ба зикр аст, ки рубоисароӣ яке аз суннатҳои адабӣ дар адабиёти классикию муосири тоҷик буда, Сулаймон Султон ҳам дар ин жанр эҷод намудааст.
Рубоиҳои шоир, ки бо номи “Гулборон” гирд оварда шудаанд, хеле пурмуҳтавою дилписанданд:
Эй чашма агар зи оби ту нӯш кунам,
Ғамҳои замонаро фаромӯш кунам.
Шояд ғазали умри равонро хонӣ,
Биншаста садои форамат гӯш кунам.
Ҷонам Ватанам, ҷони ҷаҳонам Ватанам,
Ҳам ҷаннату боғу бӯстонам Ватанам.
Иқболи баланди мост кӯҳистонат,
Омолу умеду ормонам, Ватанам.
Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Сулаймон Султон ба ғайр аз эҷоди жанрҳои гуногуни шеърӣ ба тарҷума низ даст задааст. Шеърҳои якчанд шоирони русро ба забони тоҷикӣ тарҷума намудааст. То имрӯз чор маҷмуаи шоир бо номҳои “Нигини офтоб”, “Тахти шабнам”, ”Қаламрави ишқ” ва “Як сабад гули бовар” ба дасти ҳаводорони ашъораш расидаанд.
Шоири халқии Тоҷикистон Хайрандеш ба ашъори пурмазмуну рангини Сулаймон Султон баҳои баланд додааст: “Сулаймон Султон шоирест борикбин ва фасеҳгуфтор. Ӯ, ки худ як инсони ҷиддӣ ва масъулиятшинос аст, дар офаридани шеър ҳам нисбати худ басо серталаб мебошад. Дар шеър тозакориҳо дорад ва дар эҷоди шаклҳои гуногуни шеър қалами худро санҷидааст. Ғазалро хеле хуб мегӯяд ва дар гуфтани шеъри нав низ дастболост. Ашъораш аз фасоҳату балоғати сухан нек бархӯрдор буда, дилрас, мондагор ва фараҳафзову хотирнишин аст. Орзу мекунам, ки дар оянда Сулаймони сухан ва султони шеър бошад”.
Аъзам Бобоев, шаҳри Кӯлоб
Добавить комментарий
Ахбор
ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР АКСИЯИ ВИЛОЯТӢ ТАҲТИ УНВОНИ "САҲМИ МАН - ДАР ОБОДИИ ВАТАН" 11:01МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО НАМОЯНДАГОНИ ШИРКАТИ "ГУРУҲИ СОХТМОНИ ЭНЕРГЕТИКИИ ЧИН" 15:15ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ СИЛ ДАР НОҲИЯҲОИ КУҲИСТОН 14:53ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ РОҲ БО ХАРҶИ 1,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ 15:54Ҷ. Балхӣ. 1,2 километр роҳ мумфарш карда мешавад 14:39ХАТЛОН. 18 ИНШООТИ ВАРЗИШӢ БУНЁД ШУД 13:35Бонки Осиёии рушд барои дастгирии занони деҳот дар вилояти Хатлон лоиҳаҳо амалӣ менамояд 11:32РӮЗГОРИ ИНСОНИ НАҶИБ 11:26
Серхонандаҳо
СУХАНРОНИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲАТАРАМ ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ “ХАТЛОН-ҚАЛБИ ГАРМИ САЙЁҲӢ”
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАВОДҲОИ ДОРУВОРӢ СӮЗОНИДА ШУД
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Кӯлоб. 25 километр роҳ мумфарш мегардад
ЛЕВАКАНТ. КӮДАКОН БА ИСТИРОҲАТУ ФАРОҒАТ ФАРО ГИРИФТА ШУДААНД
ХАТЛОН. 18 ИНШООТИ ВАРЗИШӢ БУНЁД ШУД
Ба ҳам бошед, ёрон, дар муҳаббатхонаи ваҳдат
ЁВОН. БЕШ АЗ 60 ҲАЗОР ТОННА МАҲСУЛОТИ ГУНОГУН ҶАМЪОВАРӢ ШУД
НАҚШИ МАТБУОТИ ДАВРӢ ДАР ТАҲКИМИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
ВАҲДАТ