Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Ашъоре пур аз меҳри Ватан
Дар рӯзномае хонда будам, ки Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздонӣ андешаҳояшро дар бораи эҷодиёти адибони ҷавон баён карда, аз ҷумла гуфтааст: “Албатта, мактабу устод дар идомаи роҳи шоир даркору лозимианд. Аммо шоирро мактаб, донишгоҳ, устод ё зиндагӣ шоир намекунад. Шоир аз модар шоир таваллуд мешавад ”.
Шоири ширинкалом, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдулқаҳҳори Мӯсо аз зумраи он шоиронест, ки ба қавле истеъдоди модарзодӣ дорад. Ана ҳамин шавқу рағбати беандоза ба адабиёт ӯро ба даргоҳи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бурд. Бахши забон ва адабиёти тоҷикро бо дипломи аъло хатм намуд.
Солҳои зиёд дар рӯзномаю маҷаллаҳои шаҳриву ноҳиявии вилояти Хатлон ба ҳайси рӯзноманигор фаъолияти пурсамари эҷодӣ дошт.
Баробари рӯзноманигорӣ пайваста шеър мегӯяд. Шеърҳояш содаю равон ва пурмаъноанд. Шоири бузурги рус Фёдор Достоевский навиштааст: “Муҷазбаёнӣ шарти аввали бадеият аст”. Шеърҳои Абдулқаҳҳори Мӯсо низ кӯтоҳу равшан эҷод шуда, боиси таваҷҷуҳи амиқи хонанда гардида, ба андеша водор месозад. Шоир дар шеъри “Ватан” овардааст:
Аз шавқ бишкуфад дили ман, чун чаман Ватан,
Бинам туро шукуфтарӯ охир, Ватан, Ватан.
Ман дар ҳавои ғайр нафасгир мешавам,
Дил бе ҳавои поки ту мирад ба тан, Ватан.
Хунам чакидааст ба домони хоки ту,
Ҷон медиҳам, вале надиҳам хоки поки ту.
Мони ту то амону саломат, аё Ватан,
Чандин ҳазор Рустами ту шуд ҳалоки ту.
Шоир аз тоҷик будани худ ифтихор менамояд. Боз аз он ифтихор мекунад, ки халқи тоҷик яке аз халқҳои бостонию соҳибмаърифат буда, дар таъриху тамаддуни башарӣ мероси бузурги фарҳангиро ба мерос гузоштааст.
Бо ифтихормандӣ дар шеъри “Тоҷик” мегӯяд:
Аз азал тоҷик шамъафрӯзи шоми тор буд,
Шаб сари гаҳвораи тифли сухан бедор буд.
Дар замоне к-аз дигарҳо не асар, не ном буд,
Номи Берунӣ ба берун шуҳраи айём буд.
Шоҳ Сомонӣ ба ҳикмат мулкро бунёд кард.
Давлате аз илму фан рӯи ҷаҳон обод кард,
Дигарон омӯхтанд аз мо низоми мулкро.
Ёд дорад давраи пешин Низом-ул-мулкро...
Вақте ки кас ашъори шоири ширинсухан Абдулқаҳҳори Мӯсоро мутолиа менамояд, ба хулосае меояд, ки шеърҳои шоир воқеан ҳам гуногунмавзуъ, гуногунмаъно ва рангину дилчаспанд.
Аз шеърҳояш бармеояд, ки ӯ ба Ватану сарзамини аҷдодиаш вафодору содиқ аст ва ин меҳру садоқаташро ба тасвирҳои зебои шоирона чун чашмаҳои софу поки куҳсорон ба ҳаводорони ашъораш эҳдо менамояд:
Ин хок ҷойгаҳи далерон ҳанӯз ҳаст,
Дар бешаҳояш ғурриши шерон ҳанӯз ҳаст.
Бедор ҳаст Рустами зӯраш нахуфтааст,
Истода ҳамчу кӯҳи ғурураш нахуфтааст.
Хезад ба пош хоки Ватан ҳамчу дӯш боз,
Дорад ба рағми хасм чу дарё хурӯш боз.
Ҳамчун уқоб қуллаи кӯҳ ошёни мост,
Озодагӣ баҳои матои дукони мост.
Шоири миллатдӯсту ватанпарвар дар робита ба воқеаҳои таърихӣ- сиёсии солҳои 20-уми асри гузашта тақсимоти ноадолотонаи миллӣ- маъмурӣ ва заҳматҳои пайвастаю пайгиронаи устод Садриддин Айнӣ барои таъсиси Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар шеъри “Бо қалам бархост” (Эҳдо ба Устод Айнӣ) навиштааст:
Ӯ ба майдон чун мубориз.
Бо қалам бархост.
Гарчи душман буд афзун аз чапу рост,
Ӯ қаламро куфт бар фарқи сари бефарқҳо ...
Ҷони худро монд дар хавфу хатар.
То ки монад миллат эмин,
Ҷони миллатро харид аз маҳв гаштан.
Ҳамчу миллат нест гаштан,
Бохабар аз қавми тоҷик кард ақвоми ҷаҳонро.
Умри худро сарфи миллат кард Айнӣ,
Бо далелу ҳуҷҷати маҳкам.
Номи тоҷикро
Аз китобу сафҳаи таърихи куҳан,
Аз таҳи чангу ғубор охир бурун овард Айнӣ.
Дар ғазали “Дунёи Истиқлол” шоири нозукбин бо фараҳмандӣ менависад:
Мерасад форам ба гӯш овои Истиқлол,
Лафзи бас ширину бас шевои Истиқлол.
Мезанад бар осмон ҳамчун кабутар пар,
Парчами боландаву болои Истиқлол.
Фавҷи мардумро бубин ту аз фараҳмандӣ,
Мавҷзан, гӯйи равон дарёи Истиқлол.
Бинам аз рӯи дурахшони Ватан имрӯз,
Сурхру, рахшандатар фардои Истиқлол...
Мутолиаи ғазали “Яктост Рӯдакӣ” хонандаро ба дуриҳои дур ва ба ёди Маликушшуаро Рӯдакии бузург мебарад:
Ҳамчу ӯ дигар набуду буд танҳо, Рӯдакӣ,
Суфт танҳо аз ҳазорон дурри маъно Рӯдакӣ.
То ба ӯ қадри сухан афтода буд пойин агар,
Боз аз пойин суханро бурд боло Рӯдакӣ.
Буд сардафтар, сароғози сухан дар шоирӣ,
Буд аламбардору фахри шеъри воло Рӯдакӣ...
Пир ӯ, муршид ӯ, мо пайравони роҳи ӯ,
Дорадо монанди мо шогирд садҳо, Рӯдакӣ.
Шоири ширинкалом бо меҳр дар шеъри “Диёри ман” ҳолату ҳиссиёти худро ба хонанда чунин ба қалам додааст:
Ёри ҷон, ин замин диёри ман аст,
Хоки аҷдод ёдгори ман аст.
Дарди дил гуфтаам навишт қалам,
Шеъри ман, дарди рӯзгори ман аст.
Хоки ин мулк хонаву дари ман аст,
Хоки ин мулк ҳам мазори ман аст.
Шоир бо нангу ғурури ҷавонмардона дар шеъри “Ойини шабнам” мегӯяд:
Эй зиндагӣ, ба пои ту сар хам намекунам,
Бечорагӣ ба пеши ту як дам намекунам.
Як лаҳза умр дидану бас пок зистан,
Ҷуз пайравӣ ба ойини шабнам намекунам.
Надҳам ба ҳеҷ даст ба пастӣ тан, эй рақиб,
Чун паст асли гавҳари одам намекунам...
Шоири дардошнову шӯридадил дар эҷоди шеъру ғазал дубайтию рубоӣ маҳорати баланд дошта, мавзуъҳои ватандӯстӣ, эҳтироми забону фарҳанг, арҷгузорӣ ба анъанаҳои неки аҷдодӣ, хислатҳои неки инсонӣ ва посдории падару модарро тараннум намудааст.
Абдулқаҳҳори Мӯсо шоири сермаҳсул аст. То имрӯз панҷ маҷмуаи ашъораш бо номҳои “Ҳасрати нигоҳ”, “Ману як хомаву дафтар”, “Самои сабзи ишқ”, “Пайғоми борон” ва “Орзуи сабз” ба дасти ҳаводорони адабиёт расидааст.
Соли 2022 дар озмуни ҷумҳуриявии “Китоби сол”, ки аз ҷониби Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба ифтихори 30- солагии Иҷлосияи ХVI Шурои Олии кишвар баргузор шуда буд, маҷмуаи “Орзуи сабз” (номинатсияи “Китоби назм”) сазовори дипломи дараҷаи 3-юм гардид.
Шоири халқии Тоҷикистон Рустам Ваҳобзода дар пешгуфтори ин китоб навиштааст: “Маҷмуаи тозаи ашъори Абдулқаҳҳори Мӯсо тақрибан як даст аз ашъори хубу хонданӣ иборат аст. Дар ин ашъор такмили ҳунари суханварии муаллиф эҳсос мешавад”.
Мо ҳам ба шоири ширинкалому хушзавқ Абдулқаҳҳори Мӯсо фатҳи қуллаҳои эҷодӣ орзу менамоем.
Аъзам Бобоев, шаҳри Кӯлоб
Добавить комментарий
Ахбор
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 14:28Қурутҳои кӯҳистон 15:25САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН 15:20“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД 14:50БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД 12:27БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД 13:25ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН 12:41ШУМОРАИ НАФАҚАГИРОН АФЗУДААСТ 15:51
Серхонандаҳо
Эмомалӣ Раҳмон- бунёдгузори мактаби давлатдории муосири миллӣ
Дӯстӣ. Нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро шуд
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
“ВАХШИ ЗАРНИСОР” ЧЕМПИОН ШУД
Санаҳои ифтихории миллат
БАХТНОМАИ МИЛЛАТ
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ШУМОРАИ НАФАҚАГИРОН АФЗУДААСТ
ШАРОРАИ ХОТИРАҲО
ҶАЛАСАИ КОРӢ ОИД БА БАРРАСИИ ВАЗЪИ ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ