Тасвиргари зебоиҳои Тоҷикистон

Муаррифии миллат, таърихи куҳанбунёд ва ҳифзи фарҳангу анъанаҳои қадима вазифаи ҳар фарди ватандӯст аст. Барои қаҳрамони мо, ки рассом аст, ин рисолат аз роҳи ҳунар сурат мегирад.
Бо сеҳри қалам ва қатра-қатра ранге, ки рӯи коғаз меорад, дили бинандаи тасвирашро тасхир месозад ва расмҳои ҷовидонае аз муҳити зисту меҳани биҳиштосои худ меофарад. Тасвирҳои ӯ қиссаҳои пуршукӯҳ ва зебоии табиӣ, фарҳангӣ ва таърихии Тоҷикистон аст. Замини куҳан, ки таърих ва тамаддунро бо шукӯҳу шаҳомат дар ҳар кӯҳу дара, чеҳраи мардумонаш ва дар ҳар ҷилои ҳаёташ зинда нигоҳ доштааст, бо нақшҳои ин олиҳа рӯи коғази сафед ҳувайдо мегардад. Дар расмҳои офаридааш мехоҳад ҷаҳонро ба ҷолибияти либосҳои миллии тоҷикӣ, ба қадру қимати анъанаҳои ниёгон ва зебогии табиати ватанаш ошно созад.
Марҷонаи Абдумалик, омӯзгори мактаби санъати бачагонаи шаҳри Бохтар, зодаи ноҳияи Хуросон аст. Таҳсилоти ибтидоиро дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16-и ноҳияи зодгоҳаш гирифтааст. Модараш Раъно Бобоҷонова, хатмкардаи Коллеҷи рассомӣ- омӯзгории шаҳри Душанбе, алъон омӯзгори фанни санъати тасвирӣ дар мактаби ноҳия, дар рушди ҳунари рассомии Марҷона нақши муҳим мебозад.
-Рассомиро аз хурдӣ дӯст медорам ва нахустин тасвири офаридаам чеҳраи зебои модарам буд. Ман ҳамеша аз тамошои муъҷизаи дастони ӯ руҳу илҳоми тоза гирифта, ба сураткашӣ майлу рағбати бештар пайдо мекунам. Шавқи кӯдакӣ сарчашмаи милоди орзуҳоям буду овони таҳсил дар муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳияи Хуросон ба маҳфили "Рассомони ҷавон" таҳти роҳбарии модарам санъати расмкаширо омӯхтам,- мегӯяд Марҷона.
Дарвоқеъ, дарсҳои ҳунаромӯзии модарам бо меҳру муҳаббати бузург ба санъати рассомӣ оғоз меёфт ва тамоми давраҳои омӯзишии мо пуршавқу хотирмон мегузашт.

Марҷона баъди хатми таҳсилоти миёнаи умумӣ соли 2017 тариқи Маркази миллии тестӣ ба Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни шаҳри Душанбе дохил мешавад. Донишкадаро бо ихтисоси “Санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ” ғоибона хатм намуда, таҳсилро дар зинаи магистратура идома дода, онро бо ихтисоси “Манзаранависӣ” ба итмом мерасонад. Ҳаминак, бо завқу рағбати беандоза пайи такмили маҳорату рушди ҳунари рассомист. Ба гуфтаи Марҷона санъати рассомӣ олами беканорест, ки раҳнаварди ин ҷода танҳо бо саъю талош асрори нав ба нави ҳунарашро кашф карда метавонад. Тасвиргари асил ба манзараҳои офаридаи худ санъату зебоӣ ҳарфи баён мебахшад, ки бинанда аз тамошои он ҳазор маъниҳо барои худ мегирад.
Марҷонаи Абдумалик фаъолияти касбии худро ба ҳайси омӯзгори муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳияи Хуросон оғоз бахшида, ба дӯстдорони ин санъати воло нозукиҳои ҳунар омӯхтааст. Иштироки ӯ ва шогирдонаш дар намоиши рассомони ҷавон дар шаҳри Бохтар дар соли 2021 барояшон имконияти навро боз кард. Ҳамин тавр, баъди ин озмун роҳбарияти Мактаби санъати бачагонаи шаҳри Бохтар Марҷонаро ба ҳайси омӯзгор ба кор даъват мекунанд. Дар ин дабистони ҳунаромӯзӣ ба хонандагон тамоми равияҳои санъати тасвирӣ, аз ҷумла, қаламкашӣ, рангакашӣ, композитсионӣ, нақшу нигори миллӣ ва ғайраро меомӯзад.
-Ташкилу ба роҳ мондани озмунҳои ҷумҳуриявӣ ба тамоми ҳунармандону санъатварон ва умуман, аҳли эҷод руҳияи тоза бахшиду шавқу рағбати эҷодкорон ба ҳунарҳои мондагор дучанд афзуд,- иброз медорад Марҷона. – Соли гузашта дар ду даври озмуни "Тоҷикистон – Ватани азизи ман" ҷои аввалро гирифта, дар даври ниҳоӣ бо диплом сарфароз гардидам. Ҳамчунин, имсол низ дар даври шаҳрии ин озмун аз рӯи асари "Гулдухтарони тоҷик" ҷои аввалро ишғол намуда, дар даври вилоятӣ дар жанри “Мусаввир” бо асари навбатии худ бо номи “Тоҷикона мепӯшем” мақоми дуюмро гирифта, сазовори роҳхат ба даври ҷумҳуриявӣ гардидам,- мегӯяд Марҷона.
Моҳияти дигари ин озмунҳо дар он аст, ки ҳунармандону санъатварони ҷавон дар ҷараёни иштирок дар он аз маҳсули эҷоди ҳамдигар баҳравар мегарданд. Мусоҳиби мо аслан ба санъати зинданигорӣ (пейзаж) завқи бештар дошта, баъзан дар дигар равияҳои санъати тасвирӣ, ба монанди графика, миниатура ва нақшу нигор низ машқи қалам менамояд. Мавзуъҳои интихобкардааш бештар таърихӣ ва композитсионӣ буда, асарҳои зебопарастиаш бинандагонро ба андеша водор месозад. Худро хушбахту саодатманд мешуморад, ки меҳани дорои табиати зебову афсункор дорад, ки дар ҳама фаслҳои сол бо манзараҳои дилфиребаш таваҷҷуҳи бинандаро ба худ ҷалб месозад.
Дар баробари фаъолияти омӯзгорӣ дар Мактаби санъати бачагона ва иштирок дар озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон- Ватани азизи ман", ҳамзамон, аз рӯи фармоиши хоҳишмандон асарҳои ҷолибе меофарад, ки аз даромади он рӯзгори худро таъмин месозад. Баъди ба намоиш гузоштани намунаи асарҳои рассомии офаридааш ӯ тасмим гирифтааст, ки дар якҷоягӣ бо ҳамсабақонаш маҳсули эҷодии худро дар шаҳрҳои Бохтар, Душанбе ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон ба намоиш гузорад. Рассоми ҷавон Марҷонаи Абдумалик дар баробари фаъолияти пурсамари эҷодӣ дар дил орзуву ниятҳои зиёд парварида, азм дорад, ки бо эҷоди тасвирҳои ҷолибу мавриди таваҷҷуҳи толибони асарҳои тасвирӣ дар рушди ин санъати зебо ва ҳам тарғибу муаррифии арзишҳои миллӣ саҳмгузор бошад.

Маҳмадалӣ Махмадалиев
Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий