Дулона

  Дулона буттамеваи хушмазза буда,  хосияти фоидабахширо низ  доро мебошад. Аз ҷумла, фишорабландиро муътадил гардонида шамолхурдагиро фоидаи хуб аст. Барг, гул ва буттавемаро бештар дар гиёҳдармонӣ васеъ истифода мебаранд. Ин буттамева дар таркибаш фланоид дошта, хусусияти паст кардани холестеринро дар хун дорад. Инчунин, давои хубест барои фишорбаландӣ.
 Истеъмоли дулона ба системаи дилу рагҳо таъсири хуб расонида, ба кори гурда низ фоидабахш аст. Бештари вақт шамолхӯрии сахт ё асабоният одамиятро ба дигар бемориҳо оварда мерасонад. Дулона маҳз буттамеваест, ки дар пешгирии бемориҳои асаб, фишорбаландӣ, шамолхурӣ, системаи дилу рагҳо, ҳатто ба диабети қанд  мусоидаткунанда мебошад. Барои нафароне, ки хасташавӣ, бехобӣ ва стресс доранд, таъсири мусбат мерасонад. Набояд фаромӯш сохт, ки меъёри якрӯзаи истеъмоли дулона 150 грамм мебошад. 
 Дулонаро барои рафъи қабзияти шикам, умуман ба меъёр даровардани фаъолияти медаву рӯда низ васеъ истифода мебаранд.  Аз ҷумла, баҳри мубориза бар вирусҳо ва мустаҳкамии масунияти одам бештар истеъмол мекунанд.
Барги дулона хусусияти фоидабахшӣ дошта чой аз барги ин буттамева давои диққи нафас буда, ҳангоми фишорбаландӣ ва диқи нафас кумак хоҳад расонд.  Инчунин, барг ва гули дулона ба бемориҳои пӯст низ тавсия дода мешавад. Чой аз решаи ниҳоли дулона барои дарунравӣ давои хуб буда, ҳамчун пешоброн истифода мебаранд. 
Барои он нафароне, ки фишори паст доранд, ҳомиладорон ва модароне, ки ба атфол шир медиҳанд, аз истеъмоли ин буттамева бояд худдорӣ намоянд. Зеро ҳомиладоронро эҳтимоли хунравӣ ва бачапартоӣ таҳдид мекунад. Истеъмоли аз ҳад зиёди дулона ба бемадорӣ, дарди  сар, фишори паст оварда мерасонад.
Ҳоло мавсими ҷамъоварии дулона буда, аз он мураббо ва шарбат омода мекунанд. Инчунин, дулонаро хушк карда, аз он чой дам мекунанд. 
МУРАББО АЗ ДУЛОНА
Дулона  - 1 кг
Шакар – 1 кг
Об  - 300 миллилитр
Кислотаи лимў – ¼ қошуқча
Дулонаро аз баргу шохчаҳо ҷудо карда, мешӯем. Аз об ва шакар қиём омода мекунем ба он дулонаҳоро меандозем. Дар аввал каме ҷўшонида кофта меистем, то тагаш ба зарф начаспад. Пас аз болои оташ гирифтан дигар намекобем ва муддати 10-12 соат нигоҳ медорем. Баъд аз муддати муайяншуда мурабборо боз рўи оташ мегузорем ва 20-25 дақиқа меҷўшонем. Наздик ба омода шудани мураббо кислотаи лимўро илова мекунем. Агар хоҳед мураббо ғафстар шавад, метавонед боз муддати 20-25 дақиқаи дигар ҷўшонед, дар зарфҳои тамйизкардашуда андохта маҳкам мекунем.
    Шарбати дулона 
Дулона – 600 гр
Шакар – 200 гр
Кислотаи лимў – 0,5 қошуқча
Дулонаро тоза шуста ба зарф меандозем ва аз болояш оби ҷӯшомадаро рехта сарпӯшашро пӯшонида муддати 20 дақиқа нигоҳ медорем.  Пас аз 20 дақиқа обро бо бутамеваҳояш ба зарфи сирдор рехта,  ба он шакар меандозем ва меҷӯшонем дар охир кислотаи лимӯро андохта,  каме ҷӯшонида ба зарфҳои тамйизкардашуда андохта махкам мекунем.

НӮШИН
Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий