Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ЛЕВАКАНТ. МЕҲНАТКАШОНИ ПЕШСАФ ҚАДРДОНӢ ШУДАНД
Дар шаҳри Левакант меҳнаткашони шаҳр барои иҷрои босифати нақшаи ҷамъоварии пахта қадрдонӣ шуданд.
Дар ин хусус аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ба “Сафо” иттилоъ доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи пурмаҳсул меҳнат намудани хоҷагиҳои пахтакори шаҳр дурнамои ҷамъоварии “тиллои сафед” дар шаҳри Левакант барзиёд иҷро гардида, хоҷагидорон азм доранд ҳосили дар саҳро бударо то кӯраки охирин белелаф ҷамъоварӣ намоянд.
Тибқи иттилоъ соли равон дар шаҳри Левакант дар майдони 1030 гектар пахта кишт шуда, меҳнаткашон тавонистанд аз ҳар як гектар 24 сентнерӣ ҳосил ба даст оранд.
Меҳнати босамари барзгаронро ба назар гирифта, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант хоҷагиҳои пешсаф ва роҳбарони корхонаҳои саноатии коркарди пахта бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки меҳнаткашони шаҳри Левакант дар миқёси вилоят яке аз аввалиҳо шуда нақшаи ҷамъоварии пахтаро иҷро карда, то имрӯз нақшаи дурнаморо ба 100,39 фоиз расонидаанд.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 14:28Қурутҳои кӯҳистон 15:25САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН 15:20“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД 14:50БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД 12:27БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД 13:25ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН 12:41ШУМОРАИ НАФАҚАГИРОН АФЗУДААСТ 15:51
Серхонандаҳо
Эмомалӣ Раҳмон- бунёдгузори мактаби давлатдории муосири миллӣ
Дӯстӣ. Нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро шуд
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
“ВАХШИ ЗАРНИСОР” ЧЕМПИОН ШУД
Санаҳои ифтихории миллат
БАХТНОМАИ МИЛЛАТ
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ШУМОРАИ НАФАҚАГИРОН АФЗУДААСТ
ШАРОРАИ ХОТИРАҲО
ҶАЛАСАИ КОРӢ ОИД БА БАРРАСИИ ВАЗЪИ ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ