Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Конференсия бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
Дар Қасри фарҳанги Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода конференсия бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ раёсат, профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ ширкат варзиданд.
Дар оғоз муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода баромад карда, ҳозиринро аз номи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо Рӯзи забони давлатӣ табрик намуд. Дар ҷомеаи муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатӣ тоҷикӣ буда, халқ бо ин забон сухан мегӯяд. Таҳия ва татбиқи чорабиниҳо, мураттабсозии ҳуҷҷатгузорӣ ва фаъолияти одамон дар асоси забони тоҷикӣ амалӣ мегардад.
Дар баромад таъкид шуд, ки манбаи хушҳолист, ки дар даврони истиқлолияти Ватани азиз мо забони миллӣ дорем ва пояи давлатдорӣ ва ифтихори миллии мо бо пуштибонии шахсияти бузурге – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки садоқаташ ба муқаддасоти миллат, аз ҷумла забони модарӣ, бемисл аст, мустаҳкам шудааст. Ба шарофати Пешвои миллат забони давлатӣ ба даст омадааст.
Дар идомаи конференсия Ҳамдамзода Хурсанд бо маърӯзаи худ баромад намуда, ҳозиринро аз номи роҳбарияти донишгоҳ бо Рӯзи забони давлатӣ табрик гуфт. Ӯ иброз дошт, ки забон кафолати ҳастии давлат, нишонаи миллат ва муҳимтарин воситаи муоширати байни одамон мебошад. Забон дар тамоми давру замонҳо пояи давлатдорӣ буд, ҳаст ва боқӣ мемонад.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки набояд фаромӯш кард, ки забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ на танҳо дар корҳои дохилӣ ва муоширати дохилӣ, балки дар муносибатҳои хориҷии мо низ истифода мешавад.
Сипас, як қатор омӯзгорон бо маърӯзаҳо баромад карда, андешаҳои худро дар бораи мақоми забони давлатӣ ва эҳтироми он баён карданд. Дар фарҷоми конференсия донишҷӯён ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ шеърҳо қироат намуданд.
Добавить комментарий
Ахбор
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 14:28Қурутҳои кӯҳистон 15:25САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН 15:20“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД 14:50БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД 12:27БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД 13:25ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН 12:41ШУМОРАИ НАФАҚАГИРОН АФЗУДААСТ 15:51
Серхонандаҳо
Эмомалӣ Раҳмон- бунёдгузори мактаби давлатдории муосири миллӣ
Дӯстӣ. Нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро шуд
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
“ВАХШИ ЗАРНИСОР” ЧЕМПИОН ШУД
Санаҳои ифтихории миллат
БАХТНОМАИ МИЛЛАТ
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ШУМОРАИ НАФАҚАГИРОН АФЗУДААСТ
ШАРОРАИ ХОТИРАҲО
ҶАЛАСАИ КОРӢ ОИД БА БАРРАСИИ ВАЗЪИ ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ