Аз рӯзгори пирони барнодил

      
   Вақте ки мо барои аёдат ва суҳбат бо яке аз шахсони обрӯманду рӯзгордида, сокини деҳаи Истиқлоли Ҷамоати деҳоти “Навбаҳор”-и ноҳияи Кӯшониён, пири равшанзамир Абдулҳақ Розиқов рафтем, ӯ машғули мутолиаи “Девон”-и Мавлоно Ҷалолинддини Балхӣ буд.
   Синну солаш бо 109 расида бошад ҳам, ҳоло ҳам китоб мехонад. Ба гуфти ӯ китобхонию донишандӯзӣ аз овони наврасӣ машғулияти дӯстдоштааш мебошад. Бо овози хаста ва андешаву хотираи қавӣ  ҳамаи саргузашти ибратомӯзашро бароямон нақл кард. Ӯ соли 1919 дар деҳаи Тутқавули шаҳри Норак ба дунё омадааст.
   Дар се солагиаш аз навозишу меҳрубониҳои модар маҳрум монд. 6 сола шуд, ки падараш аз дунё гузашт.
   Ин кӯдаки аз волидон ятиммонда бо ду бародараш дар тарбияи амакҳояш монданд. Зиндагии сахту мушкил ва тоқатфасо онҳоро домангир буд. Рӯзгори сахти онҳо сахттар мешуд. Абдулҳақи наврас шаҳди зиндагиро начашида, ба сардиву сахтиҳои зиндагӣ рӯ ба рӯ  мешуд. Рӯзгор ба ӯ тараҳҳум надошт. Дар хонаи амакҳояш низ рӯзи хуш надид. Яке аз хешони дури онҳо Маҳмуд Каримов ва Эшони Ҳайдархон тарбияи се ятимбачаро ба уҳда гирифтанд. Дар байни бародарон Абдулҳақ чусту чолок ва қобил буд. Вай ҳам соҳиби дониши динӣ гардиду ҳам дониши дунявӣ. Бо яке аз духтарони деҳаи ҳамсоя хонадор шуд. Бо бародаронаш Розиқов Холиқ ва Розиқов Ҳайдар муддате дар деҳаи Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ ва деҳаи Ғарави ноҳияи Ёвон зиндагӣ карданд. Оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) зиндагии осоиштаи мардумро халалдор намуд. Ҳар ду бародараш Холиқ ва Ҳайдарро ба фронт бурданд.
  Бародари калониаш Ҳайдар Розиқов дар ҷанг ҳалок гардиду аз ӯ хати сиёҳ омад. Бародари хурдиаш сарбаландона аз ҷанг баргашт. Давлати абарқудрати дунё – Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравии Сотсиалистӣ солҳои азнавбарқароркунии баъди ҷангро аз сар мегузаронид. Зиндагии мардум вазнин буду ба сахтӣ мегузашт. Оилаи Розиқовҳо кӯчида ба деҳаи имрӯзаи Истиқлоли (собиқ ба номи Ленин) Ҷамоати деҳоти “Навбаҳор”-и ноҳияи Кӯшониён омаданд.
 Абдулҳақ Розиқовро, ки шахси рӯзгордидаву обрӯманд буд, сардори бригадаи пахтакорӣ таъйин намуданд. Тавассути меҳнати ҳалол  ва таҷрибаи пешқадам аъзоёни бригада ҳамасола аз ҳар як гектар замин 40-45 сентнер тиллои сафед ҷамъоварӣ менамуданд. Ҳамчун деҳқони фидокору пешқадам барои дастовардҳои бузурги меҳнатӣ бо чандин ордену медалҳо - “Барои меҳнати шоён”, “Ветерани меҳнат” ва бисёр мукофотҳои молию пулӣ қадрдонӣ шудааст.
  Ин пири барнодилу рӯзгордида ҳамроҳи ҳамсари меҳрубонаш 13 фарзандро ба дунё овардаву тарбия намуданд. Онҳо имрӯз хизмати халқу Ватанро сарбаландона ба ҷо меоранд. Аз бахти неки фарзандонаш меболад. Дар ҳалқаи фарзандон ва 100 нафар наберагону аберагон давлати пирӣ меронад.
  - Гоҳо ёди рӯзгори гузашта мекунам,–мегӯяд бобои Абдулҳақ. Ба хаёлам зиндагӣ ба монанди бод дар як дам гузашт. Хотираҳо маро ба дашту даман, рӯди сероби Вахш, деҳаву кӯҳҳои сар ба фалаккашида ва табиати биҳиштосои Норак мебарад. Овони кӯдакию наврасӣ дар зиндагӣ азобу сахтиҳои бисёре ба сарам омад. Хушбахтона, ба рӯзгори осоиштаю пурсаодат расидем.
 Ин ободию созандагиҳо, бунёдкориҳо ва рӯз ба рӯз рушду зебо гардидани Тоҷикистони азизамро мебинаму шукрона мекунам, ки ин шаҳомати зиндагии хушу гуворо ва рангин бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиби халқи мо гардидааст.
  Воқеан ҳам рӯзгори ин пири барнодилу рӯзгордида намунаи ибрату омӯзанда аст:
              Ройи равшан зи бузургони куҳансол талаб,
               Обҳо соф дар айёми хазон  мегарданд.

      Аъзам Бобозода


Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий