БОХТАР. МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФ БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД

Барои бемамоният сипарӣ намудани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024 – 2025 масъулини муассисаҳои соҳаи маорифи шаҳри Бохтар хуб омодагӣ дидаанд.

Шоиста Абдуназарзода, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар зимни суҳбат иброз намуд, ки ҷиҳати хуб сипарӣ намудани зимистони дар пеш истода, нақшаи таъмини ангишт, ки 319 тоннаро дар бар мегирифт 100 фоиз иҷро шудааст. 

Захираи ҳезум, ки нақшаи он 309 куб мебошад, то инҷониб 80 дарсад иҷро шуда, рӯзҳои наздик ба пуррагӣ таъмин хоҳад шуд.

Номбурда афзуд, ки шишабандӣ намудани тирезаҳо тибқи нақша ба андозаи сад фоиз таъмин гардида, соли равон қисмати зиёди тирезаҳои куҳнаи синфхонаҳои муассисаҳои таълимию кӯдакистонҳо бо тирезаҳои пластикии замонавӣ иваз карда шуд.

Перомуни ин масъала сардори шуъбаи хазинадории Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар Шуҳрат Бозорзода иттилоъ дод, ки барои омодагии муассисаҳои соҳаи маориф ба давраи тирамоҳу зимистон, аз ҳисоби буҷети шаҳр 424 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки пурра пардохт карда шуд.

С. СУЛТОНОВ


Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий