Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ЗИЁДА АЗ 26 ҲАЗОР ТОННА ПАХТА ҶАМЪОВАРӢ ШУД
Имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон маъракаи чиниши пахта бо маром идома дошта, то 16 сентябри соли равон 26 ҳазору 315 тонна “тиллои сафед” ҷамъоварӣ шудааст.
Ин нишондод 8,9 фоизи нақшаи умумии вилоятро дар бар мегирад.
Сафарзода Шаҳрзод, муовини сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон ба “Сафо” иттилоъ дод, ки пахтакорони вилоят соли равон дар майдони 120 ҳазору 716 гектар пахта кишт намуда, нақша доранд 295 ҳазору 200 тонна ин ашёи хоми саноатиро ҷамъоварӣ намояд.
Ба иттилои манбаъ кишти пахта назар ба соли гузашта 4,5 ҳазор гектар зиёд шудааст.
Ҳосилнокӣ ба сари ҳар як гектар ба андозаи 23,9 сентнерӣ рост омада, хоҷагиҳои пахтакори вилоят азм доранд аз ин рӯзҳои офтобӣ пурсамар истифода бурда, то кӯракӣ охирин ин дурри гаронбаҳои саноатиро беталаф ҷамъоварӣ намоянд.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
Серхонандаҳо
Аз рӯзгори пирони барнодил
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ОМӮЗГОР ДАР ХАТЛОН
Конференсия бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
"ХАТЛОН - ИНВЕСТ 2024" ВА " БОХТАР - ФУД 2024" БАРГУЗОР МЕГАРДАД
БУНЁДИ ЯК ГУЛГАШТИ НАВ ДАР БОХТАР
БЕШ АЗ 136 КИЛОМЕТР РОҲ ТАЪМИРУ БОЗСОЗӢ ШУД
ЗИЁДА АЗ 2960 НАФАР ТАШХИСУ МУОИНА ШУДАНД
Аз рӯзгори чинакчиён
ЛЕВАКАНТ. МЕҲНАТКАШОНИ ПЕШСАФ ҚАДРДОНӢ ШУДАНД
НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲИИ ҶАВОНОН БА САФИ АРТИШИ МИЛЛӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ПУРРА ИҶРО ШУД