Меъмори Истиқлол

Истиқлолият аз орзуву ормонҳои ҳазорсолаи халқи тоҷик ба ҳисоб рафта, ин неъмати бебаҳо баъди муборизаҳои ҳазорсолаҳои гузаштагонамон барои соҳиби давлат шудану тақдири хешро ба дасти худ навиштан ба даст омадааст. Аз масири муборизаҳои озодихоҳӣ, ки садсолаҳо идома ёфта, чандин наслҳои халқи тоҷик сарнавишити талхеро паси сар намудаанд, достону қиссаҳои пандомӯзе барои ояндагони хеш боқӣ гузоштаанд. Бахусус, ҳаводиси солҳои 1991-и асри гузашта, ки душманони миллати тоҷик бо ҳадафи ба нестӣ расонидани истиқлоли тозарасидаи мо садо баланд карда буданд, фаромӯш ношуданист. 
Дар ҳамон шабу рӯзе, ки душманон миёни мардум фитна ангехта, ҷомеаро парешон сохтаву худ нақшаҳои хоҷагонашонро амалӣ мекарданд, хатари парокандагии ҷомеа ва  ба қисматҳо тақсим намудани сарзамини Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳдид мекард. Тақозои замон буд, ки дар он лаҳзаҳои ҳассосу сарнавиштсоз шахсияте дар арсаи сиёсат зуҳур карда, бо шуҷоати бемислу садоқати бепоён миллатро аз парокандагӣ Тоҷикистонро аз вартаи нестӣ бираҳонад. Дар ин айёми сарнавиштсоз фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон ба саҳнаи сиёсат ворид шуду ин абармард бо ҷасорати ба худ хос кишварро аз алангаи оташи ҷанги шаҳрвандӣ наҷот бахшид. 
Вақт собит намуд, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамон шахсияти беназири таърихист, ки бо амри тақдир ва ҳидояти Парвардигор аз иҷрои ин рисолати муҳим ба сарбаландӣ мебарояд. Сарвари ҷавони кишвари ҷангзада аз нахустин лаҳзаҳои Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданашон бо иқдомҳои ватандӯстонаву тасмимгириҳои ҷиддӣ дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ муваффақ гардида, дар баробари гирдиҳамовардани сангарҳои мухолиф бояд муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан бармегардонид. Дар ин масири муборизаву фидокориҳо борҳо аз минбарҳои баланд изҳор намуда буд, ки ба ҳар хонадон сулҳ меоварад ва барои ин миллат ва Точикистони азиз лозим ояд, ҷони худро дареғ намедорад. 
Ҳамин хислатҳои волову инсондӯстона ва ҳисси баланди меҳандӯстонааш буд, ки миёни хурду бузурги сокинони кишвар ва ҳам дар арсаи сиёсатҳои бузург ҳамчун шахсияти обрӯманду дар аҳди хеш вафодор муаррифӣ шуда, таҷрибаи сулҳовариаш мавриди омӯзиши ҷаҳониён қарор гирифт.
Имрӯз ҳам Пешвои муаззами миллати мо ҳамчун Роҳбари тоҷикони ҷаҳон баҳри ҷойгоҳи шоиста пайдо намудани миллати тоҷикон аз мавқеи ҳамзабонони мо дар ақсои гуногуни олам дифоъ мекунанд, ки бозгӯи ҷавонмардиву шуҷоати Сарвари хирадманди мост.
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусу иқдомҳои шоиставу созанда мардумро ба ватансозӣ, ободгарӣ ва ба зиндагии шоиста даъват намуда, мамлакати дар оташи ҷанг мондаро ба кишвари шукуфону тараққикарда табдил доданд. 
Агар ба раванди корҳои ободонии чанд соли охир бингарем, дар ин давра дар кишвар дигаргуниҳои бузург ба чашм мерасанд, ки бо бунёди ҳазорон иншооти замонавӣ аз сатҳи деҳот то шаҳрҳои бузурги кишварамон симои худро куллан дигар кардаанд. 
Бинобар ин, тамоми дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ аз ноил шудан ба сулҳу ваҳдати миллӣ ва азму иродаи тавонманди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмом сарчашма мегирад, ки ҳамчун меъмори Истиқлол ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат роҳнамои мардум дар масири таҳкими сулҳу ваҳдати сартосарӣ, мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ ва ҳидоятгари мо дар иқдомҳои бунёдкориву ватансозӣ мебошад.
Ҷашни 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба МЕЪМОРИ ИСТИҚЛОЛ ва пайравони содиқи ӯ- мардуми шарифи Тоҷикистон муборак бод!


Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019