Меҳри мардум ба роҳҳои оҳанин

“Роҳҳои оҳан, омили пешрафти иқтисодиёт, рушди фарҳанг, равобити тиҷоратӣ ва аз байн рафтани маҳдудиятҳои маҳаллӣ мебошад”.
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳаракати қатораҳои мусофирбар роҳҳои дурро наздик ва хароҷоти мусофиронро кам менамояд. Аз ин ҷост, ки имрӯз сокинон бо харҷи ҳамагӣ 10 сомонӣ имкон доранд садҳо километр роҳро тавассути қатора тай намоянд. Зеро ба ҳам пайвастани қитъаҳои марказию ҷанубии роҳи оҳан ба мусофирон ва содиркунандагони молу маҳсулоти ватанӣ имкон фароҳам овард, ки бо хароҷоти кам ва масофаи нисбатан наздик, аз як ҷо ба ҷое сафар карда, ҳам борҳои худро интиқол диҳанд. 
–  Роҳкиро аз шаҳри Бохтар то ба Кӯлоб тавассути таксӣ барои як нафар 80 - 100 сомонӣ аст, - мегӯяд Ширмоҳ Аскарова, сокини вилояти Хатлон. – Аз ин рӯ мо ҳамеша тавассути қатора 15 сомонӣ сарф карда, аз Душанбе ба Кӯлоб меравем ва гоҳо бо харҷи 10 сомонӣ аз Душанбе ба Бохтар сафар менамоем. 
Ба гуфтаи холаи Ширмоҳ ин гуна хатсайрҳо дар ин шабу рӯз ҳарқадар ки зиёд бошанд, ҳамонқадар барои сокинон хуб аст, чун ҳоло дар роҳҳои мошингард таъмир рафта истодаасту роҳкирои таксиҳо низ бисёр ҳангуфт аст. 
Аҳадуллои Қурбон, сокини дигари вилоят низ пайваста аз хизматрасониҳои КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” истифода мебарад. Зеро ба гуфти ӯ роҳкиро тавассути хатсайрҳои қатораҳо мувофиқ ба хости махсусан, донишҷӯён аст.  
– Вақте донишҷӯ будам, ҳар ҳафта имкон доштам бо харҷи 20 сомонӣ, рафтаю аз ҳоли аъзои оила хабар гирифта, баргардам,-ёд меорад Аҳадуллои Қурбон. – Дар Бохтар таҳсил мекардам, аммо агар аз хизматрасонии қатораҳо истифода намебурдам, маҷбур мешудам, дар чанд моҳ як бор ба хона равам. Аз ин рӯ, тавассути қатора қариб, ки ҳар ҳафта ба Восеъ мерафтаму боз бармегаштам. Агар гӯем, аз ҳама бештар хизматрасониҳои мусофирбарии КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”-ро донишҷӯён истифода мекунанд, хато намекунем. 
Дарвоқеъ, танҳо бо ҳозир гаштан ба яке аз  истгоҳ ё вокзал,  метавон 100-150 нафарро мушоҳида кард, ки маҳз аз хизматрасониҳои хатсайри дохилишаҳрии КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” истифода мебаранд. Зеро чуноне мардум изҳор медоранд, дар ин шабу рӯз, ки арзиши сӯзишворӣ гарону нархи роҳкирои мошинҳои мусофирбар боло рафтааст, қатора ягона воситаест, ки ба дарди онҳо мехӯрад.

50- солагии роҳи оҳан дар Хатлон 

– Санаи 17 август дар тақвими сол ҳамчун иди касбии роҳиоҳанчиён сабт гардидааст. Чун мавриди истифода қарор гирифтани роҳи оҳани минтақаи Хатлон ба солҳои 1974 рост меояд, имсол мо 50- солагии роҳи оҳани минтақаро таҷлил менамоем, - иброз медорад Зоиршо Файзуллоев, муовини сардори Хадамоти бехатарии ҳаракати қатораҳои КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дар минтақаи Хатлон. –  Масоҳати умумии роҳҳои оҳан дар ҳудуди  вилояти Хатлон 350 километрро ташкил дода, дар ҳоли ҳозир ду хатсайр барои мусофирон хизмат мерасонад. Хатсайри байналмилалӣ ва хатсайри дохилишаҳрӣ. 
Бинобар гуфтаи Зоиршо Файзуллоев тавассути хатсайри байналмилалӣ сокинон имкон доранд ҳафтае як маротиба аз Кӯлоб ба Федератсияи Россия, шаҳри Волгоград ё баръакс аз Волгоград ба Кӯлоб ва бо истифода аз хатсайри дохилишаҳрӣ, аз Душанбе ба Бохтар – Кӯлоб ва аз Кӯлоб ба Бохтар – Душанбе рафту омад намоянд.
 – Хатсайри дохилишаҳрӣ чанд сол қабл ба Ҷалолиддини Балхию Шаҳритус ҳам мусофиронро мекашонид, аммо бинобар сабаби кам будани мусофир ҳаракати қатораҳои мусофирбар дар ин хатсайр қатъ карда шудааст. Чун хатсайри дохилишаҳрӣ танҳо барои хизматрасонии мардум пешбинӣ шудаасту ба КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” қариб,ки манфиат надорад. Аммо бинобар талаботи аҳолӣ ин хатсайр солҳои тулонист, ки ба мардум хизмат мерасонад. 
Дар баробари мусофиркашонӣ, ҳамарӯза ҳазорҳо тонна бору маҳсулоти кишоварзию саноатии коргоҳу корхонаи ҳудуди вилоят ва кишоварзон маҳз тавассути роҳҳои оҳан аз ҷое ба ҷойи дигар интиқол дода шуда, ҳатто ба хориҷи кишвар содирот карда мешавад. 
– Барои бозҳам босифат ва саривақт анҷом додани хизматрасониҳои худ КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” аллакай бо бастани шартнома, ба корҳои лоиҳакашию сохтмонии роҳи оҳани Ҷалолиддини Балхӣ – Панҷи поён оғоз бахшидааст,- изҳор дошт Зоиршо Файзуллоев. – Роҳи оҳани мазкур дар масоҳати 51 км ба нақша гирифта шуда, аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ то гузаргоҳи сарҳадии ҳамсоякишвар Афғонистон тул мекашад. Бо бунёду мавриди истифода қарор гирифтани ин хатсайри роҳи оҳан содироти молу маҳсулоти махсусан кишоварзӣ ба кишварҳои дигар тавассути гузаргоҳи сарҳадии Панҷи поён – Қундуз бозҳам осону қуллай мегардад.  Қобили зикр аст, ки имрӯзҳо тавассути гузаргоҳи Амузанг (Тирмизи Ӯзбекистон) молу маҳсулоти кишоварзон вориду содирот гашта истодааст. 

Истиқлолият ва бунёди роҳҳои оҳан

Бо ба даст овардани соҳибистиқлолии кишвар дар аксар аз минтақаҳои Тоҷикистон, махсусан вилояти Хатлон роҳҳои оҳан бунёду ҳаракати қатораҳои мусофиркашу борбар бештар гардид. Сохтмони роҳи оҳани Бохтар – Кӯлоб ба дарозии 132 км, ки ба соли 1999 рост меояд, далели гуфтаҳои болост. Ин роҳи оҳан аз 5 кӯпруки калон ва 7 истгоҳу вокзал иборат аст. 

– Маҳз дар давраи соҳибистиқлолӣ, роҳи Душанбе – Ваҳдат – Ёвон бо масофаи 40,7 км ва роҳи Ҷалолиддини Балхӣ – Шаҳритус бунёд карда шуд, ки ин имкон фароҳам овард, дар баробари хатсайрҳои байналмилалӣ, ҳамчунин, хатсайрҳои дохилӣ роҳандозӣ гардад, - мегӯяд Зоиршо Файзуллоев, муовини сардори хадамоти бехатарии ҳаракати қатораҳои КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дар минтақаи Хатлон. –Сол то сол дар баробари азнавсозии роҳҳои оҳан, ҳамчунин, истгоҳу вокзалҳои ҳудуди вилоят низ таъмиру азнавсозӣ гардида, шароити кории кормандони соҳа хубтару беҳтар шуда истодааст. 
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ, роҳбарияти КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” вагонҳои нави боркаш, мусофирбар, тепловозу дизел-қаторабари мусофирбарро харидорӣ намудааст, ки имрӯз дар содироти молу маҳсулот ва мусофиркашонии байналмилалӣ истифода мегарданд. 

Н. Исо


Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019