Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Бохтар. Тақдими туҳфаҳои Пешвои миллат
Имрӯз 30 август ба 100 нафар ятимони кулл ва кӯдакони оилаҳои ниёзманди шаҳри Бохтар туҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим карда шуд.
Иқдоми мазкур дар арафаи соли нави таҳсили 2024 – 2025 амалӣ гардида, аз маҷмӯи сари либос ва ловозимоти хониш иборат буд.
Ҳадяҳои идонаро раиси шаҳри Бохтар Абдулмаҷид Муминзод ва дигар ҳайати ҳамроҳонаш ба наврасон тақдим карданд.
Қишрҳои ниёзманди ҷомеа, ба хусус ятимони кулл ва кӯдакони оилаҳои ниёзманд пайваста зери ғамхориҳои бевоситаи Сарвари дурандешу ятимпарвари мамлакат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, мунтазам дастгирӣ меёбанд.
Наврасон бо шукргузорӣ аз Ватани ободу пешрафта миннатдории хешро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён дошта, изҳор намуданд, ки ғамхориҳои падаронаи Президенти мамлакатро пайваста эҳсос мекунанд. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо онҳо ваъда доданд, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, оянда тамоми кӯшишу ғайрати хешро баҳри ободии ин диёри биҳиштосо равона месозанд.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ОМӮЗГОР ДАР ХАТЛОН 13:00НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲИИ ҶАВОНОН БА САФИ АРТИШИ МИЛЛӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ПУРРА ИҶРО ШУД 14:49Тарбуз барои зимистон 15:48АЗ АСРИ САНГ ТО ИСТИҚЛОЛ 14:39Зиёдулло Абдулзода: Ҳавасмандии омӯзгорон ба кори мактабу маориф бештар гардидааст 14:10БОХТАР. МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФ БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 11:23КӮЛОБ. РОҲҲОИ МАҲАЛЛӢ МУМФАРШ ГАРДИДАНД 16:18Ба шумо парвози бобарор мехоҳем! 09:59
Серхонандаҳо
Зиёдулло Абдулзода: Ҳавасмандии омӯзгорон ба кори мактабу маориф бештар гардидааст
Нақши муассири Истиқлоли давлатӣ дар ташаккули рукнҳои давлатдорӣ
ОХИРИН УМЕДИ ИН УМЕДДОРОН ЗИНДА БОД
Меъмори Истиқлол
КӮЛОБ. РОҲҲОИ МАҲАЛЛӢ МУМФАРШ ГАРДИДАНД
МУЛОҚОТИ СУДМАНД
“Рӯзи саводнокии молиявӣ” дар минтақаи Бохтар
ЗИЁДА АЗ 26 ҲАЗОР ТОННА ПАХТА ҶАМЪОВАРӢ ШУД
БОХТАР. МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФ БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД
ОМОДАГИҲО БА ДАВРАИ ТИРАМОҲУ ЗИМИСТОН ХУБ АСТ