Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУН ОҒОЗ ШУД
Дар Донишогҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” оғоз гардид.
Тавре дафтари матбуотии МИҲД-и вилояти Хатлон иттилоъ додааст, дар ин даври озмун 1121 довталаб аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок менамоянд, ки аз ин шумора 704 нафарашон занону духтарон мебошанд.
Ба хотири пурра таъмин кардани шаффофият, пешгирӣ аз ҳолатҳои баҳогузории ғайримеъёрӣ ва қонеъ гардонидани дархости иштирокчиён рафти даври сеюми озмун пурра ба навор гирифта мешавад.
Аъзои ҳакамон супориш гирифтаанд, ки дар рафти озмун шаффофиятро таъмин намуда, аз рӯи принсипӣ ягона ба иштирокчиён баҳогузорӣ намоянд ва нафарони лаёқатмандро ба даври ҷумҳуриявии озмун пешниҳод намоянд.
Манбаъ навиштааст, ки дар маросими кушодашавии озмун муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода ва дигар масъулон иштирок намудаанд.
Ин даври озмун аз имрӯз, яъне 15-ум август оғоз гардида, то 27-уми августи соли равон идома меёбад ва беҳтаринҳо ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат хоҳанд гирифт.
С. СУЛТОНОВ
(Аксҳо аз МИҲД-и вилояти Хатлон)
Добавить комментарий
Ахбор
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ОМӮЗГОР ДАР ХАТЛОН 13:00НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲИИ ҶАВОНОН БА САФИ АРТИШИ МИЛЛӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ПУРРА ИҶРО ШУД 14:49Тарбуз барои зимистон 15:48АЗ АСРИ САНГ ТО ИСТИҚЛОЛ 14:39Зиёдулло Абдулзода: Ҳавасмандии омӯзгорон ба кори мактабу маориф бештар гардидааст 14:10БОХТАР. МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФ БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 11:23КӮЛОБ. РОҲҲОИ МАҲАЛЛӢ МУМФАРШ ГАРДИДАНД 16:18Ба шумо парвози бобарор мехоҳем! 09:59
Серхонандаҳо
Зиёдулло Абдулзода: Ҳавасмандии омӯзгорон ба кори мактабу маориф бештар гардидааст
Нақши муассири Истиқлоли давлатӣ дар ташаккули рукнҳои давлатдорӣ
ОХИРИН УМЕДИ ИН УМЕДДОРОН ЗИНДА БОД
Меъмори Истиқлол
КӮЛОБ. РОҲҲОИ МАҲАЛЛӢ МУМФАРШ ГАРДИДАНД
МУЛОҚОТИ СУДМАНД
“Рӯзи саводнокии молиявӣ” дар минтақаи Бохтар
ЗИЁДА АЗ 26 ҲАЗОР ТОННА ПАХТА ҶАМЪОВАРӢ ШУД
БОХТАР. МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФ БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД
ОМОДАГИҲО БА ДАВРАИ ТИРАМОҲУ ЗИМИСТОН ХУБ АСТ