Э Ъ Л О Н

Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тибқи қарори раиси вилоят аз 26 июли соли 2024, №160 “Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои раиси вилояти Хатлон оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2024-2025” бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон озмуни грантҳои раиси вилояти Хатлонро эълон менамояд.
-2 грант дар ҳаҷми 25000(бисту панҷ ҳазор) сомонӣ
-6 грант дар ҳаҷми 20000 (бист ҳазор) сомонӣ
-22 грант дар хаҷми 15000(понздаҳ ҳазор) сомонӣ
    Вобаста ба ин аз занҳои соҳибкор хоҳиш карда мешавад, ки лоиҳаҳои худро ҷиҳати иштирок дар озмун барои гирифтани гранти раиси вилоят аз 1 август то 1 сентябри соли 2024 ба унвонии Комиссияи грантии вилоят, ба суроғаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Раёсати кор бо занон ва оила пешниҳод намоянд.
       Тартиби баррасии дархост:
Тартиби ба расмият даровардани шакли дархост тибқи замима муайян карда мешавад (намунаи дархост замима мегардад).
       Қабули дархостҳо ҷиҳати иштирок дар озмун пас аз чопи эълон дар воситаҳои ахбори омма шуруъ мегардад.
Дархостҳои барои иштирок дар озмун пешниҳодшуда аз ҷониби комиссия дар давоми ду моҳ пас аз анҷомёбии муҳлати қабули дархостҳо баррасӣ мегарданд. Ҳуҷҷатҳои лоиҳаи грантии занҳои соҳибкор, шахсони алоҳидаи воқеии вилояти Хатлон, ки ба озмун пешниҳод шудаанду аз он нагузаштаанд, баргардонида намешаванд.
     Дархостҳо тибқи намунаи муқарраргардида ба расмият дароварда нашудаанд, аз ҷониби комиссия баррасӣ карда намешаванд.
          Танҳо 30 (сӣ) лоиҳаи грантии беҳтарин маблағгузорӣ карда мешавад. Ҳаҷми Грант мувофиқи харҷномаи воқеӣ ва корҳои банақшагирифташуда муайян карда мешавад.
      Байни Раёсат ва занҳои соҳибкор, шахсони алоҳидаи воқеии вилояти Хатлон, ки лоиҳаҳои грантиашон дар озмун ғолиб омадаанд, оид ба татбиқи лоиҳаи грантӣ шартномаи тарафайн ба имзо расонида мешавад, ки дар он уҳдадориҳои тарафҳо ва шартҳои маблағгузории лоиҳа муайян карда мешаванд.
     Муҳлати қабули дархостҳо барои иштирок дар озмун аз 1 август то 1сентябри соли 2024-ро дар бар мегирад.
Дархост ва номгӯи
ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда барои иштирок дар озмуни грантҳо:
1.    Ариза ба унвони раиси комиссияи грантӣ
2.    Маълумот дар бораи соҳибкор;
-    Шарҳи ҳоли соҳибкор;
-    Нусхаи шиноснома;
-    Ду дона акси 3х4;
-    Нусхаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);
-    Маълумотнома аз ҷойи истиқомат;
-    Маълумотномаи нозироти андоз оид ба набудани қарз ва уҳдадориҳо; -маълумоти мухтасар дар бораи фаъолияти соҳибкорӣ (оғози фаъолият аз самтҳои асосии фаъолияти соҳибкорӣ).
3.    Маълумот дар бораи лоиҳа;
-    Номи лоиҳа;
-    Тавсифи лоиҳа ва асосноккунии он;
-    Мақсаднок будани лоиҳа (мақсад бояд воқеӣ бошад);
-    Вазифаҳои лоиҳа;
-    Муҳлати амалигардонии лоиҳа;
-    Маблағҳои дархостшаванда;
-    Макони амалигардонии лоиҳа;
-    Саҳми соҳибкор;


Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара Ахбор / Мақомот АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019