Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ЯКРАВИИ ШИКОРЧӢ
(ҳикоя)
Ҳарчанд шикорчиёни таҷрибадор таъкид мекарданд, аммо Пӯлод - шикорчӣ ду пояшро аз як мӯза гирифтанӣ набуд.
- Охир ту ҷавону бе таҷриба нестӣ, медонӣ ки айёми ҳомиладории ҳайвонот аст. Бобоҳоямон насиҳат мекарданд, ки ҳайвони ҳомиларо шикор кардан баробари одам куштан аст, - исрор меварзид, Амон - мерган, пири шикорчиёни маҳалла.
- Убол аст, убол, - таъкид мекард, Мирибоди ханҷол. Аз он "ханҷол" меномидандаш, ки дар набард хирсе рӯяшро ханҷол зада буд. Изи нохунҳои хирс баъди панҷ сол ҳам ҳанӯз бараъло намудор буда, ба дили шахсе, ки бори аввал ӯро медид, ҳарос меафканад.
- Ту бо ҳамин якравиат охир ба ягон бало гирифтор мешавӣ. Кӣ дидааст, ки дар моҳи асали ҳайвонот ба шикор бароянд? - аз роҳ гардониданӣ буд ӯро Миралӣ- кавгак. Аммо гӯё Пӯлод- шикорчиро саги девона газида бошад, ки ором надошт. Ба гапи ҳеч кас гӯш надода, бору банди шикориашро меғундошт. Гӯиё якумра мерафта бошад, ё ба якбор аз деҳа кӯч мебаста бошад. Пӯлод- шикорчӣ ахир рафт, ба гапи касе гӯш накард. Ҳатто гапи Амон- мерганро нагирифт, ки қапидани мили камонро аз ӯ омӯхта буд. Гӯё чизе ӯро кашон-кашон мебурд. Рафту гум шуд ва як ҳафта аз рафтанаш гузашт. То се рӯз пас аз рафтанаш мардум он қадар парво надоштанд. Рӯзи панҷум ҳамсараш ба гиря оғоз карду рӯзи дигар мардони деҳа дар чойхона гум шудани Пӯлод- шикорчиро ба баррасӣ гирифтанд. Рӯзи ҳафтум аллакай мардуми маҳалла ба таҳлука афтода гум шудани Пӯлод мавзуи суҳбати сари дастархони ҳама аз пиру ҳам ҷавонон буд.
- Натиҷаи якравӣ ҳамин. Ман нагуфта будам, ки наравад, - гуфт Амон мерган.
Ҳақ ҳам дошт, ки бигӯяд, охир Пӯлод шогирдаш буд. Ҳама ҳарчӣ мегуфт. Пӯлодро маломат мекарданд. Ҳамагӣ медонистанд, ки Пӯлод сабабе дошт ё ташвише, ки осемасар озими шикор шуд. Аммо намедонистанд, ки чӣ сабабу ташвиш. Рӯзи даҳум қарор карданд, ки ба ҷустуҷӯяш бираванд. Мардони деҳа бору патакро ҷамъ карда, ба кофтукови Пӯлод раҳсипор шуданду 10-15 нафар мардони деҳи ҳамсоя низ аз паси онҳо роҳ пеш гирифтанд. Ба гурӯҳҳои се - чор нафарӣ тақсим шуда, ба чор сӯ ҳаракат карданд. Се рӯзи ҷустуҷӯ ягон натиҷа надод. Ягон шаху ягон ҷарӣ, камингоҳу қулла, марғзору бора намонд. Чоҳҳои шикорӣ, қапқонҳои оҳугир, домҳои кабкбанд, - хуллас ҳама ҷоро диданд. Аммо аз Пӯлод ҳатто нишоне набуд. Сагҳои шикорӣ низ оҷиз буданд. На пай мегирифтанду на ҳайдар. Рӯзи панҷуми кофтукоб ҳама хаставу ноумед ба қафо баргашта, дар ҷои таъиншуда ҷамъ шудан гирифтанд. Ногоҳ Пӯлод худаш гӯё замин кафидаву баромада бошад, аз куҷое пайдо шуда, ба ҷои салом "тинҷӣ аст, ягон гап шудааст?" - гӯён ҳайрати ҳамаро ба якбор дусад маротиб афзун кард.
- Ло ҳавла ва ло қуввата! - баробари дидани Пӯлод наъра зад Сафои домсоз. Аҷибаш ин буд, ки дар Пӯлод на осори мондагӣ, на осори гушнагӣ, на осори ҳуҷуми ҷонвару ҷонзоде дида намешуд. Бордонаш низ пур, либосаш низ на он қадар чиркин.
- Чӣ гап мешуд? Дар кадом лаҳад будӣ, ки тамоми мардумро дар таҳлука мондӣ? Понздаҳ шабонарӯз аст, ки бедаракӣ, - гиребонашро дошта пурсид Амон мерган.
- Чӣ хел понздаҳ шабонарӯз??? Дина омада будам.
Ин ҷавоб хулосаи мардумро дар хусуси он ки сари Пӯлод дар ҷояш нест, афзун намуд.
- Хайр, ку гап зан, дар куҷо будӣ? - дилу бедил пурсид Амон- мерган.
- Усто, - ба Амон- мерган рӯ оварда ба нақл шуруъ кард Пӯлод, - намедонам ки кадом қуввае маро ба ҷангал мекашид. Кӯдак нестам, таҷрибаи 15- солаи шикорӣ дорам, аммо наметавонистам, худро боз дорам. Дасту поям дар ихтиёрам набуд. Рӯзи аз хона баромаданам, пойҳоям маро на ба пайраҳаҳои омӯхташуда, балки ба ҷойҳое мекашид, ки бори аввал медидам. Бо дунболи садое, ки аз дуриҳо номамро мегирифту фарёдам мезад, мерафтам. Мехостам муқобилият кунам, аммо пойҳоям сӯи овоз кашолаам мекарданд. Медонистам, ки соҳиби садо пайдо нест, аммо худро дошта наметавонистам. Дилам мисли харгӯши бадомафтода сахт меларзид. Рагҳои сарам таранг шуда, пеши чашмонамро сиёҳиву дуд печонида буд. Фикр кардам, ки шояд аз бӯи кукнорҳои ёбоӣ бошад. Аммо ягон гулу буттаи ёбоиро намедидам. Атроф буттазори баланду анбӯҳ. Як ними дилам мегуфт, баргард, аммо наметавонистам. Чизе маро ба сӯяш мекашид. Мисле, ки кӯдакатро гум мекуниву мекобӣ, эҳсосоти аҷибе фаро гирифта буд маро. Чӣ қадар роҳ рафтам, намедонам. Баъд ӯро дидам, - ларзид овози Пӯлод. - Дидаму дар ҷоям шах шудам. Гурги азимҷусса, солору борону барфдида, бо чашмони хокистаррангаш росту беибо ба чашмонам менигарист. Байни ману ӯ ягон понздаҳ қадам меомад. Ман бе саросемагӣ даст ба камон бурдаму сӯяш рост кардам. Ӯ гурехт. Он қадар дур не, гурехту боз истода ба ман менигарист, рост ба чашмони ман. Гӯё маро сӯяш мехонд. Ман шерак шуда, ҷойи муносиб меҷустам, то ба ӯ наздиктар шавам. Мисли ҷодушуда лаҳза ба лаҳза ҳирси ғолибият бар ин гурги таҷрибадор бар ман ғолиб мешуд. Ҳамин ки камонро сӯяш рост мекардам, уллоси кӯтоҳе мезаду дуртар мегурехт. Дарҳамбарҳам маро тарафе мекашонад. Ман камонро ба китф карда, аз қафояш рафтан гирифтам. Дигар ӯ пинҳон намешуд, ман низ рост роҳ мерафтам. Ин ваҳшӣ сода нест, дарк карда будам ман. Гург гӯё маро нухта зада буд. Аз байн замони зиёд нагузашта буд, аммо он қадар ба якдигар унс гирифта будем, ки ҳатто байни ману ӯ на зиёда аз панҷ қадам масофа буд. Гоҳҳо фаромӯш мекардам, ки ӯ гурги ваҳшӣ аст, ҷо-ҷо саги шикорӣ мепиндоштамаш. Аммо вақте чашмаш ба изи по ва чашмони хунгирифтаи хокистариаш меафтид, ақлам ба ҷояш меомад: саг не, гург аст, ваҳшӣ аст ва даст ба камон мебурдам. Гург маро ба ҷарии ношиносе овард. Худаш сари ҷарӣ нишасту сарашро болои ду пои пешаш гузошта уллоси кӯтоҳ кашид. Дарк кардам, ки "ба поён фаро, эй инсон", гуфтан мехоҳад. Ман мисли ҷодушуда буттаҳои канори ҷариро дошта, ба поён фаромадан гирифтам. Худам намедонам барои чӣ, аммо мефаромадам. Дар чашмони гург осори шодӣ дамидан мегирифт. Ҷарии қариб 10-12 метраро поён шудам. Зери ҷарӣ пури устухон. Дар кунҷаш ғоре, не ғор не, шикофе ба андозаи даври одам. Фаҳмидам, ки лонаи ин ҳайвони ваҳшист. Ба дарун сар халондаму модагурги хобидаро дидам. Дилам таҳ кашид. Бало зад, гуфтам ба худ. Ин гург ҳомила асту падаргург маро туъмаи ӯ овардааст. Дасту поям карахт шуд, арақи сард либосамро тар кард. Аммо модагург базӯр меҷунбиду вингоси дардноке мекашид. Шикамаш варамида буд. “Ана гап дар куҷо. Дар зоидан душворӣ доштааст, модагург”. Рӯяшро ба сӯям гардонид модагург ва ман ду чашми илтиҷоомезеро дидам.
- Охир ман байтор нестам, ман шикорчиам, байтор ҳайвонро наҷот диҳад, ман шикор мекунам, - зери лаб ғурунгидам. Сар аз лона берун кашида, сӯи падаргург нигаристам, ки бо чашмони ғазаболуд сӯям менигарист. Фаҳмидам, ки роҳи бозгашт нест. Аз ин чуқурӣ зинда нахоҳам баромад. Сарамро даруни лонаи гург кардаму шиками модагургро навозиш кардам.
- Ором бош, ин мушкил нест, - пичиррос задам ман. Гургбача дар маҳбали модар дармонда буд. Ба фикрам чаппа омада буд. Ин лаҳза дигар ягон тарс маро фаро гирифта наметавонист. Медонистам, ки модагург бе кумаки ман зоида наметавонад. Даст дароз кардаму бадани гургбачаро бо ду ангушт тоб дода сарашро ба даст гирифта, аз зери фукаш ба берун кашидам. Гургбачаи аввалин берун шуд. Аз қафои он ду гургбачаи дигар ба осонӣ берун омаданд. Даҳони гургбачаҳоро ба пистони модагург часпонидаму пуштонаки аз лонаи гург берун шудам. Падаргург дар ҷояш нишаста наметавонист, ин сӯ он сӯ мерафт, асабонӣ буд. Ман аз даҳани лона дуртар рафтам. Падаргург тозон вориди лона гашта, дарҳол берун ҷаст. Дар чашмонаш осори шодӣ ва қаноатмандӣ бараъло дида мешуд. Падаргург давида, аз ҷарӣ берун шуду ман низ буттаҳоро дошта, бо душворӣ ба боло баромадам. Гург пешопешу ман аз қафо мерафтам. Аллакай торик шуда буд. Ман назди дарахти бузурге ист карда, он ҷоро ҷойи шабгузаронӣ интихоб кардам. Гург, мисле ки ба ман ром шуда бошад, панҷ-шаш қадам дуртар мехобид. Ман гулхан гиронидам, хасу хошок ҷамъ оварда, ҷойгаҳи хоб дуруст кардам. Дар торикӣ танҳо чашмони гург медурахшиданду халос. Дар аввал хобам намебурд, андешаи он ки гург ҳайвони ваҳшисту ҳама чизро аз ӯ интизор шудан мумкин, маро аз хоб бозмедошт. Аммо хоб марди бузург асту ман- ман мегуфтагӣ паҳлавононро шикаст медиҳад. Вақте бедор шудам, дигар гургро надидам. Танҳо изи ҷойи хобаш монда буду халос. Бовар ҳосил кардам ки ин хобу хаёл нест, ҳақиқат аст. Ба роҳи омадаам, баргаштам. Медонистам, ки раҳгум намезанам. Ҷангалро панҷ панҷаам барин медонам, охир. Ба пайраҳаи даркорӣ баромадаму шуморо дидам...
Ҳама хаймаҳову бордонҳоро ба пушт карда, баъзеҳо дигар суханони Пӯлодро сафсата пиндошта, ба роҳ баромаданд.
Шикорчии гумгаштапайдо баъди ин дамдузд шуда буд. Мардум дигар суханони ӯро ҷиддӣ намегирифтанд, ба ҷуз Амон- мерган, ки ба Пӯлод ҳаққи устодӣ дошт...
А. Ҷаҳонгир
(Акс аз интернет)
Добавить комментарий
Ахбор
Меъмори Истиқлол 10:41Меҳри мардум ба роҳҳои оҳанин 13:01ПАРВАРИШИ ПИСТАИ ТУРКИЮ БОДОМИ АФҒОНӢ 16:52Номи наку ёфта аз заҳмати хеш 17:41Бохтар. Тақдими туҳфаҳои Пешвои миллат 17:20Эҳёи дубораи “Вахш”-и Хатлон аз ҳисоби бонувон 13:24ВАХШ. БУНЁДИ ЯК МАКТАБ ВА 54 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ 16:30РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИИ ҚАЗОҚИСТОН ДАР БОХТАР 11:45
Серхонандаҳо
Истиқбол аз Истиқлол
Э Ъ Л О Н
КӮЛОБ. 203 ИНШООТ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ДОДА ШУД
44 ЧАШМА БОЗСОЗӢ МЕШАВАД
РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИИ ҚАЗОҚИСТОН ДАР БОХТАР
ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУН ОҒОЗ ШУД
Ҳалима Гадоева: “Ватани моро ба ҷуз худи мо касе обод намекунад”
ПАРВАРИШИ ПИСТАИ ТУРКИЮ БОДОМИ АФҒОНӢ
ВАХШ. БУНЁДИ ЯК МАКТАБ ВА 54 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ
Эҳёи дубораи “Вахш”-и Хатлон аз ҳисоби бонувон