Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Дин насиҳат аст
Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конститутсияи давлати дунявӣ бошад ҳам, хушбахтона барои танзими фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ ва ҳаёти динии ҷомеа шароити созгор фароҳам овардааст. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9 марти соли равон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат изҳор намуданд, ки мо бояд арзишҳои асили миллӣ ва диниро ҳифз намоем.
Дар ин мавзуъ мо суҳбате доир намудем бо сархатиби масҷиди ҷомеи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Зайналобиддин Зиёвидинов, ки муҳтавои онро пешкаши хонандагони маҷалла менамоем.
- Дар оғоз мехостем доир ба ҷараёну равияҳои дини мубини ислом мухтасар маълумот медодед.
-Дини ислом яке аз динҳои бонуфузи ҷаҳонӣ буда, пайравони зиёд дорад.Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам ба дини муқаддаси ислом арҷгузорию таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, таъкид менамоянд: «Ислом барои мо як сарчашмаи пурбаракати маънавиёт, ахлоқ ва фарҳанг мебошад».
Фиқҳи исломӣ (илми қонун) асосан ба 4 равия тақсим мешавад.
Ҳанафия – асосгузораш Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Собит (699-767), шофеъия – асосгузораш Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Идриси Шофеъӣ (767- 819), моликия – асосгузораш Аннас ибни Молик (699- 733), ҳанбалия – асосгузораш Аҳмад ибни Ҳанбал (780- 855).
Зиёда аз 60 фоизи мусулмонони дунё пайравони мазҳаби ҳанафия мебошанд, ки поягузори он фақеҳи бузурги олами ислом Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит, яъне Имоми Аъзам ба ҳисоб меравад.
Шуҳрати ин абармард ва фақеҳи кабиру имоми шаҳир ва донои замон то ба дараҷае расид, ки аҳли ислом ӯро бо амри дил «Имоми Аъзам» хонданд.
- Таълимоти дини ислом дар бораи омӯзиши илм, таълиму тарбияи фарзанд ва соҳибкасб намудани онҳо чӣ гуна аст?
- Дини мубину поки ислом саропо ахлоқу маърифат буда, мусулмононро барои омӯзиши илму дохили ҳидоят менамояд. Аввалин сурае, ки Худованди бузург ба воситаи фариштаи муқарраб Ҷабраил (а) нозил намуд «Иқраъ», яъне «Бихон» мебошад. Пайғамбари гиромиқадри мо ҳазрати Муҳаммад (с) ҳам дар яке аз ҳадисҳои муборакашон фармудаанд: «Илм омӯзед, агар дар Чин бошад, зеро талаби илм фарз аст, барои ҳамаи мусулмонон».
Дар ояти 114, сураи Тоҳо китоби «Қуръон»- и азимушаън омадааст, ки «Парвардигоро, илми маро зиёд кун».
Дини ислом омӯзиши ҳамаи илму донишҳоро тарғибу таъкид намудааст, аз ҷумла илмҳои дунявӣ – риёзиву табиатшиносӣ, дақиқ ва ҷамъиятиро низ олимон ҳам таъкид намудаанд, ки хайрияти дунёву охират бо ҳамроҳии дин аст.Нохушии дунё ва охират бо ҳамроҳии ҷаҳл аст.
Тибқи таълимоти дини ислом ҳамаи падару модарон барои омӯзиши илму дониши фарзандон ва соҳибкасбу соҳибҳунар намудани онҳо масъуланд.
Пешвои муаззами миллат дар мулоқоташон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар дар ин бора таъкид намуданд, ки «дар замони муосир халқу миллатҳо бо роҳи омӯхтану ихтироъ кардани илму дониш ва техникаву технологияҳои муосир кӯшиш менамоянд, ки арзишҳо имиллӣ, дастовардҳои фарҳангӣ ва озодиҳои шахсии худро дар паноҳи давлати соҳибистиқлоли хеш аз таҳдиди ҷаҳонишавии манфиатҳо ва суйистифодаи арзишҳо ҳифз намоянд».
- Дар хотир дорем, замони Шуравӣ дар кишварамон барои иҷрои маросимҳои динӣ маҳдудиятҳои зиёд ҷорӣ буд. Падару бобоёни мо, аз ҷумла намозҳои таробеҳро дар моҳи Рамазон пинҳонӣ дар хонаҳояшон адо мекарданд. Имрӯз бубинед, «тафовут аз куҷост то бар куҷо» ...
-Дуруст гуфтед. Ман ҳам дар хотир дорам дар вақти моҳи шарифи Рамазон кормандони масъули ҷамоатҳои деҳот бо супориши роҳбарони кумитаи ҳизби ноҳия дар деҳаҳо назорат мебурданд, ки мардум намозҳои таробеҳро адо накунанд. Дар робита барои иҷрои ҳамаи маросимҳои динӣ маҳдудиятҳои зиёде роҳандозӣ мегардид.
Хушбахтона, имрӯз бо шарофати соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 4 ҳазор масҷид, Донишкадаи исломии ба номи Имоми Аъзам, ниҳодҳои диншиносии илмӣ фаъолияти пурсамар доранд. Дар шаҳри Душанбе яке аз бузургтарин масҷидҳо дар Осиёи Марказӣ бунёд карда шуд. Имрӯзҳо ҳамаи шаҳрвандони аз 18 сола боло имконият доранд бе ягон маҳдудият ҳамаи маросимҳои динӣ, аз ҷумла намозҳои панҷвақтаро адо намоянд.
- Давоми 70 соли мавҷудияти давлати абарқудрати Шуравӣ аз Тоҷикистон ҳамагӣ 30 нафар ба зиёрати хонаи Каъба рафта буданд. Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ имрӯз теъдоди зиёди шаҳрвандони кишвар бо истифодаи имконияти молиявӣ ин маросимро иҷро менамоянд. Дар ҳақиқат замони шуравӣ бисёре аз шаҳрвандони мамлакати мо зиёрати хонаи Каъба ва сафари ҳаҷро орзу мекарданд. Аммо шароиту имкониятҳои онҳо даст намедод. Имрӯз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Давлату Ҳукумати кишвар барои адои маросими ҳаҷ ба шаҳрвандон шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Бо баррасӣ гардидани масъалаи сафари ҳаҷи шаҳрвандон дар мулоқот, инчунин иттилоъ дода шуд, ки танҳо соли 2023 63 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар маросими ҳаҷ ва умраро адо кардаанд. Пешвои маҳбуби миллат дар мулоқот боз таъкид намуданд, ки бисёре аз шаҳрвандон ба ҷои такрории сафари ҳаҷ кардану онро ба қавле ба «мусобиқа» табдил додан, маблағҳои бузургро ба самти корҳои хайру эҳсонкорӣ созандагию бунёдкорӣ сарф намоянд, хубтар мешуд.
Бузургони илму адабиёти пурғановати мо ҳам дар ин мавзуъ таъкид намуданд, ки ризогии Худовандро на танҳо дар тавофи хонаи Каъба ва адои маросими ҳаҷ, балки ӯву ризояти ӯро дар дил, анҷоми корҳои хайр ва покизагии ахлоқ ба даст овардан мумкин аст.
Аз ҷумла, орифи бузург Абдуллоҳи Ансорӣ фармудааст;
Дар роҳи Худо ду Каъба бошад ҳосил,
Як Каъбаи сурат асту як Каъбаи дил.
Гар битвонӣ зиёрати дилҳо кун,
К-афзун зи ҳазор Каъба бошад як дил.
- Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки имрӯз мардум расму оинҳои аслии диниро аз хурофот кам фарқ мекунанд. Ин албатта аз нодонӣ ва паст будани донишу маърифати мардум сарчашма мегирад. Ҳамин тавр нест?
-Дуруст, воқеан ҳам ҳамин тавр аст. Хурофот асосан аз ҷоҳилию нодонӣ ва паст будани илму дониш сар мезанад. Аз ин лиҳоз Қуръон ва шариати исломӣ хурофот ва ҷаҳолатро сахт маҳкум менамояд, зеро хурофот мардумро гумроҳ намуда, аз рӯзгори хушу босаодат маҳрум мегардонад.Пайдоиши хурофот ба давраҳои дур рафта мерасад. Аз рӯйи сарчашмаҳои таърихӣ маълум мегардад, ки ҳамаи ҳокимону подшоҳони пешина ҳам зидди хурофотпарастӣ ва фолбинӣ буданд. Бо фармони онҳо баъзе урфу одатҳое, ки ба шариати ислом мувофиқат намекарданд, барҳам дода мешуданд. Масалан, дар сарзамини Мовароуннаҳр расм шуда буд, ки дар ҳарҷо дарахти азиме бошад, он ҷойро мазор пиндошта, ба он латтапора мебастанд, дар наздаш чароғ фурӯзон мекарданд. Барои рафъи мушкилот ёрӣ металабиданд. Баъдтар бо фармони ҳокимон ҳамаи ин дарахтонро аз решааш мебуриданд. Мутаассифона, имрӯз дар байни мардуми мо ҳам ин ҳолро дидан мумкин аст.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот хеле ба мавриду оқилона зикр намуданд, ки «Пайғамбари ислом ба назди фолбину ҷодугар рафтанро қатъиян манъ карда фармудааст». «Ҳаркас ба назди фолбин равад, то 40 рӯз намозаш қабул намешавад ва агар ба гуфтаи фолбин бовар кунед, аз имон хориҷ мешавад…»
Воқеан ҳам, мулоқоти болозикр барои ҷомеаи имрӯза ва умуман давлатдории миллии мо рӯйдоди муҳими таърихӣ маҳсуб ёфта, моро водор месозад, ки зери ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ бар зидди хурофоту дигар расму оинҳои ба мо бегонаи асримиёнагӣ муборизаи беамон барем.
Барои суҳбати самимӣ ташаккур!
Саломат бошед
Мусоҳиб Аъзам Бобозода, ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
Добавить комментарий
Ахбор
Меъмори Истиқлол 10:41Меҳри мардум ба роҳҳои оҳанин 13:01ПАРВАРИШИ ПИСТАИ ТУРКИЮ БОДОМИ АФҒОНӢ 16:52Номи наку ёфта аз заҳмати хеш 17:41Бохтар. Тақдими туҳфаҳои Пешвои миллат 17:20Эҳёи дубораи “Вахш”-и Хатлон аз ҳисоби бонувон 13:24ВАХШ. БУНЁДИ ЯК МАКТАБ ВА 54 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ 16:30РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИИ ҚАЗОҚИСТОН ДАР БОХТАР 11:45
Серхонандаҳо
Истиқбол аз Истиқлол
Э Ъ Л О Н
КӮЛОБ. 203 ИНШООТ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ДОДА ШУД
44 ЧАШМА БОЗСОЗӢ МЕШАВАД
РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИИ ҚАЗОҚИСТОН ДАР БОХТАР
ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУН ОҒОЗ ШУД
Ҳалима Гадоева: “Ватани моро ба ҷуз худи мо касе обод намекунад”
ПАРВАРИШИ ПИСТАИ ТУРКИЮ БОДОМИ АФҒОНӢ
ВАХШ. БУНЁДИ ЯК МАКТАБ ВА 54 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ
Эҳёи дубораи “Вахш”-и Хатлон аз ҳисоби бонувон