Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ЁВОН. ПАНҶ КОРХОНАИ САНОАТӢ БУНЁД ШУД
Давоми моҳҳои сипаригардидаи соли равон дар ноҳияи Ёвон панҷ коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ бунёд гардида, дар онҳо даҳҳо нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои кор таъмин шуданд. Инчунин дар чанде аз дигар корхонаҳо корҳои сохтмонӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, рӯзҳои наздик мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.
Дар ин бора раиси ноҳияи Ёвон Бахтиёр Шарифӣ зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, дар ин давра коргоҳу корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағи 721 миллиону 396,9 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд.
Зикр шуд, ки корхонаҳои сементбарории ноҳия, аз қабили ҶДММ "Хуаксин Ғаюр семент" ба миқдори 59 ҳазору 593 тонна, ва ҶДММ "Чжунгтсай моҳир семент" 49 ҳазору 245 тонна, дар маҷмӯъ 108 ҳазору 838 тонна семент ба хориҷи мамлакат содирот карданд.
Дар баробари ин чор коргоҳу корхонаҳои саноатии дигар, ки имконияти фаъол шудан надоштан ва ё самти фаъолияташонро иваз намудан, аз рӯйхати корхонаҳои саноатӣ бароварда шуданд.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
Меъмори Истиқлол 10:41Меҳри мардум ба роҳҳои оҳанин 13:01ПАРВАРИШИ ПИСТАИ ТУРКИЮ БОДОМИ АФҒОНӢ 16:52Номи наку ёфта аз заҳмати хеш 17:41Бохтар. Тақдими туҳфаҳои Пешвои миллат 17:20Эҳёи дубораи “Вахш”-и Хатлон аз ҳисоби бонувон 13:24ВАХШ. БУНЁДИ ЯК МАКТАБ ВА 54 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ 16:30РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИИ ҚАЗОҚИСТОН ДАР БОХТАР 11:45
Серхонандаҳо
Истиқбол аз Истиқлол
Э Ъ Л О Н
КӮЛОБ. 203 ИНШООТ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ДОДА ШУД
44 ЧАШМА БОЗСОЗӢ МЕШАВАД
РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИИ ҚАЗОҚИСТОН ДАР БОХТАР
ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУН ОҒОЗ ШУД
Ҳалима Гадоева: “Ватани моро ба ҷуз худи мо касе обод намекунад”
ПАРВАРИШИ ПИСТАИ ТУРКИЮ БОДОМИ АФҒОНӢ
ВАХШ. БУНЁДИ ЯК МАКТАБ ВА 54 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ
Эҳёи дубораи “Вахш”-и Хатлон аз ҳисоби бонувон