Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
БРОККОЛИ
Сабзавотҳои тару тозаи ватанӣ аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, манбаи витаминҳо мебошад. Барои саломатии инсон низ муҳим аст, ки аз меваю сабзавотҳо бештар истифода баранду масунияти баданро баланд бардошта, дар пешгирии ҳар гуна бемориҳо мусоидат намоянд.
Брокколи аз ҷумлаи он сабазавотҳое мебошад, ки дорои витаминҳои бой буда, манфиатбахш аст. Истеъмоли ин сабзавот масунияти одамро баланд мебардорад. Брокколи бо хусусияти шифобахшиаш дар пешгирии бемории дил ва диабети қанд мусоидаст.Маҳз хусусияти шифобахшии ин сабзавотаст, ки бештар онро ба он нафароне, ки аз бемории системаи рагу дилҳо, артрит, атеросклероз азият мекашанд, тавсия медиҳанд. Дар таркиби брокколи Витамини В9 мавҷуд аст, ки он барои дуруст инкишоф ёфтани ҷанини занони ҳомила муфид аст.
Бояд гуфт, ки броколли на танҳо аз калий бой аст, балки дар таркиби он калсий, Витамин С ва кислотаи фолиевӣ мавҷуд аст. Ба туфайли антиоксидантҳо истеъмоли ҳамарӯзаи ин сабзавот дар организми инсон саратонро пешгирӣ хоҳад кард.
Модарон метавонанд броколлиро ба атфол пас аз шири модар чун аввалин ғизо истифода баранд, зеро Витаминҳои А, С ва К инчунин, калсий ва оҳан дар инкишофи дурусти устухонҳои кӯдак муосид аст.
Брокколи сабзавоти камколория буда, истеъмоли он барои нафроне, ки мехоҳанд вазни зиёдатии худро партоянд, беҳтарин ғизо мебошад.
Брокколи барои шахсоне, ки аз бемории ғадуди зери меъда, баланд будани кислота дар меъда ва ғадуди сипаршакл азият мекашанд, тавсия дода намешавад.
Набояд фаромӯш кард, ки аз ин намуди сабзавот метавон хӯриш, таом, ва ҳар гуна пухтупазҳо омода сохт. Бояд гуфт, ки ин сабзавотро дар ҳолати пухтан ва ҳам хом истеъмол карда мешавад. Брокколи организми инсонро аз ҳар гуна таксинҳо тоза намуда, барои солимии ҷигар низ муфид аст.
Брокколиро набояд дар оби хунук пухт. Дар оби ҷӯшомадаи намакдор меандозем ва муддати 3 дақиқа мепазем. Пас аз 3 дақиқа онро гирифта ба оби хунук хуб мешавад дар он ях гузошта шуда бошад, мегузорем. Зеро он ранг ва намуди маҳсулотро хуб нигоҳ медорад.
Ба он нафароне, ки парҳез мекунанд, хуб мешавад ин сабзавотро дар буғ пухта истеъмол кунанд, то моддаҳои фоидабахшиашро гум накунад.
Таҳияи Азиза
Добавить комментарий
Ахбор
Меъмори Истиқлол 10:41Меҳри мардум ба роҳҳои оҳанин 13:01ПАРВАРИШИ ПИСТАИ ТУРКИЮ БОДОМИ АФҒОНӢ 16:52Номи наку ёфта аз заҳмати хеш 17:41Бохтар. Тақдими туҳфаҳои Пешвои миллат 17:20Эҳёи дубораи “Вахш”-и Хатлон аз ҳисоби бонувон 13:24ВАХШ. БУНЁДИ ЯК МАКТАБ ВА 54 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ 16:30РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИИ ҚАЗОҚИСТОН ДАР БОХТАР 11:45
Серхонандаҳо
Истиқбол аз Истиқлол
Э Ъ Л О Н
КӮЛОБ. 203 ИНШООТ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ДОДА ШУД
44 ЧАШМА БОЗСОЗӢ МЕШАВАД
РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИИ ҚАЗОҚИСТОН ДАР БОХТАР
ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУН ОҒОЗ ШУД
Ҳалима Гадоева: “Ватани моро ба ҷуз худи мо касе обод намекунад”
ПАРВАРИШИ ПИСТАИ ТУРКИЮ БОДОМИ АФҒОНӢ
ВАХШ. БУНЁДИ ЯК МАКТАБ ВА 54 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ
Эҳёи дубораи “Вахш”-и Хатлон аз ҳисоби бонувон