Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
НАҚШАҲО БАРЗИЁД ТАЪМИН ГАРДИДАНД
-Бо дарназардошти рушди воқеии иқтисодиёти вилояти Хатлон иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ дар нимсолаи аввали соли 2024 аз рӯи контенгенти умумӣ ба андозаи 100,9 фоиз ва аз ҳисоби даромадҳои худӣ ба миқдори 100,5 дарсад таъмин гардид, - гуфт сардори Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ҳабибулло Иззатуллозода зимни нишасти матбуотӣ.
Қайд гардид, ки ба буҷет ба ҷои 1088,0 миллион сомонии нақшаи пешбинишуда, 1093,0 миллион сомонӣ ворид гардидааст, ки ин нишондод нисбат ба нақша 5 миллион сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 147,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Хароҷоти маблағҳои буҷети маҳаллӣ дар доираи иҷрои воқеии буҷет ба роҳ монда шуда, ба соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят бо назардошти маблағҳои мақсадноки ҷумҳуриявӣ 1618,6 миллион сомонӣ равона карда шудааст, ки 99 фоизи нақшаи хароҷоти буҷети маҳаллии вилоятро ташкил медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки барои пардохти музди меҳнат ва дигар моддаҳои ҳимояшаванда аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ вобаста ба воридоти маблағҳои даромад дар давраи ҳисоботӣ 1348,2 миллион сомонӣ равона гардида, 83,8 фоизи хароҷоти пешбинишударо дар бар мегирад.
Дар сатҳи вилоят қарздории музди меҳнат мавҷуд намуда, рухсатпулии омӯзгорон ба маблағи 219,8 миллион сомонӣ пурра пардохт гардидааст.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
Меъмори Истиқлол 10:41Меҳри мардум ба роҳҳои оҳанин 13:01ПАРВАРИШИ ПИСТАИ ТУРКИЮ БОДОМИ АФҒОНӢ 16:52Номи наку ёфта аз заҳмати хеш 17:41Бохтар. Тақдими туҳфаҳои Пешвои миллат 17:20Эҳёи дубораи “Вахш”-и Хатлон аз ҳисоби бонувон 13:24ВАХШ. БУНЁДИ ЯК МАКТАБ ВА 54 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ 16:30РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИИ ҚАЗОҚИСТОН ДАР БОХТАР 11:45
Серхонандаҳо
Истиқбол аз Истиқлол
Э Ъ Л О Н
КӮЛОБ. 203 ИНШООТ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ДОДА ШУД
44 ЧАШМА БОЗСОЗӢ МЕШАВАД
РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИИ ҚАЗОҚИСТОН ДАР БОХТАР
ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУН ОҒОЗ ШУД
Ҳалима Гадоева: “Ватани моро ба ҷуз худи мо касе обод намекунад”
ПАРВАРИШИ ПИСТАИ ТУРКИЮ БОДОМИ АФҒОНӢ
ВАХШ. БУНЁДИ ЯК МАКТАБ ВА 54 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ
Эҳёи дубораи “Вахш”-и Хатлон аз ҳисоби бонувон