Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ВОРИДОТ КАМУ СОДИРОТ ЗИЁД ШУДААСТ
Дар нимсолаи аввали соли 2024 гардиши молии умумӣ дар минтақаи фаъолияти Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон 251,5 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст.
Дар ин бора сардори раёсати болозикр Эраҷ Ҳалимзода, имрӯз 24 июл зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Номбурда гуфт, ки аз ҳаҷми умумии гардиши мол 110 миллион доллар ба воридот ва 141,5 миллион доллар ба содироти мол рост омада, ҳиссаи воридот ба 43,8 ва содирот ба 56,2 фоиз баробар мебошад.
Зикр шуд, ки дар ин давра баъзе молҳо, аз қабили шакар, бензин, орд, равғани растанӣ, гӯшти мурғ ва чой нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам ворид шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки муносибати тиҷорати хориҷӣ бо 7 кишвари аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба маблағи 41,3 миллион доллар сурат гирифтааст, ки аз ин маблағ бо низомҳои гумрукии содирот 12,9 миллион доллар ва воридот бошад 28,4 миллион доллар рост меояд.
Дар ин давра бо 42 давлатҳои хориҷи дур амалиётҳои содиротию воридотӣ амалӣ гардида, арзиши гумрукии он 191,8 миллион долларро дар бар мегирад.
С. СУЛТОН
Добавить комментарий
Ахбор
Меъмори Истиқлол 10:41Меҳри мардум ба роҳҳои оҳанин 13:01ПАРВАРИШИ ПИСТАИ ТУРКИЮ БОДОМИ АФҒОНӢ 16:52Номи наку ёфта аз заҳмати хеш 17:41Бохтар. Тақдими туҳфаҳои Пешвои миллат 17:20Эҳёи дубораи “Вахш”-и Хатлон аз ҳисоби бонувон 13:24ВАХШ. БУНЁДИ ЯК МАКТАБ ВА 54 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ 16:30РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИИ ҚАЗОҚИСТОН ДАР БОХТАР 11:45
Серхонандаҳо
Истиқбол аз Истиқлол
Э Ъ Л О Н
КӮЛОБ. 203 ИНШООТ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ДОДА ШУД
44 ЧАШМА БОЗСОЗӢ МЕШАВАД
РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИИ ҚАЗОҚИСТОН ДАР БОХТАР
ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУН ОҒОЗ ШУД
Ҳалима Гадоева: “Ватани моро ба ҷуз худи мо касе обод намекунад”
ПАРВАРИШИ ПИСТАИ ТУРКИЮ БОДОМИ АФҒОНӢ
ВАХШ. БУНЁДИ ЯК МАКТАБ ВА 54 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ
Эҳёи дубораи “Вахш”-и Хатлон аз ҳисоби бонувон