Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
БУНЁДИ ДУ МУАССИСАИ ТОМАКТАБӢ ДАР ҚУБОДИЁН
Дар асоси нақша – чорабиниҳои бахшида ба ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён аз ҷониби соҳибкорони ватандӯсти маҳаллӣ сохтмони ду муассисаи то мактабӣ бо суръат идома доранд.
Тавре зимни суҳбат мудири шуъбаи маорифи ноҳияи мазкур Саъдулло Мирзоев иброз намуд, як кӯдакистони се ошёна дар Ҷамоати деҳоти Утақара Назаров барои 150 кӯдак бунёд шуда истодааст, ки дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатии кишвар мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Иншоот аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бо харҷи 11 миллион сомонӣ бунёд шуда истодааст.
Сохтмони кӯдакистони дуюм бошад дар Ҷамоати деҳоти Тахти Сангин бо маром идома дорад, ки баъди бунёд гардидан 200 нафар кӯдакон ба таълим фаро гирифта мешаванд.
Феълан дар ноҳияи Қубодиён панҷ муассисаи томактабӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо наздики 600 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
С. СУЛТОН
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. ЯК КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ МУМФАРШ ГАРДИД 14:25ОМӮЗИШИ РОБОТОТЕХНИКА БА РОҲ МОНДА ШУД 14:22БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ. АЗ ЧӢ БОЯД ЭҲТИЁТ КАРД? 14:00ҶАЙҲУН. ОЗМУНИ “КИТОБХОНИ БЕҲТАРИН” БАРГУЗОР ГАРДИД 15:51БО ЗАМИН ҲАМНАФАС, БО ЗАҲМАТ САРБАЛАНД 14:07МОДАР 15:16Оё мо воқеан хубем? 15:13ХАТЛОН. ИСТИҚБОЛИ САРБОЗИ ШУҶОИ ВАТАН 15:08
Серхонандаҳо
ХАТЛОН: НАҚШАИ ДАЪВАТИ БАҲОРӢ ДАР РӮЗИ АВВАЛ 100% ИҶРО ГАРДИД
БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ. АЗ ЧӢ БОЯД ЭҲТИЁТ КАРД?
ҶАЙҲУН. ОЗМУНИ “КИТОБХОНИ БЕҲТАРИН” БАРГУЗОР ГАРДИД
КӮШОНИЁН. 369 НАФАР БО ҶОЙИ КОР ТАЪМИН ГАШТАНД
ЁВОН. ЯК КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ МУМФАРШ ГАРДИД
ЁВОН. МАЪРАКАИ КИШТИ ПУНБАДОНА ОҒОЗ ГАРДИД
ҶАЙҲУН. ЧАРОҒАКҲОИ РАҚАМИИ МУОСИР НАСБ КАРДА ШУД
МОДАР
ХАТЛОН. ИСТИҚБОЛИ САРБОЗИ ШУҶОИ ВАТАН
Оё мо воқеан хубем?



