Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
АЗ НЕКОН БОҒ
Чун дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷиҳати шоиста истиқбол намудани ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён низ корҳои сохтмонӣ бо ҷӯшу хурӯш идома доранд. Дар доираи дастгириҳою дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо ибтикори соҳибкори ватандӯсти маҳаллӣ боғи фарҳангӣ – фароғатии ноҳия бунёд шуда истодааст.
Мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳияи Қубодиён Муъминхӯҷа Давлатзода зимни суҳбат зикр кард, ки ҳанӯз соли 2010 барои бунёди боғи фарҳангию фароғатӣ се гектар замин ҷудо гардида буд. Чун ин мавзеъ замини корами обӣ буд ва тибқи талабот ин гуна заминҳо бо қарори Ҳукумати мамлакат ҷудо мешаванд, бунёди боғ тўл кашид.

-Хушбахтона бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса дастгириҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди боғи фарҳангию фароғатии ноҳия ҳафт гектар замин ҷудо гардид. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён бо як соҳибкори маҳаллӣ шартномаи 20 – сола баста, аз моҳи январи соли равон корҳои сохтмонӣ дар боғ оғоз гардиданд, - гуфт М. Давлатзода.
Бино ба иттилои ҳамсуҳбатам дар марҳилаи аввал то моҳи октябри соли ҷорӣ майдони се гектари боғ бунёд карда мешавад ва дар он тамоми шароит барои истироҳату фароғати сокинон муҳайё хоҳад шуд.
Раиси ҷамоати деҳоти Носири Хусрави ноҳия Муҳаммадраҳим Ҷӯраев зимни суҳбат бо хушнудӣ изҳор кард, ки бунёди боғ орзуи деринаи сокинони ноҳияи Қубодиён буд.

-Дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки сокинони меҳнатқарини ноҳияи Қубодиён соҳиби боғи истироҳатӣ мешаванд. Шукронаи сулҳу осоиши Ватан, ки ҳамарӯза ноҳияи Қубодиён ободу зебо шуда истодаасту бо бунёд гардидани боғи фарҳангию фароғатӣ боз як гӯшаи ин диёри бостон зеботар хоҳад шуд, - афзуд Муҳаммадраҳим Ҷӯраев.
-Дар боғи фарҳангӣ – фароғатии ноҳияи Қубодиён амфитеатр, марказҳои хизматрасонӣ, майдончаҳои гуногуни варзишӣ, ошхона, ҳавзи шиноварӣ ва гулгашту фаввораҳои муосир бунёд мешаванд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорон нақши соҳибкоронро дар беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ мусбат арзёбӣ намуда, аз ҷумла қайд намуда буданд: “Мо бояд ифтихор кунем, ки Тоҷикистон ҳамчун хонаи умед ва орзуҳои тамоми тоҷикони дунё дар пеши чашмони мову шумо ва тавассути заҳмати содиқонаи мардуми шарифи кишвар, аз ҷумла соҳибкорони бонангу номуси Ватан бунёд мегардад”. Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат имрӯзҳо барои соҳибкорон тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар ҷавоб ба ин қадар ғамхориҳо мо вазифадорем, ки ҳиссаи хешро дар ободию шукуфоии Ватани биҳиштосои хеш гузорем, - гуфт соҳибкори маҳаллӣ Дилмуҳаммад Сайдалиев, ки бунёди боғро бар зимма гирифтааст.

Ба иттилои ӯ арзиши умумии иншооти мавриди назар як миллион доллари америкоиро дар бар мегирад ва давоми панҷ соли минбаъда сокинони ноҳияи Қубодиён соҳиби як боғи зебои фарҳангию фароғатӣ хоҳанд шуд.
Перомуни ин масъала раиси ноҳияи Қубодиён Мирзодавлат Сабурзода изҳор кард, ки имрӯзҳо Давлату Ҳукумат ба бахши хусусӣ ҳамчун омили муҳими пешбарандаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ такя намуда, барои дастгирии ин қишри ҷомеа тамоми тадбирҳои лозимиро анҷом додааст.

-Ҳиссаи соҳибкорони ватандӯст дар обод кардани маҳалли зисти хеш назаррас мебошад. Аз ин рӯ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён барои бунёди боғи фарҳангию фароғатии ноҳия бо соҳибкори маҳаллӣ шартномаи дуҷонибаи 20 – сола ба имзо расонидааст ва он рӯз дур нест, ки сокинони меҳнатқарини ноҳияи Қубодиён дар як боғи зебою назаррабо истироҳату фароғат намоянд, - гуфт М. Сабурзода.
Дар баробари бунёди боғи фарҳангӣ – фароғатии ноҳияи Қубодиён то ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди беш аз 130 иншооти хурду бузург ба нақша гирифта шудааст.
Сулаймон СУЛТОНОВ, ноҳияи Қубодиён
Добавить комментарий
Ахбор
А. ҶОМӢ. 600 ТОННА ИСТЕҲСОЛИ МОҲӢ, ДАР 2 МОҲ 09:39КӮШОНИЁН.ҲОЛАТИ МЕЛИОРАТИВИИ ЗАМИНҲО БЕҲТАР МЕГАРДАНД 09:36ҶАЙҲУН. МАЪРАКАИ КИШТИ КАРТОШКА ОҒОЗ ГАРДИД 09:29ИҚДОМИ НАКӮИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба тамоми мардуми Тоҷикистон дастрас мегардад 13:58ДАВЛАТАЛӢ САИД: МАЪРАКАИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛ ВУСЪАТ БАХШИДА ШАВАД! 15:34ЗАНОНИ ВИЛОЯТ ҒОЛИБИ ОЗМУН ШУДАНД 13:56ПЕШНИҲОДИ 12 ЁДГОРИИ ТАЪРИХИИ “ХУТТАЛИ ҚАДИМ” БА ЮНЕСКО 16:08ВАТАН БОЛОТАР АЗ ҲАМА 15:49
Серхонандаҳо
7 номгӯи меваи ситрусӣ дар 1 гармхона
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲТАРАМ ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Иқрори гуноҳ
Азизи дилу дидаҳо буд…
ПЕШНИҲОДИ 12 ЁДГОРИИ ТАЪРИХИИ “ХУТТАЛИ ҚАДИМ” БА ЮНЕСКО
ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲТАРАМ ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ МИЛИТСИЯ
Боғистони писта дар Ҷайҳун
Дафтараш шуд сипари Фирдавсӣ
ДАСТИ ЗЕБОИОФАР
Аз пайроҳаи омӯзгорӣ то шоҳроҳи адабиёт