Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПУРРА ПАРДОХТ ШУДААСТ
То ба имрӯз дар сатҳи вилояти Хатлон рухсатпулии омӯзгорон ба маблағи 196,8 миллион сомонӣ, яъне 100 фоиз пардохт шудааст.
Дар ин бора имрӯз, 27 июли соли равон сардори Сарраёсати молия дар вилояти Хатлон Ҳабибулло Иззатуллозода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, ки давоми шаш моҳи сипаригардидаи соли ҷорӣ дар маҷмӯъ 1155,4 миллион сомонӣ, ё ин, ки 88,4 фоизи маблағҳои буҷет ба соҳаҳои иҷтимоиёт равона карда шудааст.
Зикр шуд, ки барои пардохти фонди музди меҳнат ва дигар моддаҳои ҳимояшаванда аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ вобаста ба воридоти маблағҳои даромад 1101,9 миллион сомонӣ равона гардидааст, ки 84,2 фоизи хароҷоти умумиро дар нимсолаи аввали соли 2023 дар бар мегирад.
Аз ҷумла барои музди меҳнат 859 миллион сомонӣ, ба фонди ҳифзи иҷтимоӣ 218 миллион сомонӣ, барои пардохти ҳаққи хизматрасониҳои коммуналӣ ва алоқа 17 миллион сомонӣ, ва барои идрорпулӣ, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо 6,9 миллион сомонӣ равона гардидааст.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. ЯК КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ МУМФАРШ ГАРДИД 14:25ОМӮЗИШИ РОБОТОТЕХНИКА БА РОҲ МОНДА ШУД 14:22БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ. АЗ ЧӢ БОЯД ЭҲТИЁТ КАРД? 14:00ҶАЙҲУН. ОЗМУНИ “КИТОБХОНИ БЕҲТАРИН” БАРГУЗОР ГАРДИД 15:51БО ЗАМИН ҲАМНАФАС, БО ЗАҲМАТ САРБАЛАНД 14:07МОДАР 15:16Оё мо воқеан хубем? 15:13ХАТЛОН. ИСТИҚБОЛИ САРБОЗИ ШУҶОИ ВАТАН 15:08
Серхонандаҳо
ХАТЛОН: НАҚШАИ ДАЪВАТИ БАҲОРӢ ДАР РӮЗИ АВВАЛ 100% ИҶРО ГАРДИД
БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ. АЗ ЧӢ БОЯД ЭҲТИЁТ КАРД?
ҶАЙҲУН. ОЗМУНИ “КИТОБХОНИ БЕҲТАРИН” БАРГУЗОР ГАРДИД
КӮШОНИЁН. 369 НАФАР БО ҶОЙИ КОР ТАЪМИН ГАШТАНД
ЁВОН. ЯК КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ МУМФАРШ ГАРДИД
ЁВОН. МАЪРАКАИ КИШТИ ПУНБАДОНА ОҒОЗ ГАРДИД
ҶАЙҲУН. ЧАРОҒАКҲОИ РАҚАМИИ МУОСИР НАСБ КАРДА ШУД
МОДАР
ХАТЛОН. ИСТИҚБОЛИ САРБОЗИ ШУҶОИ ВАТАН
Оё мо воқеан хубем?



