Хатлон: Таҷлили ҷашнҳои таърихии миллат

Санаи 16-уми ноябри соли 2022 дар маркази вилоят шаҳри Бохтар чорабинии идона бахшида ба 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президент баргузор гардид.
Маросими идона бахшида ба ҷашнҳои фархундаи миллӣ аз раҳпаймоии осоишта оғоз шуда, дар он роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, донишҷӯёни муассисаҳои оливу миёнаи касбӣ, наврасону ҷавонон ва кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳри Бохтар иштирок доштанд.
Меҳмонону иштирокчиёни чорабинии идона бахшида ба 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президент бо шиору овезаҳои тараннумгари  моҳияти таърихии Иҷлосияи тақдирсоз ва нақши  Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бунёди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз майдони марказӣ то Қасри фарҳанги шаҳр роҳпаймоӣ карданд.
Сипас, раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ва дигар меҳмонон аз намоиши “Асарҳои мондагори Пешвои муаззами миллат” дидан намуданд. Дар ин рӯз ҳамчунин варзишгарони вилоят дастовардҳои дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба дастовардаи худро ба намоиш гузошта буданд.
Зикр гардид, ки  кормандони ВАО дар баробари дигар мавзӯъҳои мубрами рӯз ҷиҳати инъикоси нақши таърихии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моҳияти таҷлили ҷашнҳои таърихии кишвар, аз ҷумла Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми пешоҳангӣ доранд.
Дар идома ҷорабинӣ  раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҳамсуҳбат гардида, истеъдодҳои ҷавонро бо маблағ ва  Ифтихорномаву туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуданд.
Қурбон Ҳакимзода меҳмонону иштирокчиён ва сокинони кишварро ба ҷашнҳои фархундаи 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президент табрик намуда, аз аҳамияти бузурги ин санаҳои тақдирсоз ва хизматҳои беназири Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд.
Дар охир барномаи фарҳангӣ пешниҳоди аҳли толор гардид.
Далер ШАРИФОВ
Похожие новости:
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист АСОСӢ / Ахбор / Сиёсат / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Варзиш / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий