Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
МИСЛИ ПАДАР ФАРЗАНДИ СОДИҚИ ВАТАНАМ
Эй Ватан, эй кишвари озодаам,
Ман зи модар баҳри ҳифзат зодаам.
То ки бошам ҳамдаму ҳамрози ту,
Гаштаам Модар - Ватан сарбози ту.
Ман дар оилаи низомӣ ба воя расидаам. Падарам Аҳлиддин Шарифзода ҳоло сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Кӯшониён мебошад.
Ӯ пайваста маро ҳушдор медод, ки худро ба хизмати ҳарбӣ омода намуда, муҳофизи ин Ватан бошам. Волидайнам таъкид мекунанд, ки хизмати фарзандашон дар сафи Артиши миллӣ барои онҳо мояи ифтихору сарфарозист. Аз ин лиҳоз ман баъд аз хатми Муассисаи таҳсилоти олии касбии Феретсияи Россия назди худ мақсад гузоштам, ки мисли қиблагоҳам баҳри сулҳу субот ва осоиши падарону модарон, бародарону хоҳарон ва умуман ҳамватанони азиз хизмат намоям.
Идомаи бештари хабар дар пайванди поёнИдомаи бештари хабар дар пайванди поёнИмрӯз хушнуд аз онам, ки дар баробари садҳо ҷавонони меҳандӯст аз аввалинҳо шуда, бо ифтихору сарфарозӣ ва шаъну шарафи мардонагӣ ба мактаби обутоби ҳаёт рафта истодаам.
Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маврид гуфтаанд:
«Дар сафи Артиши миллӣ ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омухта, муқадастарин арзиши ҳаёт - дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд!». Ҳамчун фарди худогоҳ бо иқрор мегӯям, ки мо бояд аз гузаштагони сарбаланди худ сабақи ватандорӣ омӯхта, баҳри ҳимояи Меҳан омода бошем ва дигаронро ҳам ба ҳамин роҳи пурифтихор даъват намоем.
Ҷамолиддин Шарифзода
н.Кӯшониён

Добавить комментарий
Ахбор
Серхонандаҳо