Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
МАҲФИЛИ “ЗАН-МОДАР ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО” ДАР Н. НОСИРИ ХУСРАВ ДОИР ШУД
Бинобар ин дар ноҳия тибқи нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба 20- солагии қабули фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, №5 ”Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” тадбирҳои муассир роҳандозӣ гардидаанд, ки омили асосии пешсаф гардидани занон дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия ва ҳама риштаҳои зиндагӣ ва аз ҷумла дар тарбияи фарзанд гардидаанд.
Тибқи нақшаи болозикр дар таърихи 20-уми моҳи ноябри соли равон дар Китобхонаи Арабхона маҳфили шеър дар мавзӯи “Зан-модар пайвандгари наслҳо”бо ташаббуси китобдорони китобхонаҳои Ҷамоати деҳоти ноҳия баргузор гардид.
Чорабинӣ бо ибтикори бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамбастагӣ бо китобхонаҳои ноҳия дар сатҳи баланди маърифатӣ доир гардид.
Набизода Инобат мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия нахуст ба сухан баромада, қайд намуд, ки чорабинии имрӯза баҳри баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, арҷгузори ба зан-модар, инчунин тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, ба ҷо овардани ҳурмати калонсолон ва таҳкиму устувории оила мусоидат менамояд.
Номбурда ҳамчунин иброз намуд, ки дар замони муосир, ки ҳар лаҳза хатари экстремизму терроризм ба тамоми сайёра таҳдид менамояд ва аз шумори ҷавонони аз китобу мактаб бехабар гурӯҳҳои ҷиноӣ ташкил намуда мехоҳанд, ки тухми инсониятро пок созанд, маҳз, модари босаводи хуб тарбияёфта лозим аст, то тавонад насли наврасро дар рӯҳияи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ тарбия намояд ва ба ин васила онҳоро аз роҳи бад боздорад.
Сипас, хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар васфи зан- модар пайвандгари наслҳо шеърҳои пурмазмун қироат намуданд, ки дар зеҳни тамошобинон меҳри беандоза нисбати ин олиҳаи бузург ҷо намуданд.
Дар фарҷом ба беҳтаринҳо аз номи бахши фарҳанги ноҳия ва бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ифтихорнома супорида шуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки чунин силсилаозмунҳо аз тарафи бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия пайваста баргузор мегарданд ва дар тарбияи ахлоқии ҷавонон саҳми муассир мегузоранд.
Тибқи нақшаи болозикр дар таърихи 20-уми моҳи ноябри соли равон дар Китобхонаи Арабхона маҳфили шеър дар мавзӯи “Зан-модар пайвандгари наслҳо”бо ташаббуси китобдорони китобхонаҳои Ҷамоати деҳоти ноҳия баргузор гардид.
Чорабинӣ бо ибтикори бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамбастагӣ бо китобхонаҳои ноҳия дар сатҳи баланди маърифатӣ доир гардид.
Номбурда ҳамчунин иброз намуд, ки дар замони муосир, ки ҳар лаҳза хатари экстремизму терроризм ба тамоми сайёра таҳдид менамояд ва аз шумори ҷавонони аз китобу мактаб бехабар гурӯҳҳои ҷиноӣ ташкил намуда мехоҳанд, ки тухми инсониятро пок созанд, маҳз, модари босаводи хуб тарбияёфта лозим аст, то тавонад насли наврасро дар рӯҳияи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ тарбия намояд ва ба ин васила онҳоро аз роҳи бад боздорад.
Сипас, хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар васфи зан- модар пайвандгари наслҳо шеърҳои пурмазмун қироат намуданд, ки дар зеҳни тамошобинон меҳри беандоза нисбати ин олиҳаи бузург ҷо намуданд.
Дар фарҷом ба беҳтаринҳо аз номи бахши фарҳанги ноҳия ва бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ифтихорнома супорида шуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки чунин силсилаозмунҳо аз тарафи бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия пайваста баргузор мегарданд ва дар тарбияи ахлоқии ҷавонон саҳми муассир мегузоранд.
"САФО"
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. ЯК КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ МУМФАРШ ГАРДИД 14:25ОМӮЗИШИ РОБОТОТЕХНИКА БА РОҲ МОНДА ШУД 14:22БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ. АЗ ЧӢ БОЯД ЭҲТИЁТ КАРД? 14:00ҶАЙҲУН. ОЗМУНИ “КИТОБХОНИ БЕҲТАРИН” БАРГУЗОР ГАРДИД 15:51БО ЗАМИН ҲАМНАФАС, БО ЗАҲМАТ САРБАЛАНД 14:07МОДАР 15:16Оё мо воқеан хубем? 15:13ХАТЛОН. ИСТИҚБОЛИ САРБОЗИ ШУҶОИ ВАТАН 15:08
Серхонандаҳо
ХАТЛОН: НАҚШАИ ДАЪВАТИ БАҲОРӢ ДАР РӮЗИ АВВАЛ 100% ИҶРО ГАРДИД
БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ. АЗ ЧӢ БОЯД ЭҲТИЁТ КАРД?
ҶАЙҲУН. ОЗМУНИ “КИТОБХОНИ БЕҲТАРИН” БАРГУЗОР ГАРДИД
КӮШОНИЁН. 369 НАФАР БО ҶОЙИ КОР ТАЪМИН ГАШТАНД
ЁВОН. ЯК КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ МУМФАРШ ГАРДИД
ЁВОН. МАЪРАКАИ КИШТИ ПУНБАДОНА ОҒОЗ ГАРДИД
ҶАЙҲУН. ЧАРОҒАКҲОИ РАҚАМИИ МУОСИР НАСБ КАРДА ШУД
МОДАР
ХАТЛОН. ИСТИҚБОЛИ САРБОЗИ ШУҶОИ ВАТАН
Оё мо воқеан хубем?


