ВАРЗИШГАРОНИ ХАТЛОНӢ ПАРЧАМБАРДОРИ МИЛЛАТАНД

Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба муносибати Рӯзи варзишгарон

   Ҳамасола дар саросари Тоҷикистони азиз 10 август Рӯзи варзишгарон ҳамчун нишони дастгирӣ ва қадршиносии варзишгарон аз ҷониби давлату Ҳукумати Тоҷикистон, бахусус таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати онҳо таҷлил карда мешавад.
   Шумо - варзишгарони номвари вилоят, собиқадорону мураббиён ва кормандони соҳаи варзишро бо ин санаи фархунда табрику таҳният гуфта, бароятон тансиҳативу хонаободӣ,  рӯзгори хуш, муваффақият ва дастовардҳои бузурги варзишӣ таманно менамоям.
 Варзиш барои инсоният ҳамчун мактаби муҳими ҷаҳонфаҳмию тарғиби арзишҳои олии инсонӣ, аз қабили дӯстӣ, бародарӣ, сулҳу озодӣ, эҳтиром ба халқу миллатҳои гуногун ва ҳамкориҳои судманди тарафайн хидмат мекунад.
   Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои соҳаи варзиш талошҳои ҳамарӯза карда истодааст.
   Ҳадафи мо, пеш аз ҳама баланд бардоштани самаранокии истифодаи муассисаҳои варзишӣ, рушд додани намудҳои гуногуни варзиш ва ҷалби боз ҳам бештари ҷавонону наврасон ба он  мебошад.
Варзиш дар ҳаёти инсоният ҳамчун омили тавонои таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории на танҳо варзишгарон, балки халқҳову давлатҳои зиёд ба ҳисоб меравад.
   Ҳаракатҳои оммавии варзишии ҷаҳонӣ, бозиҳои олимпӣ ва мусобиқаҳои умумиҷаҳонӣ борҳо собит намудаанд, ки варзиш дорои қудрати бузурги созанда дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
   Бояд гуфт, ки мо ба рушди соҳаи варзиш дар кишвар ҳарчи бештар шароит фароҳам оварем, ҳамон қадар насли ҷавонро аз зуҳуроти номатлуб, ба монанди нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, амалҳои ғайриқонунӣ, шомил гардидан ба гурӯҳҳои экстремистию ифротгаро наҷот мебахшем. Мардум ҳарчӣ бештар ба варзиш фаро гирифта шаванд, ҳамон қадар саломатии аҳолӣ хубтару беҳтар гардида, имкониятҳои зиёд барои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти миллӣ пайдо мешаванд ва амнияти давлату ҷомеа таҳким меёбад. 
   Боиси хушнудист, ки дар ҳудуди вилоят сохтмони маҷмаа ва толору майдончаҳои варзишӣ ба ҳукми анъана даромада, соҳибкорони обруманди диёр дар ин кори хайр ҳиссаи арзанда гузошта истодаанд. Дар нимсолаи аввали соли равон як қатор майдончаҳои варзишӣ ва толорҳо, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Левакант, Ҳамадонӣ, Восеъ, Муъминобод, Шамсиддини Шоҳин ва Қубодиён бо саҳмгузории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорон сохта ба истифода дода шуданд, ки боиси таҳсину офарин аст.
   Имрӯз дар муассисаҳои варзишии вилоят аз рӯи 34 намуди варзиш 16690 нафар варзишгарон, аз он ҷумла 2525 нафар бонувон дар 1022 гурӯҳҳои машқӣ ҳамарӯза ба машғулиятҳои варзишӣ фаро гирифта шудаанд.
   Варзишгарони вилоят дар давоми соли ҷорӣ тавонистанд дар 84 чемпионат ва мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, сазовори 372 медали тилло, 344 медали нуқра, 398  медали биринҷӣ  ва дар маҷмӯъ соҳиби 1114 медал  гардиданд.
   Ҳамзамон, боиси ифтихори аст, ки варзишгарони мо дар 13  мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат варзида,  19  медали тилло, 16 медали нуқра ва 34 медали биринҷӣ, дар маҷмӯъ 69 медал ба даст оварданд, ки дар умум варзишгарони вилоят 391 медали тилло, 360 медали нуқра, 432 медали биринҷӣ,  ҳамагӣ 1183 медал ба даст оварданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 115 медал зиёд мебошад.
   Имрӯз натанҳо сокинони вилоят, балки тамоми тоҷикистониён бо  номи Сорбон Латипов, Искандари Рустам, Толиб Давлатов, Баҳром Рустамов, Сомон Сангов, Набимуҳаммад Хоркашов, Абубакр Муродов, Раҷабалӣ Аминов, Фирдавс Муродов, Фирдавс Насимов,  Сулаймони Ҷамшед ва дигарон ифтихор менамоянд, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ шарафи варзишии вилоят ва ҷумҳуриро бо барафрохтани Парчам ва садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя намудаанд.
   Бори дигар ҳамаи Шуморо бо ин рӯзи идатон табрик гуфта, бароятон омади кор, дасту бозуи қавӣ ва ғолибияти мутлақро дар мусобиқаҳои минбаъда таманно мекунам.
Рӯзи варзишгарон муборак!
Похожие новости:
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист АСОСӢ / Ахбор / Сиёсат / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Варзиш / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷалаи №6-2019