Бунёди пул бо дарозии 85 метр

   Дар арафаи таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ, дар Ҷамоати шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониён як пул бо дарозии 85 ва паҳноиаш 4 метр мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. 
   Тавре аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён ба “Сафо” иттилоъ доданд, иншооти мазкур дар доираи нақша – чорабиниҳои бахшида ба 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст.
   Маблағи иншооти бунёдшуда 3 миллиону 78 ҳазор сомониро дар бар гирифта, дар асоси дархости сокинони якчанд деҳаи ин ҷамоат, ки мушкилоти роҳ доштанд, сохта шудааст. 
   Дар расми ифтитоҳи он раиси ноҳияи Кӯшониён Икромиддин Вализода иштирок карда, зимни суханронии хеш қайд кардааст, ки пули мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардидааст. 
   Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани пули мазкур рафтуомади бемамоният сокинони ин мавзеъ пурра таъмин гардидааст.
Сулаймон СУЛТОН


Похожие новости:
Добавить комментарий