Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
120 донишҷӯ ихтиёран ба ҳимояи Ватан пайвастанд
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат қарзи ҳар як ҷавонмарди ватандўст ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ беш аз 120 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав пас аз супоридани имтиҳони давлатӣ ихтиёран ба хизмати Модар-Ватан сафарбар шуданд.
Тавре аз Маркази таҳлилӣ – иттилоотии донишгоҳи болозикр ба “Сафо” иттилоъ доданд, дар маросими гусели наваскарон ректори донишгоҳ Давлатзода Сайфиддин, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Рамазон Насриддинзода, мудири бахши кор бо ҷавонони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Аловуддин Амирзода ва дигар масъулон иштирок намуданд.
Қайд карда шуд, ки ихтиёран ба хизмат ҳозир шудани ҷавонони ғаюру ватандӯст бозгӯи он аст, ки анъанаҳои неки аҷдодӣ, қаҳрамонию ҷоннисориҳои падарону бобоён дар роҳи ҳифзи Ватан, таъмини сулҳу субот ва истиқлоли давлатӣ чун ворисони арзанда идома меёбад.
Сулаймони Давлат
Добавить комментарий
Ахбор
Серхонандаҳо
ВАҲДАТАТ ПОЯНДА БОД, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ
“Юлдуз”- қурути ташнашикан
КӮЛОБ: ҶАМЪБАСТИ КОРВОНИ “МОДАРОНИ ВАҲДАТСАРО” ВА БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ “САД РАНГИ ЧАКАН”
“Ҳамеша бо ҷомеа мемонам”
Барои зиндагӣ кардан баҳонае бояд ҷуст!
Дар домани кӯҳи зарнисор аст, Кангурт…
Қадамҳои устувор аз пайроҳа то шоҳроҳ
Дар ҷодаи падар
Қисмати сӯхташудаи бозори “Фаровон-Қӯрғонтеппа” барқарор мешавад
Ватан ва ободгарон