Баргигул Ҳалимзода: Рисолати фарҳанг бедории инсон ва созандагии миллатҳост

   Фарҳанг барои инсоният муҳимтарин арзиши маънавӣ маҳсуб ёфта, ба такмили завқи зебоипарастии ӯ мусоидат мекунад. Ба шарофати фарҳанг муносибати байниҳамдигарии одамон беҳтар ва оромиву осоиш дар ҷомеа устувор мегардад. Фарҳанг метавонад, ки ба инсон барои раҳоӣ аз хатарҳои даҳшатбор кумак намояд, ба вай неруи созандагӣ бахшад ва одамиро аз вазъи ниҳоят сангини дар зеҳн парваридани нафрату хушунат берун оварда, ӯро ҷиҳати ба даст овардани дилҳо ва таъмину таҳкими сулҳу субот дар сайёра раҳнамоӣ намояд.
 (Аз суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Намоиши байналмилалии «Рассомон барои сулҳ» таҳти унвони «Дурдонаҳои Роҳи абрешим»)

   Носири Хусрав бо марзҳои ҳосилхезу табиати нотакрор барои рушди бахшҳои гуногуни кишоварзӣ ва имкониятҳои фаровони иқтисодӣ иҷтимоӣ аз минтақаҳои муҳими сарҳадии кишварамон маҳсуб меёбад, ки бо ҷалби сармоя имкон дорад ин диёри офтобиро ба зеботарин минтақаҳои тамошобоб табдил дода, сатҳи зиндагии сокинонашро боло бардошт.
    Дар ноҳия қавму миллаҳои гуногун сукунат дорад, ки бо мурури ҳамзистӣ ва омезиши урфу анъанаҳои ҳамдигар фарҳангу маданияти хоси худро пайдо кардаанд. Давоми ду даҳсолаи охир ба ин ноҳияи зодаи Истиқлол сокинони шаҳру навоҳии гуногуни мамлакат  муҳоҷир шуда, саҳми арзандае дар рушду  сарсабзии ин гӯшаи Ватан гузошта истодаанд.
  –Диёри мо ояндаи дурахшон дорад, –мегӯяд Мастура Розиқова. –Баъзан вақте ба ноҳияи Бохтар меравам, ҳайрон мешавам, ки чаро якчанд оила дар ҳавлиҳои тангу камзамин зиндагӣ дошта, ба ин мавзеъҳои кушоду хушобу ҳаво намекӯчанд. Оилаҳое, ки барвақттар ба ин ҷо меоянд, аз он ҷиҳат бурд мекунанд, ки соҳиби хоҷагиҳои деҳқонӣ ва замину шароити беҳтари зиндагӣ мешаванд. Агар масъулон раванди муҳоҷиратро тезониданӣ бошанд, бояд ба баланд бардоштани ҳаҷми идрорпулӣ ба оилаҳои муҳоҷир, таъмини техникаи ёрирасон, ҳайвоноти хонагӣ ва дигар воситаҳои зарурӣ таваҷҷуҳ намоянд.
Баргигул Ҳалимзода, мудири бахши фарҳанги ноҳия низ маҳз дар пайравӣ аз иқдомҳои роҳбарияти олии мамлакат ҷиҳати дастгирии муҳоҷирати дохилии сокинони минтақаҳои гуногуни кишвар ба ин ноҳия кӯчида меояд. - Зиндагӣ дар ин макони дорои заминҳои фаровон ва иқлими гарму табиати форам имтиҳонҳои дигар дошт, ки сарбаландона паси сар шуд,- иброз медорад ӯ. 
   - Барои худсозиву фароҳам овардани зиндагии шоиста дар ин диёри ниёзманд ба қувваи кориву ҳам неруҳои зеҳнӣ, пешбурди рӯзгорро аз заминдориву ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ оғоз бахшидем. Аммо шавқу ҳаваси корҳои идорӣ ва майлу рағбати зиёдам ба илму фарҳанг маро ба соҳаи маънавиёт овард ва фаъолияти меҳнатиамро аз вазифаи китобдори китобхонаи марказии ноҳияи Носири Хусрав оғоз бахшидам.
   Овони фаъолияти ӯ дар соҳаи китобдорӣ ба марҳилаи навини рушди соҳаи фарҳанг ва таваҷҷуҳи Президенти кишвар ҷиҳати таҳкими хазинаи адабии китобхонаҳо дар саросари кишвар рост омад. Дар натиҷаи ҷалби таваҷҷуҳи толибилмони муассисаҳои таълимии ноҳия ба китобхонаҳо ва дигар иқдомҳои фарҳангӣ китобхонаву дигар муассисаҳои фарҳангии ноҳия ба макони фароғату осоиши мардум табдил меёфт. Дар ин миён Баргигул соҳиби таҳсилоти олӣ гардида, дар баробари саҳми пешоҳангӣ доштан дар рушди фарҳанги ноҳия донишу таҷрибаи худро такмил дода, ҳамчун мутахассисони варзидаи соҳаи фарҳанг муаррифӣ шуда буд. Ин буд, ки нахуст ӯро директори Қасри фарҳанг ва аз соли 2012 мудири бахши фарҳанги ноҳия таъйин намуданд. Бо амри тақдир аз соли 2015 фаъолияти худро дар дигар бахшҳои соҳаи фарҳанг идома дода, соли гузашта мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таъйин гардид. 
   -Ҳанӯз се моҳ дар ин вазифа фаъолият накарда, зарурат пеш омад ва маро дубора ба вазифаи мудири бахши фарҳанги ноҳия таъйин намуданд,- табассумомез аз гардишҳои ҳаёт қисса меорад Баргигул Ҳалимзода. - Давоми ин солҳо ҷавобан ба иқдомҳои хирадмандонаи роҳбарияти олии мамлакат ҷиҳати рушду инкишофи соҳаи маънавиёт, мо аҳли фарҳанги ноҳияи Носири Хусрав бо ташкили озмуну фестивалҳо ва силсилачорабиниҳои  оммавии фарҳангӣ дар тарбияи маънавии ҷомеа саҳми арзандаи худро гузошта истодаем.
   Дар 13 адад муассисаҳои фарҳангии ноҳия, аз ҷумла, осорхонаву боғи фарҳангӣ, мактаби бачагонаи мусиқӣ ва ду клуби фарҳангиву 7 адад китобхонаи марказу деҳоти гуногуни ноҳия 28 нафар фаъолият доранд, ки 16 тани онҳоро бонувон ташкил медиҳанд. Мавриди зикр аст, ки китобхонаҳои оммавии ноҳия дар баробари махзани донишу баҳрабардорӣ аз ғизоӣ маънавӣ ҳам ба сифати макони ташкилу баргузории маҳфилу конфронсҳои илмӣ- адабӣ дар тарбияи маънавии ҷавонону наврасон нақши муассир дорад. Давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ бо иштироки хонандагони фаъоли муассисаҳои таълимӣ дар тамоми китобхонаҳои марказу деҳоти ноҳия конфронси илмӣ дар мавзӯи таърихи таъсисёбии Артиши миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ дар ҳифзи марзу буми Ватан доир гардид, ки ба ҷалби таваҷҷуҳи толибилмон оид ба моҳияти хизмати  ҳарбӣ нигаронида шуда буд.
   Ба гуфти Баргигул Ҳалимзода аз 15 ҳазору 396 адад хазинаи адабиётҳои китобхонаҳои ноҳия 7185 адади он бо забони тоҷикӣ буда,  8211 нусхаи онро адабиётҳои бо забони русӣ ташкил медиҳад. Дар баробари ниёзмандии китобхонаҳо бо адабиёти тозанашри бо лисони тоҷикӣ, ҳамчунин норасоии кормандони соҳибтахассус, камбуди  воситаҳои муҳими китобхонаҳо, аз қабили  рафҳои китобмониву  ҷевону мизу курсиҳо, компютеру асбоби нусхабардорӣ бозгӯи он аст, ки пояи моддии техникии китобхонаҳои ноҳия беҳбудӣ металабанд.
   Боиси хурсандист, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ баҳри баланд бардоштани фарҳангу маданияти ҷомеа, тарбияи насли ҷавон дар рўҳияи эҳтиром ба арзишҳои фарҳанги миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, рушди бахшҳои гуногуни соҳаи фарҳанг дар ноҳия таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд. Дар ин росто бо мақсади фароҳам намудани шароити истироҳату фароғати  мардум бо дастгирии раиси ноҳияи Носири Хусрав лоиҳаи ободониву равшаннамоии боғи фарҳангӣ  татбиқ гардид, ки маблағи умумии он зиёда аз 100 ҳазор сомониро дарбар мегирад. Маҳз баъди бунёди боғи фарҳангӣ ва фароҳам гардидани воситаҳои гуногуни дилхушиву истироҳатӣ мардум фориғ аз кору саргармиҳои зиндагӣ аз зебогиҳову муҳити фароғатӣ баҳравар мегарданд. Сокинони меҳандӯсти ноҳия аз рушду пешрафти  воситаҳои муҳими фарҳангӣ, аз ҷумла, дастрасӣ ба рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ, ғанигардонии хазинаи китобхонаҳо бо адабиёти тозанашр ва дигар имкониятҳои тафреҳу маишӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ташаббусҳои ояндасози Пешвои муаззами миллатро ҷиҳати ташаккули афкори ҷомеа дар рўҳияи заҳматдӯстиву ватанпарварӣ ва бедор намудани ҳисси ифтихори ҷавонон аз арзишҳои муқаддаси миллату ватандорӣ арзёбӣ менамоянд.

Юсуфи Собир, ноҳияи Носири Хусрав



Похожие новости:
Добавить комментарий