Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
“Бохтар ФУД” баргузор мегардад

Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон- шаҳри Бохтар Форуми байналмилалии содиротии “Бохтар Фуд” баргузор мегардад. Ин иқдом бо ибтикори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 25-уми майи соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд.
Аз Раёсати рушди иқтисод ва савдои вилоят иттилоъ доданд, ки ҳадафи баргузор кардани ин форум, мусоидат ба содирот тавассути рушди савдои маҳсулоти кишоварзӣ ва роҳандозии робитаҳои тиҷоратӣ буда, дар он бузургтарин истеҳсолкунандагони маҳсулоти меваю сабзавоти Тоҷикистон, алалхусус вилояти Хатлон иштирок хоҳанд кард. Инчунин харидорон аз кишварҳои хориҷӣ низ даъват шудаанд.
Дар доираи ин форум баргузории намоишгоҳи тиҷоратӣ, ташкили вохӯриҳои В2В ва В2G дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки ин Форуми байналмилалӣ соли гузашта низ дар шаҳри Бохтар баргузор гардида буд, ки дар доираи он ҳашт созишномаи ҳамкорӣ дар самти тиҷорат ба имзо расида буд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
Серхонандаҳо
ВАҲДАТАТ ПОЯНДА БОД, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ
“Юлдуз”- қурути ташнашикан
КӮЛОБ: ҶАМЪБАСТИ КОРВОНИ “МОДАРОНИ ВАҲДАТСАРО” ВА БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ “САД РАНГИ ЧАКАН”
“Ҳамеша бо ҷомеа мемонам”
Барои зиндагӣ кардан баҳонае бояд ҷуст!
Дар домани кӯҳи зарнисор аст, Кангурт…
Қадамҳои устувор аз пайроҳа то шоҳроҳ
Дар ҷодаи падар
Қисмати сӯхташудаи бозори “Фаровон-Қӯрғонтеппа” барқарор мешавад
Ватан ва ободгарон