24 корхонаи саноатӣ бунёд мешавад

   Дар доираи эълон шудани солҳои 2022-2026 ҳамчун “Солҳои рушди саноат” дар ноҳияи Вахш бунёди 24 корхона ва коргоҳи саноатӣ ба нақша гирифта шудааст. 
   Тавре мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш Фарҳод Тағоев зимни суҳбат иброз кард, маблағи иншооти бунёдшаванда зиёда аз 188 миллион сомониро дар бар гирифта, баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани онҳо 1108 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд шуд.
   -То охири соли ҷорӣ чор адади онҳо, аз қабили корхонаи нассоҷии “Вахш- Ваҳдат-Текстайл”, ҶДММ “Нуфузи Вахш”, самти фаъолияташ истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, ҶДММ “Ситора”, самти фаъолияташ истеҳсоли карбос ва як сехи қаннодӣ ба истифода дода хоҳанд шуд. Боқимонда марҳила ба марҳила то 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мешаванд, - гуфт Ф. Тағоев.  
   Иншооти бунёдшаванда корхонаву коргоҳҳои истеҳсоли орд, хишт, гӯшти чорвою мурғ, дару тирезаҳои пластикӣ, макаронбарорӣ, афшура ва консерваҳои мевагӣ, обҳои ташнагишикан, ришта, сарулибос, истеҳсоли атлас ва пашму пӯст буда, имкон медиҳад, ки сокинони маҳаллї бо ҷойи кор таъмин шуда, маҷмӯи маҳсулоти саноатии ватанӣ афзоиш ёбад.
   Феълан дар ноҳия 20 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ фаъолият доранд, ки соли гузашта дар онҳо ба маблағи 216 миллиону 699,7 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст. 
Сулаймони СУЛТОН  


Похожие новости:
Добавить комментарий