Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Ифтитоҳи маркази “Ҷисми солим”
Дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ, дар ноҳияи Вахш маркази ташхисию табобатии “Ҷисми солим” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ифтитоҳи ин маркази замонавии ташхисию табобатӣ вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ва раиси ноҳияи Вахш Қурбоналӣ Юсуфов иштирок намуданд.
Аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш ба “Сафо” иттилоъ доданд, ки иншоот бо ибтикори соҳибкори маҳаллӣ бунёд шуда, аз ду ошёна иборат мебошад ва дар он 24 кат барои беморон муҳайё карда шудааст. Дар ин Марказ, ҳамчунин як дорухона ба фаъолият оғоз намудааст, ки муроҷиаткунандагон метавонанд, доруҳои лозимаи хешро аз онҷо дастрас намоянд.
Марказ бо тамоми таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз буда, дар он 18 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гаштанд. Бо бунёд шудани ин маркази ташхисию табобатӣ шароити хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ боз ҳам беҳтару хубтар хоҳад шуд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
Серхонандаҳо
ВАҲДАТАТ ПОЯНДА БОД, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ
“Юлдуз”- қурути ташнашикан
КӮЛОБ: ҶАМЪБАСТИ КОРВОНИ “МОДАРОНИ ВАҲДАТСАРО” ВА БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ “САД РАНГИ ЧАКАН”
“Ҳамеша бо ҷомеа мемонам”
Барои зиндагӣ кардан баҳонае бояд ҷуст!
Дар домани кӯҳи зарнисор аст, Кангурт…
Қадамҳои устувор аз пайроҳа то шоҳроҳ
Дар ҷодаи падар
Қисмати сӯхташудаи бозори “Фаровон-Қӯрғонтеппа” барқарор мешавад
Ватан ва ободгарон