Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
РӮЗНОМАЮ МАҶАЛЛАҲО САРИ ВАҚТ ДАСТРАС МЕШАВАНД
Соли гузашта 7 миллиону 704 ҳазору 681 дона рӯзномаю маҷаллаҳо, мактубҳои хизматӣ, одию супоришӣ, равонаку бастаҳо, бастаҳои хурд ва ирсолпулиҳои воридгардида ба муштариён дастрас карда шуд, ки ҳаҷми онҳо 363,5 тоннаро дар бар мегирифт.
Дар ин бора директори КВД “Почтаи тоҷик” дар вилояти Хатлон Сайдалӣ Мирзоев зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба таъкиди ӯ соли 2021 аз ҳудуди вилоят 2471 килограмм муросилоти почтаи байналхалқӣ, ба монанди мактубҳои одию супоришӣ, равонакҳо ва бастаҳо қабул гардида, фиристода шудааст.
Инчунин соли гузашта 90 ҳазору 904 адад бастаҳо, мактубҳои одию фармоишӣ, 255 равонаку пакетҳои хурд ва 3271 адад ирсолпулиҳои дохиливу хориҷӣ бо вазни 4123 килограмм содирот гардидааст.
Дар қаламрави вилоят 23 марказҳои алоқаи почтаи шаҳру ноҳияҳо ва 148 шуъбаҳои алоқаи почтаҳои дар маҳалҳо буда фаъолият менамоянд, ки дар як ҳафта 5 маротиба аз шаҳри Душанбе рӯзномаю маҷаллаҳоро оварда, ба шаҳру ноҳияҳои вилоят дастрас менамоянд.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
“Сафо”
Добавить комментарий
Ахбор
Серхонандаҳо
ВАҲДАТАТ ПОЯНДА БОД, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ
“Юлдуз”- қурути ташнашикан
КӮЛОБ: ҶАМЪБАСТИ КОРВОНИ “МОДАРОНИ ВАҲДАТСАРО” ВА БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ “САД РАНГИ ЧАКАН”
“Ҳамеша бо ҷомеа мемонам”
Барои зиндагӣ кардан баҳонае бояд ҷуст!
Дар домани кӯҳи зарнисор аст, Кангурт…
Қадамҳои устувор аз пайроҳа то шоҳроҳ
Дар ҷодаи падар
Қисмати сӯхташудаи бозори “Фаровон-Қӯрғонтеппа” барқарор мешавад
Ватан ва ободгарон