100 ҲАЗОР НАФАР ВАКСИНА ГИРИФТАНД

   Дар ноҳияи Кӯшониён аз 141 ҳазору 996 нафар гурўҳҳои мақсаднок, аллакай 100 ҳазор вояи якум ва 74 ҳазору 800 нафар вояи дуюми ваксина бар зидди бемории коронавирусро гирифтаанд. 
   Тавре аз шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Кӯшониён ба “Сафо” иттилоъ доданд, то инҷониб беш аз 70 фоизи сокинони аз 18-сола боло вояи якум ва 52,5 фоизи дигар вояи дуюми ваксинаҳои гуногунро гирифтаанд. 
   Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки боз дар нуқтаҳои эмгузаронии ҳудуди ноҳия 13 ҳазору 630 вояи ваксина захира буда, ҳамарӯза сокинон иммунизатсия карда шуда истодаанд. 
   Феълан дар ноҳия 46 нуқтаи эмгузаронӣ ташкил карда шудааст, ки дар онҳо мутахассисони соҳибтаҷриба ҳамарӯза сокинонро ваксинатсия карда истодаанд.
Сулаймони Султон 

Добавить комментарий
Маҷалаи №6-2019