Хўриши гўштдор

Маҳсулот:

Гўшт (обпаз) – 150- 200 г
Тухм – 3 дона
Бодиринг (дар сирко хобондашуда)– 2 дона
Сабзӣ – 1 дона
Пиёз – 1 дона
Нахўди сабз барои ороиш
Майонез
Кабудӣ
Намак

Барои қабати якуми хўриш бояд пиёзро нимҳалқагӣ реза кунем, сабзиро аз тарошаки дандонааш калон гузаронему онро намак карда дар равған таф медиҳем. Маҳсулоти омодагаштаро  ба қабати якум мегузорем. 
Гўшти беравғани обпазро майда реза карда, ба болои пиёзу сабзӣ мегузорем. 
Бодирингро аз тарошаки дандонааш калон  мегузаронем ва ба болои гўшт мегузорем. Шарбати бодиринг хўришро болаззат мекунад.
Тухмҳои  дар об пухташударо аз  тарошак гузаронида, мувофиқи тамъ каме намак пошида, майонез мекунем.
Хўришро бо нахўди сабз ва шибит  оро медиҳем.  


Добавить комментарий
Маҷалаи №6-2019