Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
«Кори муҳим …. Яъне чӣ?»
Дар ошёнаи сеюми бинои таълимгоҳ машғули сабақандўзиам. Ногоҳ дари синфхона аз берун тақ-тақ мешавад. Аз дар баромада дар роҳрав навбатдорро мебинам.
- Шуморо дар кошонаи дастурдиҳии шуъбаи маориф таъҷилан даъват мекунанд.
Ба худ андешидам, ки шояд ягон масъалаи муҳими методӣ ба миён омада бошаду маслиҳати маро зарур шуморидаанд. Ба навбатдор гуфтам, ки баъди анҷоми ҳамин соати дарсӣ ҳатман меравам.
Ба корам идома дода истода, бо ҳамроҳии шогирдон машқи шавқовари китобро кор мекардем ва чунон ба иҷрои машқ саргарм будем, ки маротибаи дуюм тақ-тақи аз беруни дар задашударо нафаҳмида мондам. Дарро кушода дар рў ба рўям хонандаеро дидам.
- Чӣ гап?
- Шуморо дар шуъба интизор будаанд. Навакак занг заданд.
- Аллакай ба ман маълум. Баъди ҳамин дарс. Фаҳмо? ! – гуфтам.
Боз ба машғулияти худ идома дода истода будам, ки садои даркўбӣ аз аввала ҳам балантар гардид. Қариб монда буд, ки дари синфхона фурў равад. Дар роҳрав муовини директор:
- Муаллим, барои як шуморо хабар кардан наход, ки се маротиба ба наздатон одам фиристем. Ба шуъба бояд равед, кори муҳим баромадааст.
- Мебахшед, Авлёқул Шумқорович, кори мо магар кори муҳим нест?!- пас наомадам ман ҳам.
- Надонам, аз шуъба телефонӣ гаштаву баргашта занг зада, ким- чӣ хел кори муҳимро хотирнишон месозанд ва маҳз омадани шуморо боисрор талаб доранд.
Дар ҳамин лаҳза садои занги мактаб баланд гардид.
- Ман ҳозир меравам, - гуфтаму вориди синфхона шудам. Баъди ба шогирдон супориши хонагӣ додан роҳи шуъбаро пеш гирифтам.
Вақте ки ба кошонаи дастурдиҳӣ даромадам, чанд нафар мушовиру нозирро сархам дар рўйи як рўзномаи соҳавие дидам. Дар дасти як тан мушовири тоссаре қалам кроссворд ҳал мекарду шарикон ба ў барои дарёфти матлаби асосӣ луқма мепартофтанд. Ҳатто ба кошона даромадани маро касе пай ҳам набурд. Ман салом дода ба мушовире рўй овардам:
- Муаллим, ман аз мактаб омадам. Се бор ба наздам навбатдорони таълимгоҳ рафта таъкид намуданд, ки ба кошонаи дастурдиҳӣ оям, он ҷо кори муҳиму зарур баромадааст.
- Эҳ…ҳ…, ин шумо-а ! Шафоатуф -ф!
Бисёр дер кардед- ку? Хайр, ҳеҷ гап не. «дер ояду шер ояд» гуфтаанд бузургони гузаштаамон.
- Ҳа, бале, ман занг зада будам. Узр муаллимҷон, узр. Дар ёфтани як калимаи кроссворд тамоми шуъба аз ошёни якум сар карда, то қабати сеюми бино банд. Ду соат шуд, ки он калимаи «сеҳрнок»-ро мекобему намеёбем.
- Шумо гўед, - мад кашида ба суханаш идома дод мусоҳибам сармушовир Таққибеки Соат, - нависанда Сотим Улуғзода оё романе навиштааст, ки бо ҳарфи «Н» шурўъ шуда бошад?
- Ҳа чунин роман бо унвони «Навобод» устод Улуғзода эҷод кардаанд, гуфтам ман.
Баъди лаҳзае ҳама қарсак заданд, ба ман аҳсант хонданд, лек худам нафаҳмидам, ки ин кафкўбию шодмониҳои кормандон баҳри чӣ буд. Дар охир пай бурдам, ки «кори муҳим» - и кошонаи дастурдиҳии шуъба аз чӣ иборат будааст.
Аммо ба банда як чиз номаълум монд. Мани омўзгор ҳам кори муҳим дорам ё хайр?!
Ҳотам Ҳоҷӣ, омўзгор
Добавить комментарий
Ахбор
Варзишгарони Хатлон 372 медал ба даст оварданд 15:39Дар Бохтар аз Аловуддин Абдуллоев ёд карданд 15:33Давӣ миллӣ бо иштироки беш аз 12 000 нафар 14:09Рӯзи шашмақом таҷлил карда шуд 15:57Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон, муҳтарам Қурбон Ҳакимзода, бахшида ба Рӯзи шашмақом, 12 майи соли 2022 16:21Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода ба муносибати Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар солҳои 1941-1945 21:31120 донишҷӯ ихтиёран ба ҳимояи Ватан пайвастанд 15:05ЭЪЛОН: 12:22
Серхонандаҳо
Баргигул Ҳалимзода: Рисолати фарҳанг бедории инсон ва созандагии миллатҳост
Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода ба муносибати Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар солҳои 1941-1945
120 донишҷӯ ихтиёран ба ҳимояи Ватан пайвастанд
НА ҲАМА ЧИРО ЯКБОРА ИСТЕЪМОЛ КАРДАН МУМКИН АСТ. Ғизошиноси тоҷик роҳи дурусти баромадан аз рӯзадории моҳи Рамазонро гуфт
ЭЪЛОН:
Мароми созанда
“Марҳабо” ба фаъолият оғоз мекунад
Абурайҳон Берунӣ - нобиғаи илм дар Машриқзамин
Маҳсулоти арзон дар моҳи Рамазон
ДАСТГИРИИ ЭҲТИЁҶМАНДОН АЗ ХИСЛАТҲОИ НАҶИБИ ИНСОНИСТ