Истиқлолият - арзиши муқаддас

   Истиқлолият барои бунёди давлатдории навин, рушди соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву ҳуқуқӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ заминаи боэътимод фароҳам овардааст.
   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат қайд доштаанд, ки Истиқлолият муқаддастарину арзишмандтарин  неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад.
   Истиқлоли давлатӣ дар оғози масири рушд ба зарбаи ҷонкоҳу ҳалокатбор, яъне ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуд. 
   Халқи тоҷик бо пуштибонӣ аз сиёсати Пешвои роҳнамо халқи қаҳрамонанд, зеро таҷрибаи сулҳи тоҷикон минбаъд аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодир расидан ба сулҳу субот эътироф гардидааст. 
   Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ислоҳоти мақсадноки соҳаи маориф оғоз гардид. Дар ҳама зинаҳои таҳсилот навсозӣ шурӯъ гардида, барнома ва нақшаҳои таълимӣ таҷдид гардиданд, восита ва дастурҳои таълимӣ аз нав таҳия ва чоп шуда, бунёд ва таъмиру азнавсозии мактабҳо бомаром пеш рафта, сатҳу сифати таълим ба куллӣ тағйир ёфт.
   Президенти  мамлакат аз нахустин лаҳзаҳои ба сари қудрат омадан таъкид доштанд, ки танҳо миллати босаводу донишманд давлати худро пешрафта мегардонад. Агар мо хоҳем, ки ҷомеаи обод ва давлати пешрафта дошта бошем, бояд бо истифода аз тамоми воситаву имкониятҳо рушди соҳаи илму маорифро таъмин кунем. Маҳз, бо ҳамин хотир, дар замони истиқлолият маблағгузории ин соҳа ҳазорҳо баробар зиёд карда шуд.
   Дар ҳақиқат, маориф дар замони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Президенти мамлакат ба як рукни муҳими иҷтимоӣ табдил ёфт ва дар таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон хизмати басо арзишманд намуда, дар густариши худшиносиву худогоҳии миллӣ, эҳсоси ватандорӣ ва шинохти рисолати таърихӣ дар зеҳни наврасону ҷавонон таъсири амиқ гузошт.
   Имрӯз мо шукронаи онро мекунем, ки дар мамлакатамон марҳилаи созандагию бунёдкорӣ ва эҳёи иқтисодии кишвар, таҳкими истиқлолияту амнияти иқтисодӣ, сиёсию фарҳангии он қуввату инкишоф ёфта истодааст. Ҳамаи ин натиҷаи сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, барои дар кишвар пойдор гардидани сулҳу субот, дўстию рафоқат, ҳамдилӣ ва ваҳдати миллӣ заҳматҳои зиёд кашидаю бо қатъият талош меварзанд.
   Дар арафаи ҷашни бузурги умумиллиамон 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба ман беҳтарин туҳфаи арзанда медали “Хизмати шоиста” тақдим гардид. Дар он лаҳзаҳои хубу гуворо эҳсоси ватандориам даҳчанд боло рафт, зеро ҳар як хизмату кӯшиши мо аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, хоса Пешвои муаззами миллат дастгирӣ меёбад. Ин туҳфаи арзанда маро водор ба он намуд, ки баҳри рушду пешравии соҳа меҳнати зиёд намуда, мутахассисони  ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнатро омода намуда, дар гул-гулшукуфии Тоҷикистони азиз саҳми бориз гузорем. 
Бо ҳамин ниятҳои нек ҷашни бузурги миллатро ба ҳамватанон муборакбод гуфта, итминон дорам, ки мардуми тамаддунофари мо таҳти сарварии Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба дастовардҳои бузург ноил гардидан меҳнати пурсамару аҳлонаро ба роҳ мемонанд. 

Давлатзода Сайфиддин Хайриддин,
ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав

Добавить комментарий
Маҷалаи №6-2019