Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Истеъдодҳои нодир
- Хонандагони болаёқат -

Абдулло ва Иброҳим хонандагони синфи 2-юми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 70-и ноҳияи Кӯшониёнанд. Ин кӯдакон қобилияти ғайриодӣ доранд. Онҳо ба воситаи ангуштон рақамҳои зиёдро ҳисобу китоб ва ба осонӣ ҳал мекунанд. Бар замми мактабхон буданашон дар хона низ арифметикаи зеҳниро ҳамроҳи падарашон меомӯзанд.
Ин усули таълими математикиро ҷопониҳо дар асри ХVI кашф намудаанд. Арифметика ҳамчун барномаи рушди зеҳнии кӯдакона аст, ки дар Тоҷикистон ҳам таълим дода мешавад. Онро асосан барои кӯдакони аз 5 то 16 сола тавсия медиҳанд.
Навигариҳои ҷаҳони муосир ва рушди бемайлони технология ба кӯдакону наврасони имрӯза бе таъсир нест. Зеро онҳо дар замоне ба воя расида истодаанд, ки қариб ҳамаи корҳои қаблан одамон анҷоммедодаро имрӯз ба воситаи техника ва таҷҳизот иҷро менамоянд. Феълан аксарият дар ҳисобу китоби математикӣ аз калкулятор васеъ истифода мебаранд, њатто муҳосибону соҳибкорон. Зеро дақиқу зудшуморӣ кори саҳл нест ва барои он донишу малакаи қавӣ лозим аст. Абдулло ва Иброҳим бошанд, ин қобилиятро доранд. Онҳо ҳатто суруд хонда ҳамзамон рақамҳои мураккабро дар зеҳнашон ҷамъу тарҳ намуда, ҷавоби дурусти онро мегӯянд, ки ин воқеан ҳам шоистаи таҳсин аст.
Чанде пеш дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз арифметикаи зеҳнӣ Абдулло ғолиби кулл дониста шуда, бародари ӯ Иброҳим сазовори ҷойи аввал гардид. Тибқи талабот, бояд иштирокчиёни олимпиада дар як дақиқа даҳ мисоли математикиро дар зеҳн кор мекарданд, аммо ин бародарон хеле зуд ва пеш аз муҳлат ба муваффақият ноил гардиданд.
Ҳоло падарашон ба онҳо формула ва дигар масъалаҳои арифметикаи зењниро омўзонида истодааст. Ӯ мехоҳад дар соли 2021 фарзандонаш дар озмуни байналмилалӣ иштирок намуда, ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ватан бо медал баргарданд.
Асбоби ҳисобкуние, ки асосан ба воситаи он арифметикаи зеҳнӣ омӯхта мешавад, дар Ҷопон ихтироъ шуда, соробан ном дорад ва онро Абакус низ мегӯянд.
Муқим Шамсиев, падари ин ду бародарон, њамчун омӯзгори фанни технологияи иттилоотї дар мактаби президентї барои хонандагони болаёќати ноҳияи Кӯшониён фаъолият дорад. Ӯ ба воситаи видеодарсҳои интернетӣ арифметикаи зеҳниро ба фарзандонаш омӯзонидааст. Муқим Шамсиев мехоҳад оянда писаронаш муҳандис-барномасоз шаванд. Аз ин лиҳоз, пайваста ба таълиму тарбияи Абдулло ва Иброҳим банд аст ва ҳамаи шароитро ба онҳо дар хона муҳайё намудааст.
-Барномаи арифметикаи зеҳниро машқи механикии ангуштон, ҳисоб дар хотир ва таваҷҷуҳу мантиқ ташкил медиҳад,- мегӯяд муаллим. - Он барои баланд кардани сатҳи тафаккур ва қобилият ба фанҳои эҷодӣ кумак мерасонад. Натиҷаи машғулият ба он мусоидат мекунад, ки рақамҳои зиёд бе истифодаи ҳисобкунак ҷамъу тарҳ карда шавад.
Аз маълумотҳо бармеояд, ки тавассути машқҳои арифметикаи зеҳнӣ мағзи сари кӯдак дар худ барномаи рушди пайваста, яъне имконияти таҳлил ва биноии фазои тарафи рости мағзи сарро рушд мекунонад, ки дар маҷмўъ, он барои равнақи зењн мусоидат менамояд. “Арифметикаи зеҳнӣ кӯдакро ба рақамҳо дӯст карда, бо онҳо бозӣ карданро меомӯзонад”, - таъкид мекунад Муқим Шамсиев.
- Дар замони муосир ба ҷойи машғулиятҳои анъанавӣ истифода аз усулҳои нави ҳамгиро (интерактивӣ) ба манфиати кор аст,- мегӯяд муаллими технологияи иттилоотӣ.
- Вазифаи асосии волидон ҷалби фарзандон барои дарёфти истеъдод ва қобилияти ботинии онҳо мебошад, ки он кӯдаконро барои омӯхтани малакаҳои нав ташвиқ мекунад.
Амонҷон МАҳКАМОВ

Абдулло ва Иброҳим хонандагони синфи 2-юми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 70-и ноҳияи Кӯшониёнанд. Ин кӯдакон қобилияти ғайриодӣ доранд. Онҳо ба воситаи ангуштон рақамҳои зиёдро ҳисобу китоб ва ба осонӣ ҳал мекунанд. Бар замми мактабхон буданашон дар хона низ арифметикаи зеҳниро ҳамроҳи падарашон меомӯзанд.
Ин усули таълими математикиро ҷопониҳо дар асри ХVI кашф намудаанд. Арифметика ҳамчун барномаи рушди зеҳнии кӯдакона аст, ки дар Тоҷикистон ҳам таълим дода мешавад. Онро асосан барои кӯдакони аз 5 то 16 сола тавсия медиҳанд.
Навигариҳои ҷаҳони муосир ва рушди бемайлони технология ба кӯдакону наврасони имрӯза бе таъсир нест. Зеро онҳо дар замоне ба воя расида истодаанд, ки қариб ҳамаи корҳои қаблан одамон анҷоммедодаро имрӯз ба воситаи техника ва таҷҳизот иҷро менамоянд. Феълан аксарият дар ҳисобу китоби математикӣ аз калкулятор васеъ истифода мебаранд, њатто муҳосибону соҳибкорон. Зеро дақиқу зудшуморӣ кори саҳл нест ва барои он донишу малакаи қавӣ лозим аст. Абдулло ва Иброҳим бошанд, ин қобилиятро доранд. Онҳо ҳатто суруд хонда ҳамзамон рақамҳои мураккабро дар зеҳнашон ҷамъу тарҳ намуда, ҷавоби дурусти онро мегӯянд, ки ин воқеан ҳам шоистаи таҳсин аст.
Чанде пеш дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз арифметикаи зеҳнӣ Абдулло ғолиби кулл дониста шуда, бародари ӯ Иброҳим сазовори ҷойи аввал гардид. Тибқи талабот, бояд иштирокчиёни олимпиада дар як дақиқа даҳ мисоли математикиро дар зеҳн кор мекарданд, аммо ин бародарон хеле зуд ва пеш аз муҳлат ба муваффақият ноил гардиданд.
Ҳоло падарашон ба онҳо формула ва дигар масъалаҳои арифметикаи зењниро омўзонида истодааст. Ӯ мехоҳад дар соли 2021 фарзандонаш дар озмуни байналмилалӣ иштирок намуда, ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ватан бо медал баргарданд.
Асбоби ҳисобкуние, ки асосан ба воситаи он арифметикаи зеҳнӣ омӯхта мешавад, дар Ҷопон ихтироъ шуда, соробан ном дорад ва онро Абакус низ мегӯянд.Муқим Шамсиев, падари ин ду бародарон, њамчун омӯзгори фанни технологияи иттилоотї дар мактаби президентї барои хонандагони болаёќати ноҳияи Кӯшониён фаъолият дорад. Ӯ ба воситаи видеодарсҳои интернетӣ арифметикаи зеҳниро ба фарзандонаш омӯзонидааст. Муқим Шамсиев мехоҳад оянда писаронаш муҳандис-барномасоз шаванд. Аз ин лиҳоз, пайваста ба таълиму тарбияи Абдулло ва Иброҳим банд аст ва ҳамаи шароитро ба онҳо дар хона муҳайё намудааст.
-Барномаи арифметикаи зеҳниро машқи механикии ангуштон, ҳисоб дар хотир ва таваҷҷуҳу мантиқ ташкил медиҳад,- мегӯяд муаллим. - Он барои баланд кардани сатҳи тафаккур ва қобилият ба фанҳои эҷодӣ кумак мерасонад. Натиҷаи машғулият ба он мусоидат мекунад, ки рақамҳои зиёд бе истифодаи ҳисобкунак ҷамъу тарҳ карда шавад.
Аз маълумотҳо бармеояд, ки тавассути машқҳои арифметикаи зеҳнӣ мағзи сари кӯдак дар худ барномаи рушди пайваста, яъне имконияти таҳлил ва биноии фазои тарафи рости мағзи сарро рушд мекунонад, ки дар маҷмўъ, он барои равнақи зењн мусоидат менамояд. “Арифметикаи зеҳнӣ кӯдакро ба рақамҳо дӯст карда, бо онҳо бозӣ карданро меомӯзонад”, - таъкид мекунад Муқим Шамсиев.- Дар замони муосир ба ҷойи машғулиятҳои анъанавӣ истифода аз усулҳои нави ҳамгиро (интерактивӣ) ба манфиати кор аст,- мегӯяд муаллими технологияи иттилоотӣ.
- Вазифаи асосии волидон ҷалби фарзандон барои дарёфти истеъдод ва қобилияти ботинии онҳо мебошад, ки он кӯдаконро барои омӯхтани малакаҳои нав ташвиқ мекунад.
Амонҷон МАҳКАМОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
НОРАК. 194 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ШУД
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД
АЗ УМЕД ТО ХАТАР
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
Тоҷикистон – Ватанам


