БЕШ АЗ 6 ҲАЗОР ҶОЙИ КОР ДАР ЧОР МОҲ

Давоми чор моҳи соли ҷорӣ, дар вилояти Хатлон 6 ҳазору 843 нафар сокинон бо ҷойи кори доимӣ мавсимӣ ва муваққатӣ таъмин шуданд, ки аз ин шумора 3 ҳазору 157 нафарашон занон мебошанд.

Сардори Раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилояти Хатлон Қобилҷон Файзализода зимни суҳбат ба мо гуфт, ки дар ин давра ба Раёсат ва шуъбаҳои он дар шаҳру ноҳияҳо 14 ҳазору 700 нафар сокинон муроҷиат карданд, ки аз ин шумора 12 ҳазору 342 нафараш ҳамчун бекор ба қайд гирифта шуда, аз он ба 7 ҳазору 828 нафараш мақоми бекорӣ дода шуд.

-Аз 14 ҳазору 700 нафар муроҷиаткунанда 7 ҳазору 19 нафараш занон мебошанд, ки аз онҳо 5 ҳазору 997 нафар ҳамчун бекор ба қайд гирифта шуда, ба 4 ҳазору 150 нафари дигар мақоми бекорӣ дода шуд. Аз шумораи умумии заноне, ки барои дарёфти ҷойи кор муроҷиат карда буданд, 3 ҳазору 157 нафар бо ҷойи кор таъмин гардидаанд. Дар ин давра 2 ҳазору 376 нафар шаҳрвандон ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд, ки аз онҳо 1 ҳазору 839 нафарашонро занон ташкил медиҳанд,-илова кард ӯ.


Номбурда ҳамчунин афзуд, ки дар 4 моҳи соли ҷорӣ дар вилоят 102 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор карда шуд, ки дар он 1112 корхона, 11 ҳазору 340 ҷойи корӣ пешниҳод карда буданд. “Ҳангоми баргузории ин ярмаркаҳо 1448 нафар бо ҷойи кор таъмин шуда, 2751 нафари дигар ба шуғл фаро гирифта шуданд”, - қайд кард Қобилҷон Файзализода.

                                                                                   Сулаймон СУЛТОНОВ

Добавить комментарий
Маҷалаи №6-2019