Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Дар ҷодаи падар
Дар яке аз рӯзҳои қаҳратуни сармои зимистон дар хонадони Абдуназар Соҳибназаров тифле ба дунё омад, ки бо қудумаш сафову гармиро оварда, шодию хурсандиву меҳру муҳаббати волидонро бештар намуд. Падар духтари навзодро Латофат ном ниҳод, то рўзу рўзгораш босафову иқболи нек насибаш гардад. Латофат фарзанди аз ҳама хурдӣ ва қавле нозбӯи волидон ба воя расид.
Латофат чусту чолок ва хеле шўхтабиату беқарор ба ҳар кори бародарону апааш дониставу надониста даст мезад. Аз ин рафтори ў гоҳе хоҳарбузургу гоҳе бародарон ба дод омада, ба падарашон шикоят мекарданд. Падар барои малоли хотири дигар фарзандон нашудан гоҳе Латофатро сарзаниш карда мегуфт:
- Оҳ, ин Латофат, боз ҳам Латофат? Хатат аз Бадахшон биёяд, Латофат….
Латофат саргарми шўхиву бозиҳои кӯдакӣ падарро саволборон мекард: --Бадахшон дар куҷост? Дур аст? Кай ба Бадахшон меравем?...
Ў дар оилаи зиёӣ ба камол расид. Падараш Соҳибназаров Абдуназар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945), аввалин сармуҳаррири рўзномаи ноҳиявии Хуросон буд. Сипас, солиёни дароз ба ҳайси директори Маркази алоқаи почтаи ноҳия ифои вазифа дошт. Латофат аз овони кӯдакӣ, ки ба идораи почта равуо дошт, бо коғазу қалам, рўзномаю маҷаллаҳо низ ошноӣ пайдо карда буд. Аз серкории кормандон, ки теъдоди зиёди рўзномаву маҷаллаҳо, номаву муросилотро бо суроға ҷо ба ҷо мекарданду пайғоми неку пайки ҷадидро ба мардум мерасониданд, хеле хушаш меомад. Ин духтари шўху нозпарвари волидон бисёр мехост ҷойгузини падар буда, кореро интихоб намояд, ки нафъи бештаре ба мардум расонида тавонад.
Баъди хатми мактаби зодгоҳаш донишҷўи факултаи механика- математикаи бонуфузтарин муассисаи таҳсилоти олии кишвар- имрўза Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гардид. Овони таҳсил дар бахши сеюм ҳамсабақаш Гулҳасани роштқалъагӣ ба ӯ изҳори муҳаббату пешниҳоди хонадоршавӣ намуд. Шавқу шўри ҷавонӣ ки дар сар доштанд, на мушкилоти дурии роҳ, на шебу фарози зиндагию урфу одат ва хурофотпарастии атрофиён монеи ишқи поки онҳо шуда натавонист. Чархи фалаку муҳаббати самимӣ ўро ба диёри кўҳҳои сарбафалаккашида ва одамони некманишу озода- Боми Ҷаҳон овард. Латофат ба хотири ин муҳаббат идома додани таҳсилро ҳатто наандешида буд, аммо хонаводаи Гулҳасан, хусусан, хушдоманаш гуфт, ки ҳатман донишгоҳро хатм кунад.
–Латофату ҳамсараш ба Душанбе баргаштанду таҳсилро идома доданд. Баъди хатми донишгоҳ ин ҷуфти хушбахт боз ба Роштқалъа баргаштанд. Ин ҷо барои Латофат як зиндагии ҷадидеву имтиҳони дигаре оғоз гардид, ки ў ин ҳамаро бо сабру таҳаммулу сарбаландона пушти сар кард. Пасон, таваллуди фарзандон зиндагонии онҳоро рангинтару ширинтар сохт. Латофат лаҳҷаи бадахшонӣ омўхту расму русуми мардуми ин кухандиёрро аз бар намуд. Бо ҳамсараш дар мактаби деҳ кор мекарду таҷриба меандӯхт.
Ӯ як ҷуръати хосе дошта, қолабҳои замони худро шикаст, зеро ба зиндагӣ диди дигар дошт. Маҳз ин зарфияташ барои расидан ба соҳили мурод кумакаш намуд. Хислатҳои сарварии (лидерӣ) ин зани кордон, кўшишу ғайраташ аз назарҳо дур намонд. Ўро сарвари МТМУ таъйин намуданд. Илова ба сарварии мактаб инчунин, ба ҳайси вакили мардумӣ дар ҳалли мушкилоти мардум ҳам расидагӣ мекард. Соли 2005 ҳангоми сафари кории Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ дар назди Президенти мамлакат баромад намуда, дар бораи мушкилоти мардуми деҳ-ба мактаби замонавӣ эҳтиёҷ доштани сокинон ҳарф зад. Баъди чанде бо дастури Пешвои миллат мактаби нав бунёд гардид.
Аз нахли муҳаббати пок Латофату ҳамсари меҳрубонаш Гулҳасан Шофозилов соҳиби 4 нафар фарзанд- Адҳаму Акмал ва Малвинаю Бибиноз гаштанд. Оташи муҳаббати ин ду дилдода гўё абадӣ буду онҳо зиндагии ширину гуворое доштанд. Пос доштани арзишҳои хонаводагӣ, эҳтироми хоси ҳамсару эҳтироми хонаводаи ў ва ҳамаи пиру барнои мардуми кўҳистон нисбати зан-модар, хулқу атвори ҳамида, меҳмонннавозию, ростқавлӣ, ки хоси мардуми кўҳистони Бадахшон аст, Латофатро боз ҳам ошиқи ин диёр кард. Кам не, 32 сол дар қалби кўҳхои сарбафалаккашидаи Роштқалъа зиндагонӣ карда, ба қавле беҳтарин солҳои ҷавонӣ, беҳтарин рўзҳо, соату лаҳзаҳои умраш ин ҷо сипарӣ гардид. Аммо чархи фалак яксон нест, соли 2014 ҳамсари меҳрубонаш Гулҳасан Шофозилов дунёро падруд гуфт.
Ҳамин сон, бо амри тақдир Латофат ба зодбуми хеш, ноҳияи Хуросон баргашт. Дар ин миён духтараш Бибиноз, ки дар шаҳри Душанбе таҳсилу зиндагонӣ мекард, фарзандор шуд ва аз модар хоҳиш кард, ки дар нигоҳубини тифли навзодаш ба ў кумак бинамояд. Инак панҷ сол аст, ки Латофат дар ноҳияи Хуросон кору зиндагӣ дошта, нахуст дар шуъбаи маорифи ноҳия, пас он, як соли охир ба ҳайси сардори Маркази алоқаи почтаи ноҳияи Хуросон фаъолият бинмуда истодааст.
Дасти сарнавишт вайро ба даргоҳи барояш азизу муқаддас бозовард, ки аз овони наврасӣ бештари вақтро ин ҷо сипарӣ карда буд. Бо вуҷуди соли аввали фаъолияташ дар ин ҷода натиҷаҳоро дар ҳама самтҳои корӣ нисбат ба солҳои пешин кам накардааст. Аз ҷумла, дар соли сипаришуда бо роҳбарии Латофат Маркази алоқаи ноҳияи Хуросон нақшаи обуна ба матбуоти давриро яке аз аввалинҳо шуда дар вилояти Хатлон иҷро намуд.
Бо шукргузорӣ аз рӯзгори паси сар намуда ва тинҷиву осудагӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ӯ саргарми шуғли дӯстдоштаи худ- пешаи падари хешро бо ифтихору сарбаландӣ идома дода истодааст.
САФО
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
НОРАК. 194 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ШУД
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
АЗ УМЕД ТО ХАТАР
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
Тоҷикистон – Ватанам



